"Гуфтанд, ба артиш равӣ, шаҳрвандӣ мегирӣ." Нақли ду тоҷики зиндонӣ дар Украина

Ин муҳоҷири тоҷик гуфта буд, ки маҷбурӣ ба гурӯҳи муздурони "Вагнер"-и Русия ҷалб ва ба Украина бурда шуд. Акс аз бойгонӣ, аз моҳи ноябри соли 2022

Намояндагони Кумисюни мустақили Созмони Милал дар умури Украина дар зиндонҳои ин кишвар бо ду шаҳрванди Тоҷикистон мусоҳиба кардаанд. Яке аз онҳо гуфтааст, аз зиндони Русия ба ҷанг ҷалб шуд ва дигаре бо ваъда гирифтани шаҳрвандӣ.

Ин аввалин ҳолатест, ки шаҳрвандони асирафтодаи Тоҷикистон дар Украина дар таҳқиқи байнулмилалӣ иштирок мекунанд. Кумисюни мустақили Созмони Милал хулосаҳои тафтишоти худро рӯзи 12-уми март дар Женева муаррифӣ намуд. Радиои Озодӣ дар як мусоҳибаи ихтисосӣ аз Вринда Гровер, узви Кумисюн, хост, дар бораи маҳбусони тоҷик маълумот бидиҳад.

"Гуфтаанд, агар ба артиш равад, шаҳрвандӣ мегирад”

Вринда Гровер: "Дар Кумисюни таҳқиқотӣ дар шаҳри Вена котиботе дорем, ки он ҷо муфаттишон кор мекунанд. Онҳо бо мақсади тафтишу бозпурсӣ ва ба даст овардани далелҳо ба Украина рафтанд. Ин навбат аъзои Кумисюн ба ширкати зархаридони хориҷӣ дар ҷанги Украина аз ҷониби Русия ҳам таваҷҷӯҳ карданд. Як мақсади мо таҳқиқи шароит ва сабабҳои ба ҷанг ҷалб шудани хориҷиҳо буд. Хулосаи тафтишотро мо дар ҷаласаи Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал муаррифӣ намудем. Он ҷо аз шароити ба ҷанг ҷалб шудани намояндагони 17 давлати хориҷӣ маълумот додем. Аксари онҳо ба саволҳои мо ҳамчун маҳбуси ҷанг дар Украина посух доданд. Муфаттишони мо бо онҳо мусоҳибаҳои хусусӣ анҷом доданд ва ин суҳбатҳо бо ризоияти ҳукумати Украина барпо шуд, ки онҳоро ҳамчун маҳбуси ҷанг нигоҳ медоранд. Дар доираи ҳамин мусоҳибаҳо ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳам аз ҷониби мо пурсида шуданд ва онҳо баъзе маълумотро дар бораи шароити ба ҷанг афтодану чӣ гуна ба сафи сарбозон ҷалб шудани худро бо мо дар миён гузоштанд."

Радиои Озодӣ: Мешавад, дар бораи баёноти онҳо ба мо ҳам бигӯед?

Вринда Гровер: "Ду мард аз Тоҷикистон дар Русия буданд, ки аз ҷониби мақомоти ин кишвар ба ҷанг ҷалб шуданд. Яке аз онҳо он замон дар зиндони Русия адои ҷазо мекард ва дигареро мақомоти муҳоҷират дар рӯ ба рӯи ихроҷ қарор дода буданд. Мақомоти муҳоҷирати Русия ба ӯ гуфтанд, ки агар ба қувваҳои мусаллаҳ шомил шавад, ба осонӣ соҳиби шаҳрвандӣ мешавад. Мо дар бораи шахсияти онҳо ҳақ надорем маълумоти зиёд бидиҳем, чунки онҳо бо оқибатҳои ногувор рӯ ба рӯ мешаванд ва онҳо ҳам танҳо бо шарти ифшо нашудани ному ҳуввияташон суҳбат карданд."

"Ду бор захмӣ шуд ва худро таслим кард"

Радиои Озодӣ: Синну солашон чанд аст ва дар бораи амалҳои худ дар ҷанг ба шумо чӣ гуфтанд?

