Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Меркел аз тарҳи баҳсбарангези СММ оиди муҳоҷират пуштибонӣ кард

Ангела Меркел

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел аз паймони баҳсбарангези Созмони Милали Муттаҳид, ки боиси танқиди бисёр кишварҳо шуд, пуштибонӣ кард. Меркел гуфт, ки ин санад посухи дуруст ба буҳрони муҳоҷират аст, ки ба гуфтаи садри аъзам, танҳо бо талоши дастаҷамъии байналмилалӣ ҳал мешавад. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 21 ноябр хабар дод.

Ӯ ёдовар шуд, ки ҳоло дар ҷаҳон дастикам 70 миллион паноҳанда вуҷуд дорад, ки ними онҳо кудакон мебошанд. Ин одамон бо ҳар роҳ мехоҳанд аз 200 низои сабтшуда дар ҷаҳон наҷот ёбанд, -омадааст дар изҳороти Меркел.

Санадро Амрико, Австрия, Австралия Чехия, Булғористон, Маҷористон Исроил ва Лаҳистон имзо накарданд. Аъзои боқимондаи Созмони Милали Муттаҳид, иборат аз 192 кишвар, тарҳо пазируфтанд.

Қарор аст, ки "Паймони байналмилалӣ оиди муҳоҷирати амн ва танзимшаванда" моҳи декабр дар нишасти СММ расман тасвиб шавад. Ин санада аз даҳҳо банде иборат аст, ки татбиқи иҷборӣ надорад. Як банди баҳсбарнгез додани санади шахсӣ ба паноҳҷӯёнест, ки ҳуҷҷат надоранд. Ин шева солҳои ахир дар Олмон истифода шуд ва мавриди интиқоди мухолифони норозӣ аз сиёсати Меркел дар робита ба муҳоҷират шуд.

Додгоҳи олии Русия ҳукми Маҳмадиевро бетағйир гузошт

Додгоҳи олии Русия ҳукми зиндони як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бо гуноҳи талоши пайвастан ба гуруҳи дар Русия мамнӯи "Давлати исломӣ" ба 6 соли зиндон маҳкум шудааст, бетағйир гузошт.

Дафтари матбуоти додгоҳ рӯзи 21 ноябр хабар дод, ки баррасии шикояти вакилони дифои Умар Маҳмадиев дирӯз сурат гирифт ва додгоҳ гуфт, ҳукми содиркардаи Додгоҳи низомии ноҳияи Ленинград дуруст аст ва тағйир дода намешавад.

Ба гуфтаи муфаттишон, Умар Маҳмадиев, ки дар минтақаи Ленинград дар як корхонаи хиштсозӣ кор мекард, аз тариқи Интернет бо аъзои гуруҳи "Давлати исломӣ" иртибот дошта ва хостааст, ба Афғонистон биравад ва ба сафи аъзои ин гуруҳ дар онҷо бипайвандад.

Умар Маҳмадиевро рӯзи 8-уми декабри соли 2017 дар фурудгоҳи "Пулково"-и Маскав дастгир кардаанд. Ба қавли муфаттишон, ӯ мехост, аз Русия ба Туркия ва сипас аз онҷо ба Афғонистон биравад. Ба гуфтаи додрасон, ӯ ба гуноҳи худ иқрор шудааст. Расонаҳои Русия моҳи декабри ҳамон сол навиштанд, ки Умар Маҳмадиев гӯиё қасд доштааст, дар шаҳри Санкт-Петербург амалҳои террористӣ анҷом бидиҳад.

Мавқеи худи Маҳмадиев ба ҳукми додгоҳ дастрас нест.

Як қавми дар инзиво будаи Ҳиндустон масеҳии амрикоиро кушт

Ҷангале дар ҷазираи Андаманс

Як масеҳии амрикоӣ дар Ҳиндустон ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо қабилае, ки бо ҳазорсолаҳо боз тамаддунҳои дигар иртибот надорад, кушта шуд. Амрикоии 27-сола дар ҷазираи Сентинели Шимолӣ - яке аз тудаҷазираҳои Андаманси халиҷи Бенгал, аз тири камон ба ҳалокат расид. Қонунҳои Ҳиндустон вуруд ба ин ҷазираро, ки қабилаи маскунаш аз дастовардҳои тамаддун бебаҳра буда, дар шароити асри санг ба сар мебарад, мамнуъ кардаанд. Ҷавони кушташуда мехост ин қабиларо ба дини масеҳӣ ташвиқ кунад.

Сайёҳӣ 27-сола Ҷон Аллен Чо шанбеи гузашта кушта шуд, аммо пулис марги ӯро танҳо рӯзи чоршанбе эълон кард. Биноба манбаҳои Reuters, Чо барои мулоқот бо қабилаи сентинелиҳо ба ин ҷазира рафта буд. Ба гуфтаи хабаргузории AFP, ӯ бо қоиқ худро ба ҷазира расонд.

Чо дини масеҳиро тарқиб мекард ва панҷ дафъа ба ин минтақаҳои мамнуъи Андаманс ва Никобарс сафар карда буд. Талоши қаблии ӯ барои ворид шудан Сентинелс номуваффақ буд ва ин дафъа ӯ аз кӯмаки моҳигирҳои ҳинду истифода кард. Намояндагони қабила баробарои расидани Чо ба ҷазира ба сӯи ӯ аз камонҳои худсохт тир кушоданд. Ба гуфтаи моҳигирон онҳо диданд, ки чӣ тавр сентинелиҳо ба гардани Чо таноб андохат ӯро ба сӯе мебаранд Ҷасади Ҷон Аллен Чо рӯзи дигар дар соҳили Уқёнуси Ҳинд ошкор шуд.

