Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Бархе аз ҳунармандони тоҷик, ки дар гузашта бо сурудҳояшон дили садҳо ҳаводори худро шод мекарданд, бо гузашти солҳо дубора аз худ дарак доданд. Онҳо сурудҳои қадимии машҳурашонро аз нав суруданд.
Моликони як ошхона дар Тоҷикистон мехоҳанд, ки ошиқони шеъри Лоиқ Шералиро ҳар рӯз дар сари суфра гирди ҳам биоранд. Онҳо ошеро низ бо номи Лоиқ таҳия кардаанд, ки ба қавли ошпаз ё таббохи он Далер Сафаров аз палавҳои маъмулӣ бо донаи анор фарқ мекунад.
Як зану шавҳар аз Тоҷикистон барои ҷамъ кардани пули хона бо кӯдаки худ ба Маскав рафтанд, аммо корашон омад накард. Фиреб хӯрданд. Баъдан барои раҳо шудан аз банди азобу мушкилот тасмим гирифтанд, ки фарзанди худро ба ятимхона супоранд.
Наздикони Амирҷони Сатторов, як тифли тоҷик, ки баъд аз ду ҷарроҳӣ ва ду моҳи муолиҷа дар беморхона даргузашт, табибонро дар марги ӯ гунаҳкор медонанд.
Дар як соли ахир теъдоди қарздорон дар Тоҷикистон 400 ҳазор нафар афзудааст ва ҳоло дар кишвар аз ҳар 10 сокин ду нафари онҳо аз бонк ё муассисаи молие қарздор будааст.
Бо пешниҳоди мақомот дар Душанбе ба ҷойи "батл" -- рақобати пуртарафдори рэпсароҳо, "Маҳфили мушоира" роҳандозӣ шуд.
Марги Акрам Мирзоев, ки дар яке аз мактабҳои шаҳри Турсунзода посбонӣ мекард, хонаводаи ӯ ва кордеҳонашро ба баҳс кашондааст.
Иттифоқи касабаи Тоҷикистон мехоҳад, додситони кулл, қазияи пардохти ҷуброни марги як корманди соҳаи маориф дубора баррасӣ шавад.
Сабрина ва панҷ хоҳару додараш фарзандони Зуҳро Сайфуллоева сокини деҳаи Уртабузи шаҳри Ҳисор ҳастанд, ки то ду моҳ пеш макони зист надоштанд. Зиндагии пур аз мушкилро дар як вагони сарду оҳанӣ пушти сар мекарданд.
Сабрина бори аввал арчаи солинавӣ оро медиҳад. Орзуе, ки баъд аз 16 сол барояш даст дод. Азбаски замони кӯдакиаш гузаштааст, бо ин роҳ ормонҳои кӯдакиро мешиканад.
Дар арафаи соли нави мелодӣ ширкату корхонаҳои пойтахт иқдомҳои ҷолиб роҳандозӣ карданд.
Соли 2018 аз талошҳо барои барқарории адолат ва мубориза барои дифоъ аз ҳаққи худ орӣ набуд. Радиои Озодӣ чаҳор ҳодисаро гирдоварӣ кардааст, ки қаҳрамонҳояш барои ҳаққи худ мубориза бурда ва то ҷое муваффақ шудаанд.
Даниел Рустамов моҳи ноябри соли 1995 дар хонаводаи пизишк дар Душанбе ба дунё омадааст. Волидон мегӯянд, забонҳои тоҷикӣ, русӣ, куриёӣ ва англисиро медонад. Падар мехост, ки Даниел табиб ё муҳандис шавад, вале нақшаҳои писар дигар буд.
Рустам Бегалиев, сокини шаҳри Душанбе, пеш аз ҳунарнамоии писараш Даниел дар барномаи бонуфузи телевизионии Русия, ӯро рӯҳбаланд ва ба ғолибият ташвиқ мекунад.
Ҳақ ҷониби ҳақдор аст ва барои ҳақиқат бояд талош кард. Ин пайёми як устоди рақси тоҷик аст, ки соле пеш барои гӯш накардани пайёмии президент дар коргоҳ, аз кор ронда шуд.
"Ҳақ ба ҷониби ҳақдор аст ва барои ҳақиқат бояд талош кард". Ин паёми як устоди рақс аз Тоҷикистон аст, ки соле пеш барои гӯш надодан ба паёми солонаи президент дар коргоҳ, аз кор ронда шуд.
Ваъдаи президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко ба як сокини 91-солаи Душанбе дар ҳалли мушкили манзили зисташ, ин собиқадори ҷангро умедвор кардааст.
Ваъдаи президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба як сокини 92-солаи Душанбе дар ҳалли мушкили манзили зисташ, ин собиқадори ҷангро умедвор кардааст.
Ёфтҳои бештар