Хатмкардаи бахши рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Пештар дар Радиои Тоҷикистон, нашрияҳои "Ба қуллаҳои дониш", “Миллат”, "ИмрӯзNews", маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон" ва расонаву созмонҳои дигари хабарнигорӣ ба ҳайси муҳарриру шореҳ кор кардааст.
Соли 2025 шоҳиди ҳамоишҳои раҳбарони Осиёи Марказӣ бо раҳбарони қудратҳои ҷаҳонӣ будем. Раисҷумҳурони Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон давоми сол ҳам бо президенти Русия, раҳбари Чин ва раисҷумҳури Амрико дидору гуфтугӯҳо доштанд.
Фарҷоми талхи кӯдаки 10-солаи тоҷик Қобилҷон Алиев дар Русия дили ҳазорон нафарро реш ва онҳоро ба ҳамдардӣ водор кард. Мақомот зери фишори чунин вокуниш садо баланд намуданд, вале порлумон ва ҳизбҳои сиёсии дохили кишвар хомӯширо авло донистанд.
Дар маҳаллаҳои мавсум ба Гардиши Ленинград ва Гардиши Фабрикаи ноҳияи Рӯдакӣ барқ нест, аммо борбардорҳои ширкатҳои сохтмонӣ ва бархе коргоҳҳои хурду миёна кор мекунанд.
Дар маҳаллаҳои мавсум ба “Гардиши Ленинград” ва “Гардиши Фабрика”-и ноҳияи Рӯдакӣ барқ нест, аммо борбардорҳо ва баъзе аз коргоҳҳои хурду миёна кор мекунанд. Инҳо низ аз барқ маҳруманд, вале ба хотири ақиб наафтодани сохтмон ва аз даст надодани муштарӣ маҷбуранд аз генераторҳо истифода кунанд.
Дар Душанбе имрӯз маросими хоксупории Гули Зард, адиби тоҷик барпо шуд. Ӯ дирӯз дар синни 62-солагӣ даргузашт. Гули Зард дар осораш бештар сарнавишти занонро ба тасвир мегирифт.
Маросими видоъ бо Гули Зард, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик, рӯзи 10-уми декабр бо ҳузури даҳҳо рӯзноманигору фарҳангиён дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар маросим ҳайатҳои расмӣ ширкат надоштанд.
Донишмандони тоҷик "таъқиботи сталинӣ"-ро ба тарзҳои гуногун шарҳ дода, омилу сабабҳо ва фитнаҳоеро, ки он замон мегузашт, номбар кардаанд. Яке аз онҳо адабиётшинос Абдураҳмони Абдуманнон аст ва Радиои Озодӣ дар як суҳбати вижа ин мавзуъро бо ӯ дар миён гузошт.
30-юми октябр дар Русия ва кишварҳои дигари шӯравии собиқ ба унвони Рӯзи ёдбуди қурбониҳои сиёсии солҳои 30-юм ё “таъқиботи сталинӣ” ёд мешавад. Ҳарчанд дар поёни умри шӯравӣ ин яке аз мавзуъҳои доғ буд, вақтҳои охир ба гунае фаромӯш шудааст ё дар борааш камтар суҳбат мешавад.
Ҳарчанд ин шабу рӯз шикояти аксар сокинони Тоҷикистон аз "лимит"-у бебарқист, бошандагони деҳаи Ҷангалободи шаҳри Ваҳдат шикояти дигар доранд. Риоя нашудани реҷаи маҳдудияти барқ ва ба гумони онҳо фурӯхта шудани ҳаққашон ба корхонаҳои атроф, вақти барқ доштани онҳоро баъзан то 20 дақиқа расондааст.
Умеди муҳоҷирон ба беҳбуди вазъашон пас аз сафари панҷрӯзаи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ба Тоҷикистон барбод рафт. Онҳо мегӯянд, баръакс пас аз ин сафар муносибати мақомоти Русия ба онҳо хеле бадтар шудааст.
Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон боло бурдани ҳаҷми боҷи давлатӣ барои сабти номи ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, иттиҳодияву идораҳои адвокатиро бар зарари рушди кишвар ва волоияти қонун медонанд.
Иржи Бечко. Шарқшиноси чех-шогирди ховаршиноси дигари маъруфи чех Ян Рибка. Донишманде, ки дар эроншиносии Аврупо тағйир овард ва бахшҳои онро аз дохил ба шакли ҷудогона пажуҳиш ва муаррифӣ кард.
Гулҷаҳон Бурҳонова, модари як донишомӯзи синфи як иддао дорад, ки писараш баъди задани омӯзгор бистарӣ шудааст ва то кунун сиҳат наёфтааст. Муаллима ӯро барои он задааст, ки ба мактаб гул наовардааст. Аммо омӯзгор ин шикоятро рад карда мегӯяд, ба шогирдаш даст набардоштааст.
Сокинони аксар минтақаҳои Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят мекунанд, ки чанд рӯзи ахир интиқоли нерӯи барқ беогоҳӣ ба хонаҳояшон қатъ мешавад.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон эҳтимоли вуруди Тоҷикистонро ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) рад кард. Бархе аз расонаҳо ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтаанд, ки Тоҷикистон дар остонаи сафари президенти Русия Владимир Путин ба Душанбе дархости узвият ба ин паймонро хоҳад дод.
Аҳмадвалӣ Масъуд бародар ва раиси Бунёди Аҳмадшоҳ Масъуд дар маҳфили гиромидошт аз 24-умин солгарди шаҳодати бародараш дар Душанбе гуфт, ки сол то сол “боарзиштар ва муҳтарамтар шудани мактаб ва мероси Масъуд” баёнгари ин аст, ки ин мерос барои сохтани ояндаи Афғонистон созгор аст.
Ёфтҳои бештар