Тамоюле, ки ҳомиёни ҳуқуқ, аз ҷумла ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро сахт нигарон кардааст.
Бино ба омори Додгоҳи олӣ, соли 2025 дар Тоҷикистон бештар аз 3300 духтари ноболиғ издивоҷ кардаанд ва ин никоҳи бармаҳал ва хатарнок барои ояндаи худи духтар ба ҳисоб меравад. Бо ин ҳол, омори соли гузашта баёнгари камтар шудани издивоҷи духтарон ё писарони то 18-сола дар Тоҷикистон будааст, чун соли 2024 аҳвол дигар ва бадтар будааст.
Бар тибқи омори расмӣ, соли 2024 ба бештар аз 3800 духтар иҷоза додаанд, ки қабл аз синни қонунии издивоҷ шавҳар кунанд. Сабабҳои иҷоза додан ҳам гуногун будааст. Баъзеҳо сабаб меовардаанд, ки бисёр камбизоат ҳастанд ва тавоноии таъмини шароити муносиби зиндагиро барои духтари худ надоранд.
Вале як вакили дифои тоҷик дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки додрасҳо дигар чунин далелро камтар ба инобат мегиранд, зеро волидон онро фақат баҳонаи расмӣ барои зудтар ба шавҳар додани духтарашон меоваранд. Дар миёни баҳонаҳои дигар, бемории бедавои яке аз волидон, аз никоҳи мусалмонӣ фарзанддор будани духтар ҳам ёд мешаванд.
Ваколатдори ҳуқуқи инсон гуфтааст, соли гузашта 20 мавриди беиҷоза ба шавҳар додани духтарони ноболиғ ва 27 мавриди ақди никоҳ бо фарди ҳанӯз ба синни 18 нарасида сабт шудааст.
Як омори бисёр нигаронкунандаи дигар ин аст, ки дар Тоҷикистон дар як сол тақрибан 100 мавриди иртиботи ҷинсӣ бо фарди то 16-сола сабт шудааст, ки ҷиноят аст ва ҷазои сахт дорад. Зоҳиран дар миёни парвандаҳои издивоҷи бармаҳал, ки баррасӣ шудаанд, ҳамингуна парвандаҳо ҳастанд, чун дар Тоҷикистон дар бисёр ҳолатҳо ҷавононеро, ки қабл аз издивоҷи расмӣ ҳамхоба шудаанд, маҷбур кардаанд зану шавҳар шаванд, то аз беобрӯии духтар дар байни мардум пешгирӣ шавад.
Санадҳои вазорати адлия мегӯянд, бештари никоҳҳои бармаҳал дар ноҳияҳои дурдасту кӯҳистонӣ ва бахусус дар деҳот ба мушоҳида мерасидааст. Вале дар бораи оқибатҳои издивоҷҳои бармаҳал бештар табибон изҳори нигаронӣ мекунанд, зеро ба гуфтаи онҳо, духтари ноболиғ барои таваллуд кардан омода нест ва хатари фавти модар ва кӯдакаш бисёр зиёд мешавад.
Вале пайомадҳои иҷтимоии чунин издивоҷҳо ҳам хеле ҷиддӣ аст. Таҳқиқот дар ин замина дар гузашта нишон додааст, ки хонаводаҳои зиёде ҳастанд, ки духтарони ҷавони худро зуд ба шавҳар медиҳанд ва духтарони таҳсилнокардаву бетаҷриба, дар оилаи суннатии дигар вазифаҳои худро иҷро карда наметавонанд ва оқибаташ ҳам ҷудоӣ ва бесарнавиштии духтарон аст.
Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон ҳам сарнавишти як духтареро аз Душанбе намуна овардааст, ки барои ба ятимхона супурдани кӯдакаш аз ӯ ёрӣ хостааст. Дар ниҳоят маълум шудааст, ки ӯро ҳанӯз дар овони ноболиғӣ маҷбуран ба марде никоҳ кардаанд ва аз дасти шавҳар ҷабру ситам дида ва бо як тифл ҷудо шудааст ва ҳоло мехоҳад кӯдакро ба ятимхона бидиҳад ва барои пешбурди зиндагӣ ба коре машғул шавад.
Ду сол пеш Кумитаи маҳви хушунат ва зӯроварӣ ба зан бо нигаронӣ аз зиёд будани издивоҷи ноболиғон дар Тоҷикистон ба ҳукумат тавсия дод, ки дигар ҳама гуна истисноҳо барои поён бурдани синни издивоҷро аз байн бардорад.
Гуфтугӯ