Парвина, сокини ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон, фақат 17-сола буд, ки падару модараш ба додгоҳ рафтанду ариза доданд, то як истисно кунад ва ба арӯсии духтари ноболиғашон иҷоза диҳад. Сабаб ҳам бемории падараш будааст. Додгоҳи ноҳияи Мӯъминобод бе суолу ҷавоби зиёд амри мусбатро бо мӯҳру имзо ба волидони Парвина додааст, то ба орзуяшон бирасанду духтари худро бо шавҳари ҷавонаш хушбахт бинанд.
Парвина, ки ҳоло 23-сола аст ва ду фарзанд дорад, ба Радиои Озодӣ зиндагиашро чунин тасвир кард: "Рӯзгорам, баръакс, пур аз зулм ва азоб шуд. Шавҳарам ва хонаводаи ӯ бо ман муносибати бисёр бад карданд. Муносибати шавҳарам ҳангоми мастӣ бо ман боз ҳам бадтар мешавад."
Издивоҷҳои зудҳангом барои саломатӣ, таҳсил, мавқеи иқтисодӣ, ҳамгироии иҷтимоӣ ва дар маҷмуъ барои ояндаву некӯаҳволии духтарон оқибатҳои баду дарозмуддат дорад.Даряна Грязнова
Мусоҳиби мо мегӯяд, шавҳараш муҳоҷири корӣ аст ва аксар вақт худаш фарзандонро танҳо бузург мекунад ва ҳар вақте падари хонадон аз муҳоҷират бармегардад, аҳволаш на беҳтар, балки бадтар мешавад. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: "Шавҳарам ҳамеша маро танҳо мегузошт ва ба муҳоҷират мерафт. Вақте бармегашт, ба ман зӯроварӣ мекард. Аз зарбаҳои зиёд сарам осеби ҷиддӣ гирифта, чашмонам хира шудаанд."
500 ариза дар шаш моҳ
Ҳамтақдирони Парвина дар Тоҷикистон кам нестанд ва теъдоди дигаре аз ин духтарони ноболиғро волидонашон ғайриқонунӣ ва танҳо бо никоҳи исломӣ ба шавҳар додаанд. Намунае аз онро дар гузориши нави Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон овардаанд, ки соли 2025 бо кӯдаки хурдсолаш бо дарду алами зиёд ба дари идораи онҳо омадааст.
Дар гузориш гуфта мешавад: "Масалан, ноболиғ С.М., сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, иброз дошт, ки соҳиби кӯдак буда, мехоҳад ӯро ба ягон муассиса супорад ва худаш кор кунад. Зимни баррасии муроҷиат маълум гардид, ки шаҳрванд ҳанӯз аз ноболиғӣ тариқи никоҳи динӣ ба шавҳар дода шуда, мавриди зӯроварӣ низ қарор гирифтааст. Ноболиғ муваққатан дар маркази дастгирии занону ноболиғон ҷойгир карда шуд."
Ҳоло ҳукумати Тоҷикистон дигарбора зери фишори созмонҳои байналмилалӣ мондааст, то ба ин расми зиёновар барои духтарон поён диҳад. Чанде пеш намояндагони Кумитаи Ҳимоят Аз Ҳуқуқи Кӯдак дар Созмони Милал дар як нишасте дар шаҳри Женева аз идомаи тамоюли издивоҷи духтарони ноболиғ изҳори нигаронӣ карда, аз мақомоти Тоҷикистон пурсиданд, ки барои роҳ надодан ба ингуна издивоҷҳо чӣ кор кардаанд.
Музаффар Ашӯриён
Музаффар Ашӯриён, вазири адлия, дар нишаст гуфт, додгоҳҳо имсол истисноҳоро камтар карда, монеи издивоҷҳои зудҳангом шудаанд: "Агар дар соли 2025-ум 603 мавриди издивоҷи бармаҳал сабт шуда бошад, пас, дар 8 моҳи соли 2026 теъдоди ингуна никоҳҳо ба 183 расидааст. Яъне возеҳ дида мешавад, ки ин тамоюл коҳиш меёбад."
Аммо бар асоси омори Додгоҳи олии Тоҷикистон, дар шаш моҳи имсол додгоҳҳои кишвар ба бештар аз 500 ариза барои издивоҷи истисноӣ 420 амри мусбат додаанд. Фақат ба 49 аризаи волидайн посухи рад дода, гуфтаанд, ки ҳақ надоранд, духтари худро дар 17-солагӣ шавҳар бидиҳанд.