Теъдоди қурбониёни ҷашни мавлуди пайғамбар аз 50 нафар гузашт

Берун бурдани захмиҳо аз саҳнаи таркиши рӯзи 20 ноябр дар Кобул

Ҳамлаи маргталабона дар шаҳри Кобули Афғонистон беш аз 50 кушта бар ҷой гузошт. Маргталаб 20 ноябр ба толори ҷашние ҳамла кард, ки дар он руҳониёни афғон ҷамъ омада буданд.

Намояндаи расмии Вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, дар натиҷаи ҳамла беш аз 80 тани дигар низ захмӣ шуданд.

Мудири меҳмонхонае, ки ҷашни мавлуди пайғамбар дар он баргузор мешуд, ба хабаргузории AFP гуфт, ки маргталаб худро дар байни маърака мунфаҷир кард.

Масъулияти ин ҳамлаи пурқурбонии моҳи равонро то ҳол ҳеҷ гурӯҳе эътроф накардааст. Толибон баъди ҳамла дарҳол худро аз он канор гирифтанд. Сухангӯи ин гурӯҳи мусаллаҳ Забиҳуллоҳ Муҷоҳид бегоҳи 20 нобяр гуфт, ки ҷумбиши Толибон ҳамла ба мардуми мулкӣ ва рӯҳониёнро маҳкум мекунад.

Ҷангҷӯёни Толибон ва гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ", ки худро суннӣ меҳсобанд, дар гузашта борҳо рӯҳониёни ҳамоҳанг бо ҳукумати Афғонистонро ҳадаф қарор доданд.

Президент Трамп аз равобити наздик бо Риёз пуштибонӣ кард

Валиаҳди саудӣ Муҳаммад бин Салмон бо писари Ҷамол Хошуқҷӣ. 23 октябри соли 2018

Рӯзи сешанбе президенти ИМА Доналд Трамп даъвати қонунгузорон барои вокуниши қотеъ ба куштори рӯзноманигор Ҷамол Хошуқҷиро рад кард ва гуфт, ки Амрико ба ин ҷиноят алакай посухи муносиб дод. Президент ҳамчунин гуфт, ки равобити танготанг бо Арабистони Саудӣ ба манфиати ИМА аст.

Дар изҳороти дусаҳифагии Кохи сафед, Трамп куштори мунақиди мақомоти Саудӣ дар консулгарии ин кишвар дар Истамбулро "ҷинояти мудҳиш" номид. Ба гуфтаи президент дар заминаи ин ҷиноят 17 шаҳрванди Арабистони Саудӣ таҳрим шуданд. Валиаҳди Саудӣ, ба гуфтаи президент, "эҳтимол аз ин фоҷеа огоҳ буд ё шояд намедонист".

Бинобар матбуоти ИМА, мутахасисони Идораи истихбороти Амрико -CIA, ба ин натиҷа расиданд, ки куштори Хошуқҷӣ наметавонист бе дастури мустақими шоҳзода Муҳаммад бин Салмон амалӣ шавад. Бисёр қонунгузорони шинохта аз президент Трамп даъват карданд ба Риёз ҳушдор диҳад, ки ИМА ин рафтори мақомоти Арабистони Саудиро таҳаммул намекунад. Баъзе сиёсатмадорон пешниҳод карданд, ки Амрико аз сарукор гирифтан бо Муҳаммад бин Салмон даст кашад.

Аммо Трамп гуфт, ки равобити танготанг бо Риёз аз зовияи иқтисодӣ, амнияти Ховари Миёна ва мубориза бо терроризм барои Вашингтон бисёр муҳим аст.

Изҳороти Трамп танқидҳои шадиди матбуотро ба миён оварда, ки мегӯянд, президент арзишҳои Амрикоро камранг кард.

Ҳосили "Нелегал-2018": 5 миллион доллар ҷарима аз муҳоҷирон

Акс аз бойгонӣ

Сохторҳои ҳифзи қонун дар паи анҷоми амалиёти зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ бо номи “Нелегал-2018” дар ҳаҷми 5 миллион доллар ҷаримаҳои маъмурӣ содир карданд. Дар ин бора дафтари матбуоти Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ба оҷонсии ТАСС хабар додааст. Гуфта мешавад, ки 61 дар сади ин маблағҳо дар ҷараёни амалиёт пардохт шудааст.

Масъулин хабар доданд, ки дар ҷараёни ин амалиёт, ки ба иттилои СПАД дар ду марҳила – моҳҳои май ва сентябри соли ҷорӣ баргузор шудааст, 443 шахси дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарордошта боздошт шуд. Инчунин дар паи ин амалиёт наздики 400 амалиёти молии машкук дар ҳаҷми 2 миллион доллар ошкор гардид.

Масъулин аз боз шудани наздики 5400 парвандаи ҷиноӣ барои қочоқи маводи мухаддир, гардиши ғайриқонунии силоҳ, убури ғайриқонунии марз ва ҳам ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта хабар доданд. Амалиёти СПАД бо ташаббуси кишварҳои узви ин созмон – Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон баргузор шуд.

Генерали рус сабқати раҳбарии Интерполро бохт

Александр Прокопчук

Генерали рус Сергей Прокопчук, ки яке аз номзадҳои аслӣ ба мақоми раҳбари Интерпол номбар мешуд, сабқатро ба намояндаи Кореяи Ҷанубӣ бохт. Ким Чен Ян раҳбари интерпол шуд.

Ийолоти Муттаҳидаи Амрико, Украина, Литва, намояндагони мухолифини Русия ва соҳибкори таҳти таъқиби Маскав Уилям Браудер ба номзадии Прокопчук мухолифат нишон доданд. Онҳо гуфтанд намояндаи кишваре, ки қонунҳои байналмилалиро нақз мекунад, наметавонад раҳбари пулиси байналмилалӣ бошад. Мухолифони номзадии Прокопчук ҳамчунин аз ин нигарон буданд, ки Русия метавонад ин мақомро барои интиқомситонӣ аз рақибони сиёсиаш истифода кунад.

