Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афроди дархудмонда то кай дар дунёи худ чарханд? ВИДЕО


Дар Тоҷикистон барои ҷавонони дучори мушкили дархудмондагӣ ё аутизм роҳҳои мустақилона зистан ва оиладориро меомӯзанд.

  • Ҳар сол рӯзи дувуми аврел рӯзи ҷаҳони огаҳӣ аз бемории аутизм ё дархудмондагӣ аст. Имсол дар ростои ин ҷашн, дар Тоҷикистон гурӯҳи махсуси корӣ ташкил шуд, ки барои ворид кардани гирифторони ин беморӣ ба рӯйхати афроди маъюб талош мекунад.
67-сола шудам. Ҳамеша фикр мекунам, ки баъди сари ман ҳоли ӯ чӣ мешавад. Мактаби миёнаро хатм кард, ба коллеҷи расомӣ бурдам. Ду сол хонду дигар нахост.

​Орзуи Дилрабо

Дилрабо дар 27-солагӣ ба барномасозӣ ва ороиши графикӣ оғоз кардааст. Ӯ, ки гирифтори аутизм аст, аллакай метавонад дар идҳо модарашро бо кортҳои таҳиякардаи худ табрик кунад. Дилрабо мегӯяд, “аллакай барномаи фотошопро омӯхтам. Орзу дорам, ки шифо ёбам ва кор кунам’’.

Дилрабо мехоҳад, соҳиби кори худ шавад ва зиндагии модарашро, ки тамоми ин солҳо ба ӯро табобат мекунад, осон намояд. Модари Дилрабо ҳамагӣ як фарзанд дорад ва тамоми зиндагиашро барои ҳамин духтараш бахшидааст. Марҳабо Исмоилова мегӯяд, масъулияти модарии худро дар он мебинад, ки духтарашро ба зиндагии мустақил ва бидуни вобастагӣ аз дигарон омода кунад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Муолиҷаи афроди дархудмонда дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:04 0:00

"Баъди сари ман ҳоли ӯ чӣ гуна хоҳад шуд?"

“67-сола шудам. Ҳамеша фикр мекунам, ки баъди сари ман ҳоли ӯ чӣ мешавад. Мактаби миёнаро хатм кард, ба коллеҷи расомӣ бурдам. Ду сол хонду дигар нахост. Ҳоло ба компютер шавқ дорад. Агар дар ягон ҷо кор ёбад, хотирам ҷамъ мешавад. Нафақахӯрам, аммо ҳоло ҳам кор мекунам, то ӯро нигоҳубин кунам”, - гуфт Марҳабо Исмоилова.

Ба гуфтаи модар, Дилрабо бар асари дархудмондагӣ бо мушкили муошират ва рафтор дар ҷомеа гирифтор аст. “Ҳолатҳои зиёде шудааст, ки аз ҷониби раҳгузарон ва ҳатто ҳамсолону ҳамсабақонаш таҳқир шудааст ва аз ин хотир натавониста коллеҷро хатм кунад”, - гуфт Исмоилова. Ҳамин маҳдудият дар муоширату равобиташ бо ҷомеа як нигаронии ҷиддии модараш аст.

Сарнавишти гирифторони аутизм ё дархудмондагӣ баъди ба камол расидани онҳо мисли ин модар аксар волидонро азият медиҳад. Афроди гирифтори аутизм дар муошират бо атрофиён мушкил доранд, рафтори онҳо ғайримаъмулӣ аст ваё ба синну солашон мутобиқ нест. Бархе дар ҳолати беҳавсалагӣ қарор мегиранд.

Дилрабо
Дилрабо

Зиндагӣ, бе волидон

Аксари ин нафарон то охир бо хонаводаҳои худ зиндагӣ мекунанд, чунки маҳз азизонашон такягоҳу афроди қобили эътимоди онҳо ҳастанд. Ба ҳамин хотир, пас аз сари волидон зиндагии мустақили онҳо дучори мушкил мешвад.