Вринда Гровер

Вринда Гровер: "Тавре гуфтам, дар бораи шахсияташон ҳақ надорам маълумот бидиҳам. Он чизе, ки метавонам бигӯям, ин аст, ки ҳардуи ин мард пеш аз ин ҳеч таҷрибаи ҳарбӣ надоштанд. Онҳо гуфтанд, пеш аз он ки ба ҷабҳаи ҷанг бурда шаванд, як муҳлати бисёр каму маҳдуди на бештар аз 15 рӯзи тамринро гузаштаанд. Яке аз онҳо гуфт, ки баробари ба ҷабҳа бурда шуданашон шоҳиди талафоти ҷонии хеле зиёд шуд ва гуфт, аксари мардоне, ки ҳамроҳаш оварда шуданд, тақрибан дар як рӯз кушта шуданд. Зоҳиран, ҷое, ки ӯ сафарбар шуд, маҳалли ҷангҳои бисёр фаъол будааст. Ӯ гуфт, баъди ин чандин ҳафта зери тиру туфанг буд, тақрибан дар ҷабҳаи аввал қарор дошт ва ду бор захмӣ гардид ва ниҳоят худро ба нерӯҳои украинӣ таслим кард. Ҳамингуна ҳоло ӯ дар мақоми маҳбуси ҷанг мебошад. Марди дуюм ба мо иҷоза надод, ки дар бораи шароити ба ҷанг афтоданаш маълумоти зиёд бидиҳем."

Радиои Озодӣ: Оё шумо дар бораи шумори умумии тоҷикистониҳои маҳбуси ҷанг дар зиндонҳои Украина хабар доред?

Вринда Гровер: "Ман танҳо дар бораи тафтишоти аъзои Кумисюни худамон суҳбат карда метавонам ва мо танҳо бо ду шаҳрванди Тоҷикистон суҳбат кардем. Дар бораи шумори умумии тоҷикистониҳо дар зиндонҳои Украина чизе гуфта наметавонам."

Радиои Озодӣ: Шароити нигаҳдории онҳо дар маҳбасҳои Украина чӣ гуна аст, оё аз чизе шикоят мекунанд?

Вринда Гровер: "Мо дар гузоришҳои пешинаамон дар бораи шароити нигаҳдории маҳбусони ҷанг дар Украина ва Русия хабар дода будем. Масалан, дар Русия маҳбусони ҷанг дар зиндонҳо шиканҷаи бисёр мебинанд. Мо як чунин чизеро дар зиндонҳои Украина мушоҳида накардем. Бояд гуфт, ин мусоҳибаҳо бо иҷозаи мақомоти Украина барпо шуданд."

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Рӯзгори муҳоҷир. Чанд тоҷик дар Украина асири ҷанг аст?

Сарнавиштҳои номуайян

Радиои Озодӣ: Дар гузориши шумо инчунин дар бораи маҳбусон аз Қазоқистон ҳам хабар дода шудааст, оё дар умум метавонед дар бораи маҳбусони дигар аз Осиёи Марказӣ ҳам бигӯед?

Вринда Гровер: "Ман ҳоло чунин маълумот дода наметавонам, чунки барои баёни ҳар ҳолат мо бояд иҷозаи маҳбусонро дошта бошем. Он чи ки ман метавонам бигӯям, ин аст, ки яке аз тоҷикон санади рафтан ба ҷангро зери фишори мақомоти муҳоҷират имзо кард. Марди дигаре дар зиндон ҳукми тӯлонии ҳабсро пушти сар мекард ва ӯ дар ҳамин шароит барои рафтан ба ҷанг розӣ шуд."

Радиои Озодӣ: Ҳоло ин маҳбусонро чӣ ояндае дар пеш аст? Онҳо маҳбуси ҷанг ҳастанд ва қонунҳои Украина онҳоро ҷинояткор меҳисобанд, вале ҳақ доранд, ки ба ватани худ истирдод шаванд. Оё онҳо бо мақомоти тоҷик ҳам дар тамос ҳастанд?