Ким Чен Ян то интихобаш ба мақоми раҳбари Интерпол муваққатан ба ин ниҳод сарварӣ кард.Ӯ дар ҳоле масъулияти пулиси байналмилалиро бар дӯш гирифт, ки раҳбари пешини он Мэн Ҳунвэй моҳи октябр бо иттиҳоми фасодкорӣ дар Чин боздошт шуд.

Аз хонаи як сокини Бишкек 10 мошин партов бароварданд. ВИДЕО

Хонаи пур аз партоби сокини Бишкек

Кормандони ширкати "Тазалик"-и шаҳри Бишкеки Қирғизистон давоми ду рӯз партови ҷамъшудаи хонаи як сокини шаҳрро кашониданд. Аз хонаи ин сокин қариб 10 мошини боркаш партов бароварда шуд.

Аз шаҳрдории Бишкек хабар доданд, ки 18 ноябр як сокин аз кафидани қубури хонаи ҳамсояаш хабар дод. Кормандони таъмири қубурҳо оби гарми биноро бастанд.

Аммо кормандон натавонистанд сари вақт садамаи қубурро бартараф кунанд. Зеро манзили якҳуҷрагии сокин аз партов пур буд.

Ҳамсояҳои ин сокин хабар доданд, ки сар аз соли 2015 ба ин тараф онҳо борҳо талаб карданд, соҳиби хона манзилашро аз партов пок кунад. Вай ҳар дафъа ваъда медод, аммо баъди ваъдаҳояш нопадид мегашт.

Раиси порлумони Узбекистон "Роғун"-ро барои тамоми Осиёи Марказӣ муҳим номид

Сенати Узбекистон

Нурдинҷон Исмоилов, раиси порлумони Узбекистон, гуфт, ки аз фаъол шудани чархаи аввали нирӯгоҳи Роғун дар охири ҳафтаи гузашта “ба ваҷд омадааст”.

Ӯ рӯзи 20-уми ноябр дар суҳбат бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе гуфт, “ин рӯйдоди муҳим дар таърихи навини Тоҷикистон абадӣ мемонад”.

Раиси порлумони Узбекистон мегӯяд, пурра иҷро шудани тарҳи Роғун на танҳо барои мардуми Тоҷикистон, балки барои аҳолии минтақаи Осиёи Марказӣ муҳим аст.

Нурдинҷон Исмоилов бо президенти Тоҷикистон масъалаҳои амниятии минтақа, муборизаи муштарак зидди терроризму экстремизм ва қочоқи маводи мухаддирро баррасӣ кардааст. Аз ин пеш Исмоилов бо раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот дошт.

Сафари раиси порлумони Узбекистон ба Тоҷикистон то 22-юми ноябр идома хоҳад кард. Ӯ шоми 19-уми ноябр вориди Душанбе шуд.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки Исмоилов аз Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз ва инчунин нирӯгоҳу обанбори Норак дидан хоҳад кард.

Дар рӯзҳои сафари расмии Нурдинҷон Исмоилов Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи шарикии стратегӣ бо Узбекистонро баррасӣ ва аз он ҳимоят кард. Ин созишнома дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд миёни раҳбарияти ду кишвар имзо шуда буд.

Туркманистон фурӯши мавҷгирҳои моҳвораиро манъ кард

Мавҷгирҳои моҳвораӣ дар Туркманистон

Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, дар бозорҳо ва марказҳои тиҷории шаҳри Ишқободи Туркманистон фурӯши мавҷгирҳои моҳвораӣ манъ шудааст.

"Мавҷгирҳои моҳвораӣ асосан дар бозори "Гулистон", "Суммар" ва "Олтин Аср"-и шаҳри Ишқобод фурӯхта мешуданд. Ҳоло чунин мавҷгирҳо дар фурӯш нестанд, мегӯянд манъ шудааст", - иттилоъ дод хабарнигор. Соҳибкорон дастури шифоҳӣ гирифтаанд, ки мавҷгири моҳвораӣ нафурӯшанд, дар ғайри сурат аз ҳаққи фаъолияти тиҷоратӣ маҳрум мешаванд.

Ба иттилои шоҳидон, манъи фурӯши мавҷгирҳо ним сол пеш роҳандозӣ шуда буд. Он замон мақомот дар бархе минтақаҳои Ишқобод хона ба хона гашта, мавҷгирҳои моҳвораияшонро канда буданд.

Туркманистон афкори омма ва ҳамин тавр дастрасии сокинон ба манбаҳои пахши хабарро шадидан назорат мекунад ва пӯшидатарин кишвари Осиёи Марказӣ номбар мешавад.

“Ӯзбекконсерт” аз овозхон "San Jay" талаб кард, ришашро тарошад

Овозхони узбек Санҷар Ҷавбердиев

Сароянда ва оҳангсози ӯзбек Санҷар Ҷавбердиев, ки бо номи "San Jay" маъруф аст, мегӯяд, масъулони “Ӯзбекконсерт” аз ӯ талаб доранд, барои дарёфти иҷозатномаи фаъолият ришашро тарошад.

“Ду моҳ пеш барои иҷозатнома ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод кардам. Бори охир бо мудири Шуъбаи иҷозаи фаъолияти сарояндагӣ Фурқат Шавазов вохӯрдам, гуфт, агар бо риш биёӣ, туро роҳ намедиҳанд”, - гуфт Ҷавбердиев дар суҳбат бо Gazeta.uz.

Ба гуфтаи сарояндаи узбек, ӯ танҳо барои роҳ ёфтани сурудҳояш ба радио мехоҳад, иҷозатномаро дарёфт кунад. “Ман гуфтам, ки ба хотири талаби “Ӯзбекконсерт” имиҷи худро тағйир намедиҳам. Ахиран раҳбари ин ниҳод Одил Абдуқаҳҳоров ба намояндаи ман гуфтааст, ки “то ришашро нагирад, иҷозатнома намедиҳем”, - афзуд сароянда.