Лола Насриддинова худ чунин модар аст. Ин зан чанд сол пеш созмони махсуси ҷамъиятиро бо номи “Ирода” таъсис дод ва яке аз аввалин нафароне дар Тоҷикистон шуд, ки кумаки худро ба волидони дигар пешниҳод кард. Ӯ мегӯяд, масъалаи ояндаи фарзанди дорои аутизм мушкилтарин мавзӯъ барои волидон аст.

“Ин мавзуъ барои бачаҳои ба камол расидаи дорои аутизм доғ аст. Мо, волидон, ҳамеша фикр мекунем, ки абадӣ ҳастем. Мо кӯшиш мекунем барои онҳо ҳама корро кунем. Аммо бояд фикр кард, ки мо фақат ҳозир ба онҳо ёрӣ мекунем, ба мактаб мебарем, аммо баъди сари мо чӣ мешавад?”

Бо роҳандозии як лоиҳа созмони “Ирода” тасмим гирифтааст барои чунин волидон ва ҷавонони гирифтори дархудмондагӣ зиндагии мустақилона ё тарзи зиндагӣ бе кумаки падару модарро омӯзад. Лола Насриддинова мегӯяд, ба ҷавонон имкон фароҳам оварда мешавад, ки як муддат дур аз волидон ва танҳо зиндагӣ кунанду оддитарин қоидаҳои зиндагиро омӯзанд.

Лола Насриддинова
Лола Насриддинова

Аз хӯрок пӯхтан то ба мағоза рафтан

“Дар хонаҳо бо кумаки кормандони иҷтимоӣ зиндагӣ мекунанд. Ба онҳо зиндагӣ бидуни падару модар ва корҳои муҳим дар зиндагӣ омӯхта мешавад. Масалан, ба мағоза рафтан, хӯрок пухтан, аз хона ба кор рафтанро мустақилона иҷро хоҳанд кард”, - афзуд ӯ.

Масъулони созмонҳои кор бо гирифторони аутизм мегӯянд, то охир муолиҷа шудани ин ҳолат шояд имкон надорад, аммо бовар доранд, бо иқдому барномаҳои мухталиф мешавад қобилияти ин гуна одамонро кашф ва ҳолати онҳоро беҳтар кард.

Рустам Одилов, корманди иҷтимоӣ дар созмони “Ирода” гуфт, “бархе аз бачаҳо аллакай мустақилона ба дарсҳо меоянд ва ба хона бармегарданд. Ин аллакай барои онҳо беҳбудӣ аст”.

Дар талоши миллионер шудан

Одилов, аз ҷумла, аз Акбар Кулдашеви 24-сола мисол овард, ки гирифтори дархудмондагӣ аст, аммо чанд ҳунар дорад. Ӯ забони англисиро медонад, пианино менавозад ва дар чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ ҳунарнамоӣ мекунад. Акбар мехоҳад, соҳиби тиҷорати хусусӣ ва рӯзе миллионер шавад. “Фикр мекунам, ки тиҷорати таъмири мошинҳоро таъсис диҳам. Ҳамчунин мехоҳам гурӯҳи мусиқии худро дошта бошам”, - гуфт ӯ.

Аммо на ҳама волидон мисли модари Акбар барои ба ҷомеа ворид шудану аз ҳолати беҳавсалагӣ берун овардани фарзанди худ талош мекунанд. Бархе аз хонаводаҳо маъмулан кӯдакони гирифтори бемориҳои асаб, вобаста ба имконият ва ё аз шарму тарс аз ҷомеа пинҳон медоранд.

Тибқи омори созмонҳои ғайридавлатӣ дар 6 соли ахир дар Тоҷикистон 700 кӯдаку ҷавони то 27-сола бо бемории дархудмондагӣ сабт шудааст.

Аз 3500 нафари то 18-сола, ки дар маркази ҷумҳуриявии равонпизишкии кишвар бо нуқсӣ равонӣ сабт шудааст, ҳудуди 300 нафар гирифти дархудмондагианд. Масъулини созмонҳое, ки бо ин афрод кор мебаранд, мегӯянд, ҷавонони мубтало бо дархудмондагӣ ҳам мисли аксар дигар ҳамсолонашон барои ояндаи худ орзуву нақшаҳо доранд. Аммо дар баён ва амалӣ сохтани хостаҳои худ мушкил мекашанд.

XS
SM
MD
LG