Ду сол пеш Кумитаи Маҳви Хушунат Бар Зидди Занон дар Созмони Милал низ аз издивоҷҳои ноболиғон дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, гуфта буд, ки "баландтарин сатҳи издивоҷҳои кӯдакон дар Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон дида мешавад ва он 14.3 дар садро ташкил медиҳад" ва як сабаби он истисно дар Кодекси оила аст.
Инро ҳам бинед:
Таҳқиқ: "Нӯҳ дар сади духтарон дар Тоҷикистон 18-сола нашуда шавҳар кардаанд""Оқибати баду дарозмуддат дорад"
Дар Тоҷикистон расман издивоҷ аз 18-солагӣ иҷоза аст, вале додгоҳҳо метавонанд, бар асоси муроҷиати волидон ба духтарони то 17-сола иҷозаи оиладоршавӣ диҳанд. Айни истисно барои писарон ҳам ҳаст, ки метавонанд, ба 18 норасида зан бигиранд, вале ин мавридҳо бисёр кам дида мешавад.
Соли 2025 дар Тоҷикистон бештар аз 3300 духтари ноболиғ издивоҷ кардаанд. Ба ибораи дигар дар соли гузашта дар кишвар ҳар рӯз нӯҳ ҷашни арӯсӣ ва ё ақди никоҳ бо духтари ноболиғе сурат гирифтааст. Соли 2024 аҳвол аз ин бадтар будааст, зеро дар он сол додгоҳҳои Тоҷикистон ба волидони 3800 духтар иҷоза додаанд, ки ё бо ризоият ва ё бе ризоияти худ қабл аз синни қонунии издивоҷ шавҳар кунанд. Сабабҳои иҷоза додан ҳам гуногун будааст. Баъзеҳо далел меовардаанд, ки бисёр камбизоат ҳастанд ва тавоноии таъмини шароити муносиби зиндагиро барои духтари худ надоранд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Зиндагиям пур аз зулму азоб шуд"
Парвина, қаҳрамони гузориши мо мегӯяд, ин ҳама баҳона аст ва баъзе аз волидон мехоҳанд, ки ҳарчӣ зудтар аз духтари худ, ки онро “моли дигарон” медонанд, халос шаванд. Ӯ бо муроҷиат ба волидони тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт: “Аз ҳама хоҳиш менамоям, ки ҳеч вақт духтарони худро ноболиғ ба шавҳар надиҳанд, чунки онҳо ба зиндагии мустақил омода нестанд. Зиндагии оилавӣ як зиндагии хеле ҳам душвор аст, ки на ҳар як духтар метавонад, аз уҳдаааш барояд.”
Даряна Грязнова
Даряна Грязнова, намояндаи созмони “Баробарӣ барои ҳама”, ки ин масъаларо дар Тоҷикистон таҳқиқ кардааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, издивоҷҳои зудҳангом барои ин гурӯҳи духтарон, ки табақаи осебпазир ҳастанд, оқибатҳои бисёр бад дорад.
Ӯ дар посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Издивоҷҳои зудҳангом барои саломатӣ, таҳсил, мавқеи иқтисодӣ, ҳамгироии иҷтимоӣ ва дар маҷмуъ барои ояндаву некӯаҳволии духтарон оқибатҳои баду дарозмуддат дорад. Аз нигоҳи иҷтимоиву иқтисодӣ, боис ба маҳрум шудан аз таҳсил, маҳдуд гаштани имкониятҳои касбу кор, вобастагии молӣ ва афзоиши хатари фақру қашшоқӣ мегардад. Ҳамзамон, бори сангини корҳои бемузди хонадорӣ ва тарбияи аъзои оила низ бар дӯши онҳо меафтад.”
Бо назардошти канор мондани ин гуна духтарон аз ҷомеа, созмони мазкур ҳамроҳ бо Кумитаи Ҳимоят Аз Ҳуқуқи Кӯдакон дар Созмони Милал ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додаанд, ки ҳамагуна истисно барои издивоҷ пеш аз 18-солагиро аз байн бардорад. Тавсияи дигар ба Тоҷикистон қабули як Стратегияи фарогири миллӣ барои решакан кардани издивоҷҳои зудҳангом ё бармаҳал аст, ки дар масъулиятҳо дақиқ ва замони иҷрои он нишон дода шавад.
Тавсияҳое, ки Парвина низ зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз он тарафдорӣ кард ва гуфт: “Агар дар зиндагиям он замон ҳамин фикру ақидаи ҳозираам мебуд, ҳеч вақт шавҳар карданро роҳи дуруст намедонистам. Мехондам, илм меомӯхтам, баъд як фикр мекардам.”