Раҳбари "Ӯзбекконсерт" дар суҳбат бо Gazeta.uz изҳор дошт, ки дар бораи додани иҷозатнома на масъулони ниҳоди зери раҳбарии ӯ, балки гуруҳуи дастгирии эҷодии Шӯрои рушд ва ҳамоҳангсози санъати миллӣ тасмим мегиранд. Ба гуфтаи ӯ, Ҷавбердиев, ба ҷаласаи ояндаи гуруҳ, ки дар 15 рӯз як бор баргузор мешавад, даъват хоҳад шуд.

Санҷар Ҷавбердиев дар робита ба мушкили худ ба президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев муроҷиат кардааст. Ӯ 40 сол дорад ва бо забонҳои узбекӣ, русӣ ва тоҷикӣ суруд мехонад. Чандин сол дар Русия кору зиндагӣ карда, соли 2010 унвони Ҳунарманди мардумии Чеченистонро соҳиб шуд. Ду сол пеш ба Узбекистон баргашт. Сурудҳои Ҷавбердиев дар ҳоли ҳозир, дар телевизион ва радиоҳои Узбекистон пахш намешаванд, чун иҷозатнома надорад.

Ҷашни мавлуди пайғамбар Муҳаммад бо куштори 40 нафар анҷом ёфт

Ходимони беҳдошт захмиҳоро аз саҳнаи таркиш берун мебаранд. 20-уми ноябри соли 2018

Ҳамлаи маргталабона ба ҷамъомади бузург дар Кобул дастикам 40 нафарро қурбон кард. Дар ин бора мақомоти Афғонистон хабар доданд.

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Афғонистон Ваҳид Маҷруҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар таркиши рӯзи 20-уми ноябр, ки ҷамъомади бахшида ба мавлуди пайғамбар Муҳаммадро ҳадаф қарор дод, 60 нафари дигар осеб дид.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон Наҷиб Дониш, ҳамларо як маргталаб анҷом дод ва теъдоди куштаву захмиҳо "аз 50 нафар бештар аст".

Мудири меҳмонхонае, ки ҷашни мавлуди пайғамбар дар он баргузор мешуд, ба хабаргузории AFP гуфт, ки маргталаб худро дар байни маърака мунфаҷир кард.

Масъулияти ин ҳамлаи пурқурбонии моҳи равонро то ҳол ҳеҷ гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.

Дар гузашта ҷангҷӯёни Толибон ва гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" рӯҳониёни ҳамоҳанг бо ҳукумати Афғонистонро борҳо ҳадаф қарор доданд.

Духтараки 14-сола, ки ба Путин нома навишта буд, худкушӣ кард

Дар шаҳри Сафоновая (вилояти Смоленск) як духтари 14-сола, ки аз маоши ками модараш ба Владимир Путин шикоят карда буд, худкушӣ кард.

Матбуоти маҳаллӣ рӯзи 19-уми ноябр навишт, ки ин наврас аз ҷабри ҳамсинфонаш дар мактаб шикоят мекард. Духтари наврас босираи хуб надошт ва ҳамсолонаш ӯро масхара ва "циклоп" садо мекарданд.

Ӯ қабл аз худкушӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо навиштаи "Чаро Шумо ин қадар одамони бад ҳастед?" зоҳир шуд.

"Смоленская народная газета" рӯзи гузашта навишт, модари духтарак, ки аз ӯ бидуни номи хонаводагӣ Наташа ном мебаранд, дар бемористони маҳаллӣ парастор буд. Баъди он ки духтараш ба Путин нома навишт ва онро ба маъмурияти президент фиристод, мақомот модари Наташаро барои сӯҳбат даъват ва ӯро "сарзаниш" карданд. Ба навиштаи нашрия "эҳтимол ҳамин маврид барои кӯдак зарбаи сахт шуд".

Бинобар маълумоти тасдиқнашуда, дар ҷайби духтар номаеро ёфтаанд, ки мегуфт, дар марги ӯ касеро гунаҳкор накунанд.

Маълум нест, ки номаи Наташа бо шикоят аз маоши ками модараш ба президент расида буд ё не.

Раиси порлумони Узбекистон аз аҳамияти "Роғун" гуфт

Нурдинҷон Исмоилов, раиси порлумони Узбекистон, гуфт, ки аз фаъол шудани чархаи аввали нирӯгоҳи барқи обии Роғун дар охири ҳафтаи гузашта “ба ваҷд омадааст”.

Ӯ рӯзи 20-уми ноябр дар суҳбат бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе гуфт, “ин рӯйдоди муҳим дар таърихи навини Тоҷикистон абадӣ боқӣ мемонад”.

Раиси порлумони Узбекистон мегӯяд, пурра иҷро шудани тарҳи Роғун на фақат барои мардуми Тоҷикистон, балки барои аҳолии минтақаи Осиёи Марказӣ муҳим аст.

Нурдинҷон Исмоилов бо президенти Тоҷикистон масъалаҳои амниятии минтақа, муборизаи муштарак алайҳи терроризму экстремизм ва қочоқи маводи мухаддирро баррасӣ кардааст. Аз ин пеш Исмоилов бо раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот дошт.

Сафари раиси порлумони Узбекистон ба Тоҷикистон то 22-юми ноябр идома хоҳад кард. Вай шоми 19-уми ноябр вориди Душанбе шуд.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки Исмоилов аз Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз ва инчунин нирӯгоҳу обанбори Норак дидан хоҳад кард.

