Зане, ки дар марги писару келину наберааш гумонзад буд, афв шудааст

Ҳикмат Шодиеваи 62-сола пештар дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки шаби ҳодиса барои наҷоти писару келину наберааш тамоми талошро кард

Ҳикмат Шодиева, модари Искандар Маликӣ (Шафеиён), корманди собиқи ҳукумати Исфара, ки дар марги писару келину наберааш гумонзад буд, аз ҷавобгарӣ озод шудааст. Додситон пештар талаб дошт, ки ӯро барои “дар хатар гузоштани ҳаёти наздикон” шашуним сол аз озодӣ маҳрум кунанд.

Муаттар Абдуллозода, иҷрокунандаи вазифаи раиси Додгоҳи шаҳри Исфара, рӯзи 11-уми август дар нишасти матбуотӣ гуфт, “парвандаи мазкур бар асоси Қонун дар бораи авф қатъ карда шуд.” Қонуни нави афв моҳи июни имсол қабл ва нисбат ба 18 ҳазор нафар, аз ҷумла зиндониён ва онҳое, ки парвандаашон дар ҳоли баррасист, татбиқ хоҳад шуд.

Қарор дар бораи аз ҷавобгарӣ озод шудани Ҳикмат Шодиева рӯзи 16-уми июли имсол содир шуда, ҳанӯз ба иҷро надаромадааст. Муаттар Абдуллозода гуфт, ҷониби дигари қазия, модарарӯси Искандар Маликӣ, дигарбора шикоят кардааст ва “парванда дар ҳоли интиқол ба марҳилаи кассатсионӣ аст”.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Додгоҳ Ҳикмат Шодиеваро афв кардааст

Искандар Маликӣ ё Шафеиён ва ҳамсару як кӯдакаш моҳи декабри соли 2025 дар шароити мармуз дар хонаашон ҷон бохтанд. Муфаттишон сабаби марги онҳоро "заҳролудшавӣ аз гази карбон" гуфтанд.

Ҳикмат Шодиева, модари Искандар Маликӣ, ки шаби ҳодиса дар хонаи писараш буд, ба даъват накардани "Ёрии таъҷилӣ" ва "дар хатар гузоштани ҳаёти наздикон" гумонзад шуд. Ин зани 62-сола пештар дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки он шаб барои наҷоти писару келину наберааш ҳар чизе аз дасташ омад, кард.

"Наход ман фарзанди худамро кушам, наход келину набераамро кушам? Туҳмат карда истодаанд," – гуфта буд ӯ.

Муҳайё Маъруфзода

Баръакси ин, Муҳайё Маъруфзода, модарарӯси Искандар Маликӣ, мегӯяд, дар ин маврид шубҳа ва суолҳои зиёд дорад: "Дар хонае, ки онҳо зиндагӣ мекарданд, аз фарши гарму барқ истифода мешуд. Он ҷо сандалӣ, бухории аловӣ ва ангишт нест. Чаро гази карбон мегӯянд, на гази моеъ, на гази пропан, на гази бутан? Бисёр шубҳаовар аст."

Аз Искандар Маликӣ (Шафеиён) се кӯдак мондааст ва онҳоро модарарӯсаш, Муҳайё Маъруфзода, нигоҳубин мекунад. Якеашон ширхора аст.

Искандар Маликӣ (Шафеиён) солҳои дароз дар идораҳои давлатӣ дар Суғд кор кардааст. Вазифаи охиринаш мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи ҳукумати Исфара буд. Вай тақрибан ду сол пеш аз ин вазифа ронда шуд ва тибқи иттилои дарёфтӣ соҳибкорӣ мекард. Ҳангоми муноқишаи моҳи январи соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сахт захмӣ шуда буд.