Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Заҳролудшавии омехта." Баҳсу шубҳа пеш аз муҳокимаи марги се узви як оила

Муҳайё Маъруфзода, хушдомани Искандар Маликӣ (Шафеиён)
Муҳайё Маъруфзода, хушдомани Искандар Маликӣ (Шафеиён)

Муҳайё Маъруфзода, сокини шаҳри Хуҷанд, чор моҳ боз дар бораи марги ногаҳонии духтару домод ва як наберааш меандешад. Сухан дар бораи фавти Искандар Маликӣ (Шафеиён), корманди пешини ҳукумати Исфара, ҳамсараш Муаттархон ва як фарзанди онҳо меравад. Муфаттишон марги ҳарсеро "заҳролудшавӣ аз гази карбон" гуфтанд, аммо Муҳайё Маъруфзода мегӯяд, дар ин маврид шубҳа ва суолҳои зиёд дорад.

"Дар хонае, ки онҳо зиндагӣ мекарданд, аз фарши гарму барқ истифода мешуд. Онҷо сандалӣ, бухории аловӣ ва ангишт нест. Чаро гази карбон мегӯянд, на гази моеъ, на гази пропан, на гази бутан? Бисёр шубҳаовар аст. Ман намедонам чаро боз кардани ин ҷиноят тӯл мекашад?" – гуфт Муҳайё Маъруфзода, хушдомани Искандар Маликӣ (Шафеиён).

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Норозигӣ аз таҳқиқи марги як зан ва шавҳару кӯдакаш
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:33 0:00

"Ба додситони Исфара гуфтам"

Бо гузашти моҳҳо мақомоти шаҳри Исфара масъаларо расман шарҳ надодаанд. Танҳо дар як маврид ва он ҳам дар нишасти хабарии моҳи январ сардухтури бемористони Исфара гуфт, ҷузъиёти қазия дар ихтиёри намояндагони ҳифзи ҳуқуқ аст.

Тайибиддин Муҳаммадов
Тайибиддин Муҳаммадов

Тайибиддин Муҳаммадов, сардухтури Бемористони Исфара, гуфт, "он чизе, ки нисбат ба оилаи Маликӣ гуфта мешавад, заҳролудшавии омехта аст. Ин дар дасти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳаст. Заҳролудшавии ботулизм ё чизи дигар ба қайд гирифта нашудааст.”

Қарор аст, муҳокимаи парванда дар охири моҳи март дар Додгоҳи шаҳри Исфара шуруъ шавад. Муҳайё Маъруфзода бо хулосаи пешакии тафтишот розӣ нест ва таҳқиқи ҷиддӣ ва мунсифонаро талаб дорад.

Муҳайё Маъруфзода гуфт: “Ман гумон мекунам, инҷо қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани ду ва ё зиёда аз он шахсон ҳаст. Ба ғайр аз моддаи эълон кардаашон ин модда низ ҳаст. Ман ба қабули прокурори шаҳри Исфара даромадам ва ақидаамро иброз кардам. Гуфтам, масъала одилонаю холисона ва ҳаматарафа санҷида шавад."

"Ба беморон ёрӣ нарасондааст"

Модари Искандар Маликӣ (Шафеиён) барои даъват накардани "Ёрии таъҷилӣ" ва "дар хатар гузоштани ҳаёти наздикон" гумонзад аст. Ҳикмат Шодиева шаби ҳодиса ҳамроҳи писару келин ва набераҳояш будааст. Ба ӯ аз 2 то 7 сол зиндон таҳдид мекунад.

Ҳусейн Давлатзода
Ҳусейн Давлатзода

Ҳусейн Давлатзода, додситони вилояти Суғд, гуфт, "Ҳикмат Шодиева, модари марҳум Шафеиён, дар хонаи писараш қарор дошта, ба беморон ягон ёрӣ нарасондааст. Бинобар ин, 23-юми январи соли 2026 нисбат ба ӯ бо моддаи 127, қисми 3, банди А-и Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз карда шуд."

Ҳикмат Шодиева боздошт нашудааст. Радиои Озодӣ чанд дафъа талош кард, ки бо ӯ ва пайвандонаш суҳбат кунад, аммо онҳо розӣ нашуданд.

Аз Искандар Маликӣ (Шафеиён) се кӯдак мондааст ва онҳоро Муҳайё Маъруфзода нигоҳубин мекунад. Якеашон ширхора аст.

Искандар Маликӣ (Шафеиён) солҳои дароз дар идораҳои давлатӣ дар Суғд кор кардааст. Вазифаи охиринаш мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи ҳукумати Исфара буд. Вай тақрибан ду сол пеш аз ин вазифа ронда шуд ва тибқи иттилои дарёфтӣ соҳибкорӣ мекард.

Шафеиён дар муноқишаи моҳи январи соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сахт захмӣ шуда буд. Муҳайё Маъруфзода мегӯяд, бар замми он ки таҳқиқи марги Искандар Маликӣ (Шафеиён) ва ҳамсару фарзандаш, ба бовари ӯ, одилона пеш намеравад, ҳеч ёрие ҳам ба кӯдакони боқимондааш нарасидааст.

“Ягон кумакпулӣ ё нафақа аз ҷойи кори падараш нашуд. Ӯ ҳамчун корманди мақомот дар задухӯрд дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҷароҳати вазнин бардошт ва 57 шабонарӯз дар кома қарор дошт. Ҳоло аёдат нест, фотиҳахонӣ нест. Мисле, ки се пашша мурд, тамом,” – гуфт Муҳайё Маъруфзода, хушдомани Искандар Маликӣ.

XS
SM
MD
LG