Дар рӯзҳои сафари расмии Нурдинҷон Исмоилов Шӯрои Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон созишномаи шарикии стратегӣ бо Узбекистонро баррасӣ ва аз он ҳимоят кард. Ин созишнома дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд миёни раҳбарияти ду кишвар имзо шуда буд.

Эътирозҳо дар Фаронса: 500 зарардида ва қуюди шабгардӣ

Эътирозҳо алайҳи афзоиши молиёти сӯзишворӣ дар Кан, шимоли Фаронса. 18-уми ноябри соли 2018

Рӯзи 20-уми ноябр эътирозҳои зидди боло рафтани молиёти бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар Фаронса идома ёфт.

Дар ҷазираи Реюнон, ки ба ҳайати Фаронса шомил аст, қуюди шабгардӣ эълон шуд ва мақомот фаъолияти мактабҳои маҳаллиро масдуд карданд. Дар ин бора ҳукумати маҳаллӣ хабар дод.

Дар ҷазираи Реюнон, ки дар соҳилҳои Африқо ва Уқёнуси Ҳинд ҷойгир аст, шиддати эътирозҳо боло рафт. Рӯзи душанбе якчанд нафар нуқтаи фурӯши маводи сӯхтро оташ заданд, чаҳор жандарм маҷруҳ шуд.

Қариб ними аҳолии Реюнон зери хатти фақр ба сар мебарад, ҳар чаҳорумин сокини ҷазира бекор аст. Ҳамзамон теъдоди мошинҳои сабукрав дар ҷазира хеле зиёд аст. Дар сарзаминҳои аслии Фаронса, дар минтақаҳои бунбаст, ки аҳолиаш ҳамарӯза аз мошин истифода мекунад, эътирозҳои шадид мушоҳида шуданд.

Franceinfo мегӯяд, ки рӯзи шанбе дар минтақаи кӯҳдомани Савойа зане як сокини маҳаллиро, ки якҷо бо дигарон роҳи мошини ӯро масдуд карда буд, пахш кард.

Додситони Фаронса барои якчанд нафар, ки шоҳроҳи назди Страсбургро баста буданд, ҳукми зиндон тақозо кард. Додгоҳи маҳаллӣ яке аз онҳоро ба чаҳор моҳи зиндон маҳкум кард.

Аз оғози эътирозҳо беш аз 500 нафар осеб дид.

Рӯзи шанбе дар майдони марказии Порис наздик ба 300 ҳазор нафар ҷамъ шуд. Бахше аз эътирозгарон талош карданд, ки ба қасри Елисей ворид шаванд. Норозиҳо мегӯянд, ки боло рафтани молиёти сӯзишворӣ пеш аз ҳама ба қишри миёна ва камбизоати аҳолӣ зарба мезанад.

Дархости Косово барои узвият дар Интерпол овози кофӣ нагирифт

Маҷмаи кулли Интерпол дар Дубай

Пулиси байналмилалӣ гуфт, ки дархости Косово барои узвият дар Интерпол бори сеюм қабул нашуд.

Аризаи Косово якҷо бо дархости довталабони дигари узвият дар созмони дорои 192 кишвари узв дар нишасти чаҳоррӯзаи маҷмаи кулли Интерпол баррасӣ шуд, ки дар Дубай ҷараён дорад. Дар ҷаласаи рӯзи 20-уми ноябр аризаи Косово, ки аз соли 2015 сеюмин дархост ба шумор меояд, аз тарафи 68 кишвар пуштибонӣ ёфт, вале 51 давлат ба он мухолиф овоз доданд ва 16 кишвари дигар аз овоздиҳӣ худдорӣ кард.

Косово, ки солҳои 1998-1999 бо Сербистон вориди ҷанг буд, соли 2008 худро давлати мустақил эълон кард. Истиқлолияти Косоворо аксари давлатҳои ғарбӣ, бо шумули Амрико эътироф карданд, аммо на Русия ва Сербистон.

Узвият дар пулиси байналмилалӣ имкон медиҳад, ки Косово дар баробари масоили дигар мансабдорони Сербистонро, ки Приштина онҳоро ҷинояткори ҷанг мешуморад, дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор диҳад.

Баъди изҳороти Трамп, Исломобод кордори сафорати ИМА-ро эҳзор кард

Пол Ҷонс - кордори сафорати ИМА дар Покистон

Покистон кордори сафорати ИМА дар Исломободро эҳзор кард, то ба изҳороти президент Доналд Трамп оид ба нақши ками Покистон дар мубориза бо терроризм ва куштори Усома бин Лоден эътироз кунад.

Изҳороти Трамп дар чанд рӯзи ахир нахуствазири Покистон Имрон Хонро хашмгин кард. Ӯ рӯзи 19-уми ноябр дар Твиттер навишт, ки теъдоди ками шарикон ба монанди Покистон қурбонӣ додаанд ё дар ҷанг бо терроризм ба Вашингтон кумак кардаанд.

Таниши ахир равобити ду кишварро, ки борҳо дар заминаи ҷанги Афғонистон ва эҳтимоли кумаки Покистон ба ҷангҷӯён ба чолиш рӯ ба рӯ шудааст, бештар даргир мекунад.

"Вазорати корҳои хориҷии Покистон рӯзи 20-уми ноябр кордори сафорати ИМА Пол Ҷонсро даъват кард, то ба иттиҳомоти бесос алайҳи Покистон қотеона эътироз кунад", - омадааст дар изҳороти вазорат.

Охири ҳафтаи гузашта президент Трамп дар як сӯҳбат аз қарори маъмурияташ барои маҳрум кардани Покистон аз кумаки низомӣ пуштибонӣ ва Исломободро ба ин муттаҳам кард, ки дар ивази миллиардҳо доллар кореро барои Амрико анҷом надодааст.