Вринда Гровер: "Бале, миёни Русия ва Украина барномаи табодули зиндонҳо амал мекунад. Ба Кумисюни мо то ҳол маълум нест, ки то куҷо кадоме аз тоҷикистониҳо ба барномаи табодули зиндониҳо ворид карда шудааст ё на ва ҳамчунин дар бораи дигар роҳҳои табодули ин мардон маълумот надорем. Мо, ки бо маҳбусон аз 17 давлат суҳбат кардем, аз баъзеашон хабардор шудем, ки онҳо аз сафоратҳои худ дар Украина дархост карданд, ки онҳоро ба ватанашон фиристанд. Вале то ҷое фаҳмидем, ҳеч яки онҳо посухи мусбате аз сафоратҳои худ нагирифтаанд. Дар бораи ояндаи онҳо мешавад гуфт, ки як номуайяние воқеан ҳам вуҷуд дорад ва маълум нест, ки оё тоҷикон ба феҳристи табдилшавандаҳо бо маҳбусони ҷангӣ дар Украина шомил шудаанд ё на."

Радиои Озодӣ: Ин аввалин тоҷикистониҳое буданд, ки аз ҷониби Кумисюни шумо бозпурсӣ шуданд?

Вринда Гровер: "Бале, ин аввалин мусоҳибаи мо бо шаҳрвандони Тоҷикистон дар доираи ин мавзуъ буд."

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Вобастагӣ аз Кремл". Чаро мақомот ҳузури тоҷиконро дар ҷанг эътироф намекунанд?

Таъсири ҷанг ба ҳаёти мардум аз кишварҳои дигар

Радиои Озодӣ: Гузориши ахири шумо бештар ба сарнавишти кӯдакони украиние тамаркуз кардааст, ки зӯран ба Русия бурда шудаанд. Дар чаҳорчӯби он, аз ҷумла ширкати хориҷиҳо дар ҷанг ба ҳайси сарбози Русия санҷида шудааст. Ин навбат, ба фикри худатон, муҳимтарин паёми ин гузориш чӣ аст?

Вринда Гровер "Дар гузориш мо талош кардем, ки масоили мухталифро тафтиш кунем. Ин навбат, кӯдакон, ихроҷ ва маҷбурӣ бурда шудани кӯдакон ба хоки Русия ва минтақаҳои ишғолии Русия дар Украина аз ҷониби мақомоти рус дар маркази таваҷҷӯҳ буд. Тафтиши мо нишон дод, ки ин ихроҷ дар доираи як сиёсати давлатӣ анҷом шудааст. Мо дарёфтем, ки мақомоти Русия ҳам дар баландтарин сатҳ ва ҳам дар пояи раҳбарони минтақавӣ дар ихроҷу интиқоли кӯдакони украин даст доданд ва мо онро ҷиноят алайҳи башарият меномем. Мо дар бораи сарнавишти 1200 кӯдак огаҳ шудем. Тафтиши мо собит кард, ки 80% кӯдаконе, ки шиносоӣ шудаанд, ба Украина ва назди оилаҳои худ баргардонида нашудаанд. Дигар мавзӯи тафтишоти мо сафарбарии хориҷиҳо ба сафи артиши Русия барои ҷанг дар Украина буд. Ин мавзӯи таъсири ҷанг ба ҳаёти мардум аз кишварҳои дигар мебошад, ки чӣ гуна бе тамрину имкониятҳо ба хатти аввали ҷанг бурда мешаванд. Бисёри онҳо, мисли ин ду марди тоҷик, вақти оғози ҷанг дар қаламрави Русия қарор доштанд. Дигарҳо бо ваъдаҳои кор дар соҳаи ғайринизомӣ ба Русия бурда шуда, сипас аз ҷониби мақомоти ҳарбӣ ба ҷанг сафарбар гардидаанд. Инчунин мо мушкили набуди додгоҳҳои одилонаро баррасӣ кардем, вақте ҳам афроди мулкӣ ва ҳам маҳбусони ҷанг дар шароити комилан нодида гирифта шудани қонунҳои башарӣ ва қонунҳои вобаста ба ҳуқуқи инсон муҳокима мешаванд. Додгоҳҳо онҳоро дар ҷосусӣ ва терроризм муттаҳам ва ба мӯҳлатҳои тӯлониву сангини зиндон маҳкум мекунанд. Тафтиши мо нишон дод, ки ин мурофиаҳои додгоҳӣ дар Русия мустақил нестанду якҷониба қарор қабул мекунанд."

Навори суҳбатро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

СММ аз ҳоли маҳбусони тоҷик дар Украина огаҳ шудааст