Президенти Амрико рӯзи 18-уми ноябр дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии Fox News Покистонро ба пинҳон кардани раҳбари Ал-Қоида Усома бин Лодин муттаҳам кард. Раҳбари Ал Қоидаро нирӯҳои дарёии Амрико дар пинҳонгоҳаш дар Аббатободи Покистон бомдоди 2-юми майи соли 2011 ба қатл расонданд.

Ҳалокати 5 нафар дар садамае дар роҳи Душанбе - Чаноқ. ВИДЕО

Бар асари ба ҳам бархӯрдани ду мошини боркаш ва ду мошини сабукрав дар роҳи Душанбе - Чаноқ 5 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳодиса рӯзи 20-уми ноябр дар километри 185-ум рух дод.

Дар ин ҳодиса чанд мусофири дигар захмӣ шуда, барои табобат ба бемористон интиқол ёфтаанд.

Мақомоти ширкати Инноватив Роуд Солюшнз, ки масъули нигоҳубини роҳи Душанбе - Хуҷандро бар уҳда дорад, рӯзи 20-уми ноябр гуфтанд, “дар минтақаи мазкур ҳолати роҳ хуб буда ва яхбандӣ вуҷуд надорад”.

Ба қавли манбаъ, феълан сабабҳои рух додани садамаро мақомот таҳқиқ доранд.

Ин наворро яке аз корбарон ба Радиои Озодӣ фиристод:

Ҳалокати 5 нафар дар садамае дар роҳи Душанбе - Хуҷанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:30 0:00

"Рӯбоҳ дар мурғхона" - Мухолифат ба номзадии генерали рус дар садри Интерпол. ВИДЕО

Генерал-майор Александр Прокопчук

Сенаторҳои ИМА ба таъйини генерали Русия Александр Прокопчук ҳамчун раҳбари нави "Интерпол" мухолифт карданд.

"Генерали рус дар садри пулиси байналмилалӣ мисли "рӯбоҳ дар мурғхона аст", - омадааст дар номаи саркушодаи сенаторҳо ба президенти Амрико Доналд Трамп ва маҷмаи кулли Интерпол.

Ба муроҷиатнома чаҳор сенатор: ду сенатори ҷумҳурихоҳ - Роҷер Уикер ва Марко Рубио ва ду сентатори демократ - Ҷин Шаҳин ва Крис Кунс имзо гузоштанд.

Онҳо мегӯянд, "Русия борҳо қонунҳои Интерполро поймол карда, онҳоро барои интиқомгирӣ аз ҳарифони сиёсияш, дигарандешон ва хабарнигорон истифода кардааст". Дар баробари ин, ба гуфтаи сенаторҳо, худи Прокопчук "дар татбиқи стратегияи тарсу ҳарос, ки ба заиф кардани институтҳои демократӣ ва тақвияти режими худкомаи Владимир Путин равона шудааст, шахсан иштирок кардааст.

"Рӯбоҳ дар мурғхона" - Мухолифат ба номзадии генерали рус дар садри Интерпол
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:07 0:00

Қаблан намояндагони Форуми оппозитсионии "Русияи озод" ба эҳтимоли таъйини Прокопчук ба раҳбарии Интерпол вокуниш карданд. Онҳо гуфтанд, "намояндаи кишваре, ки озодиҳои шаҳрвандонашро нақз мекунад, тааҳуди байналмилалиашро риоя намекунад, қаламрави кишвари дигарро ғасб мекунад ва дар чанд ҷанги ишғолгарона иштирок кардааст, наметавонад раҳбари Интерпол бошад".

Аз чунин мавқеъ соҳибкорон аз "рӯйхати Титов" низ хабар доданд. Онҳо мегӯянд, Вазорати корҳои дохилии Русия масъулияти нақзи бешумори ҳуқуқи инсонро бар дӯш дорад. "Ин ниҳод бо фасодкорӣ, хизмат ба сарватмандон машҳур аст ва кормандонаш пайваста ба муносибати ғайриинсонӣ ва шиканҷаи боздоштшудаҳо муттаҳам ва муҷрим эътироф шудаанд",- омадааст дар муроҷиатномаи ин гурӯҳ.

Муаллифони ин изҳорот аз маҷмаи кулли Интерпол даъват карданд, ки ба номзадии Александр Прокопчук овоз надиҳанд.

Украина низ ба ин номзад мухолифат дорад. Киев гуфт, ки агар намояндаи Русия дар курсии раҳбарӣ нишинад, Украина аз ин созмон хориҷ хоҳад шуд. Баъди пахши хабари довталабии Прокопчук ба раҳбарии Интерпол, маълум шуд, ки бародари ҳамхуни ӯ намояндаи Украина дар САҲА аст.

Вазорати корҳои хориҷии Украина ба ин хабар вокуниш кард ва гуфт, ки низоъ бо Русия дӯстон ва хешонро дар ду тарафи ҷабҳа қарор дод ва итминон дод, ин хешутаборӣ ба фаъолияти Прокопчуки хурдӣ дар САҲА таъсир надорад.

Интихоби раҳбари нави пулиси байналмилалӣ ё Интерпол, рӯзи 21-уми ноябр дар Дубай баргузор мешавад. Генерал-майор Александр Прокопчук аз соли 2006 муовини раҳбари идораи миллии Интерпол буд. Соли 2011 ӯ раҳбари идораи миллии Интерпол дар назди Вазорати корҳои дохилии Русия таъйин шуд. Кремл аз эҳтимоли интихоби Прокопчук ба мақоми раҳбари Интерпол пуштибонӣ кардааст.

То чанде пеш намояндаи Чин - Мэн Ҳунвэй раҳбари пулиси байналмилалӣ буд. Моҳи октябр ӯ баъди сафар ба ватанаш нахуст нопадид шуд ва баъдан, бинобар оғози таҳқиқи парвандааш бо иттиҳоми фасодкорӣ, аз мақом истеъфо дод.

Феълан раҳбарии даври гузаришро дар Интерпол намояндаи Корея Ҷанубӣ Ким Йонг Ян бар дӯш дорад.

Отамбоев муборизаи мақомот бо фасодро "намоишӣ" унвон кард

Алмосбек Отамбоев

"Дар асл имрӯз намоишкорӣ идома дорад, муборизаи зоҳирӣ бо фасодкорӣ", - гуфт президенти пешин ва раиси Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон Алмосбек Отамбоев рӯзи 19-уми ноябр дар мусоҳиба бо телевизиони "Апрел".

Отамбоев бар ин назар аст, ки "одамон ба ин фиреб бовар мекунанд", зеро сарвазирро боздошт карданд.

"Аммо дар воқеъ, дар ҳамон гумрук дуздони олӣ ҳукмронӣ доранд ва буҷаи Қирғизистон аз ин кор миллиардҳоро аз даст медиҳад. Ин намоишкорӣ чи оқибатҳо дорад? Муборизаи зоҳирӣ бо фасод дар даври Оқоев ҳам буд, дар даври Боқиев ҳам давом дошт", - гуфт вай.

Алмосбек Отамбоев, ки дар интихоботи гузашта аз президенти феълӣ Сооронбой Ҷеенбеков пуштибонӣ кард, баъдан ба мунаққиди сиёсатҳои ӯ табдил шуд. Ҷеенбеков якчанд мақомдорро, ки гуфта мешуд аз тарафдорони президенти пешин буданд, аз мақом сабукдӯш кард ва баъзеҳо боздошт шуданд.

Алмосбек Отамбоев дар бораи боздошти сарвазири пешин Сафар Исҳоқов ва раиси пешини шаҳри Бишкек Кубаничбек Қулматов изҳори назар кард.

"Ин ҳабс интиқомситонӣ аз Сафар Исҳоқов барои Раим (муовини пешини хадамоти давлатии гумруки Қирғизистон Раимбек Матраимов) аст", - гуфт Отамбоев.

"Қулматовро барои чӣ боздошт карданд? Барои он ки вай талош кард, гумрукро аз одамони Раим пок кунад... Дар ёд доред, ки дар гумруки Ӯш пардохтҳо якбора даҳ баробар боло рафтанд? Ин пули калон аст. Маҳз барои ҳамин Қулматовро ҳабс карданд. Ҳақиқат ҳамин аст", - хулоса кард президенти пешин.

Сафар Исҳоқов ва Кубаничбек Қулматов ибтидои моҳи июни имсол боздошт шуданд. Нисбат ба онҳо бо моддаҳои "Фасодкорӣ" ва "Сӯистифода аз мақоми хизматӣ" парванда боз шудааст.

Раиси пешини шаҳри Бишкек рӯзи 19-уми июл боздошт шуд. Нисбат ба ӯ ҳам бо моддаи фасодкорӣ парванда боз шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони 12 кишвар эътимоднома қабул кард

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20-уми ноябр дар "Қасри Миллат" аз сафирони навтаъйини 12 кишвар эътимоднома қабул намуд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, сафирони Туркманистон, Қатар, Итиҳодияи Аврупо, Финландия, Испания, Литва, Словения, Молдова, Малайзия, Кореяи Шимолӣ, Замбия ва Салвадор ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон эътимодномаҳои худро супурданд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар маросими қабули эътимодномаҳои сафирони нав гуфтааст, ки "ҷавҳари фаъолияти Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ сиёсати хориҷии мутавозину сулҳхоҳонаи "дарҳои кушода" ташкил медиҳад". Ҷаноби Раҳмон афзудааст, ки Тоҷикистон бо ҳама кишварҳои хориҷии дуру назди муносибаҳои барои ҷонибҳо судмандро роҳандозӣ менамояд.

Президент Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла ба таҳкими робитаҳои дӯстӣ бо кишварҳои ҳавзаи минтақаи Осиёи Миёна, ҷаҳони араб, кишварҳои аврупоии минтақаи назди Балтик, Иттиҳодияи Аврупо ва давлатҳои аъзои он ва кишварҳои фазои ИДМ таъкид намудааст.

Дар Туркманистон парранда ва бузҳои муҳоҷирро маҳв мекунанд

Дар Туркманистон паррандаҳои ваҳшӣ ва бузҳои куҳиеро, ки аз кишварҳои ҳамсоя ба минтақаҳои гарми ин кишвар муҳоҷир мешаванд, дастаҷамъона шикор ва маҳв мекунанд.

"Асосан онҳое шикор мекунанд, ки дар мақомот шиносҳои бонуфуз доранд. Бо 5-6 қаиқ омада, 500-1000 парандаи ваҳшӣ шикор мекунанд", - гуфт як шикорчии маҳаллӣ аз вилояти Балкани Туркманистон.

Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, паррандаҳои шикоршуда дар бозорҳо фурӯхта мешаванд. "Ба далели идомаи буҳрони норасоии ғизо мо маҷбурем, парандаҳои сайдшударо бихарем. Онҳо як паррандаи нимкилоиро 40 манат мефурӯшанд", - мегӯяд, як шикорчӣ аз ноҳияи Эсенгули Балкан. (Қурби расмии 1 доллар дар Туркманистон 3,5 манат аст)

Ба ҷуз аз паррандаҳо, бузҳои куҳие низ шикор мешаванд, ки аз сардии кишварҳои ҳамсоя ба минтақаҳои гарми Туркманистон паноҳ бурдаанд. "Дар шимоли Балкан, дар мамнуъгоҳҳои Чолун, Бегарслан ва Гаплангир ҳоло шумори бузҳои куҳӣ афзоиш ёфтааст. Вале онҳоро низ дастаҷамъона шикор мекунанд", - гуфт як корманди ҳифзи ҳуқуқи туркман ба шарти ифшо нашудани номаш.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, онҳо ахиран се нафарро боздошт карданд, ки 43 бузи куҳиро шикор карда, бо мошине интиқол медоданд.

Дар Узбекистон сокинон худсарона гумонбарони ҷиноятро ҷазо доданд

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори муҷозоти мардумии ду сокини Тошканд нашр шуд, ки дар фурӯши маводи мухаддири навъи "Лирика" айбдор мешаванд. Гуфта мешавад, яке аз он ду тан варзишкор аст.

Дар навор дида мешавад, ду ҷавон дар рӯ ба рӯи наворбардор бо тани урён истодаанд. Пушти навор садои марди ношиносе шунида мешавад, ки ду ҷавонро маҷбур мекунад, аз мардум узрхоҳӣ кунанд.

Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ муҷозоти мардони муттаҳам ба мухаддирфурӯшро маҳкум карданд. Хабарнигорони бахши узбекии Радиои Озодӣ як сол пеш дар бораи тиҷорати "Лирика" таҳқиқоти рӯзноманигорӣ анҷом дода буданд.

Убайдуллоев бо сафари корӣ ба Русия меравад

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон рӯзи 28-уми ноябр ба Санкт-Петербург сафар мекунад. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ММ, сафари кории Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҳайати порлумонӣ ба Русия бо даъвати Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипорлумонии кишварҳои ИДМ, Петер Маурер, президенти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва Петр Рябухин, котиби масъули Ассамблеяи порлумонии СПАД, сурат мегирад.

Ба иттилои манбаъ, сафари оқои Убайдуллоев ба Санкт-Петербург то 1-уми декабр идома ёфта ва раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон тибқи барнома дар кори ҷаласаҳои Шӯро иштирок ва суханронӣ хоҳад кард. Дар ин ҳамоиш, раисони порлумонҳо, вазирони корҳои хориҷӣ, мудофиа, адлия аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон, инчунин олимон, сиёсатмадорон ва намояндагони ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар ширкат меварзанд.

"Калашников" дар муқобили ... гургу хук. Боздошти чӯпоне барои нигаҳдошти силоҳ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як чӯпонро дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи собиқ) барои нигоҳдошти ғайриқонунии автомати “Клашников” боздошт ва нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 19-уми ноябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки кормандони полис сокини деҳаи Дилолои ноҳияи Мӯъминобод - Бобохон Назарови 51-соларо, ки дар мавзеъҳои Сурхдараи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба нигоҳубини гӯсфанд машғул буд, дар нигаҳдошти автомати “Калашников” муттаҳам карданд. Назаров боздошт шуда, барои “ғайриқонунӣ соҳиб шудан” ба силоҳ гумонбар мешавад.

Ба гуфати манбаи Радиои Озодӣ дар ВКД Тоҷикистон, силоҳ аз хаймаи чӯпон пайдо ва мусодира шудааст. Вале худи Назаров дар баёноти аввалияти баъди боздошташ гуфтааст, ки “ин автоматро барои муҳофизати худу рамааш гирифтааст”. Ӯ гуфтааст, ки “автомат аз камон дида хубтар аст”. Ҳоло тафтишот бояд муайян кунад, ки бо чӣ роҳ ин силоҳ ба дасти чӯпон афтод.

Мақомоти интизомӣ дар чануби Тоҷикистон мегӯянд, ки дар чанд соли гузашта даҳҳо чӯпонеро боздошт кардаанд, ки бидуни иҷоза камонро нигаҳдорӣ мекарданд. Онҳо баъди пардохти ҷарима озод шудаанд, аммо ин бори аввал аст, ки як чӯпон мегӯяд, ки барои муҳофизати худу гусфандонаш автомат гирифтааст.

Дар ҳоле, ки худи Назаров дар боздошт аст, наздиконаш мегӯянд, ки силоҳро ба ӯ як шиносаш додааст.

Каримхон Назаров, бародари Бобохон Назаров дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки хонаводаи онҳо аз хурдӣ ҳама чӯпону даҳмарда буданд, вале дар умрашон фикр намекарданд, ки рӯзе яке аз аъзои оилаашон бу чурми нигоҳ доштани автомат боздошт мешавад. Назаров гуфт, ки бо бародараш мулоқот дошт ва ба ӯ Бобохон гуфтааст, ки ин автомат аз як чӯпони ҳамроҳаш аст. Ӯ мегӯяд, ки автоматро на барои кори дигар, балки барои муҳофизат аз гургу хук дар куҳистон гирифтааст.

“Пурсидемаш, ки чаро ва инро аз куҷо гирифтаӣ? Дар посух гуфт, ки ин аз як ҳамроҳаш буд. Ӯ барои муҳофизати худ ва гӯсфандонаш аз гургу хук гирифтааст. Камон ҳам дошт ва батакрор мегӯяд, ки аз як ҳамроҳаш аст, аммо худаш танҳо боздошт шудааст, чунки аз хаймаи ҳамин ёфта гирифтанд.

Камон ҳам дошт, лекин дигар нафаҳмидем ва ҳамроҳашам набудем, ки чӣ гуна овардааст ва чӣ хел ӯро боздошт карданд?”,--гуфт мусоҳиби мо.

Дар сурати исботи нигаҳдошти ғайриқонуни автомат, ба Бобохон Назаров аз се то ҳафт соли зиндон таҳдид мекунад. Хонаводаи Назаровҳо мегӯянд, ки онҳо умед доранд, ки мақомот иштибоҳи кардани ӯро мебахшанд ва раҳояш мекунанд. Ба гуфтаи наздикони Бобохон Назаров, ӯ ҳафт фарзанд дошта, зиндагиаш аз ҳисоби нигоҳубини гусфандони мардум мегузарад.

Ёфтҳои бештар

Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:16:08 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

20 соли "Азия-Плюс". Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:14:21 0:00
XS
SM
MD
LG