ВКД: "Раиси ВМКБ ва ҳамсару як фарзандаш ба дарё афтодаанд"

Рақами мошини Алишер Мирзонаботро аз ҷойи ҳодиса ёфтанд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки мошини ҳомили Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба садама дучор шуда, ба дарёи Панҷ афтодааст. Ин хабарро Радиои Озодӣ пештар дар такя бо манобеаш нашр карда буд.

Дар гузориши дафтари матбуоти ВКД омадааст, дар дохили мошин Алишер Мирзонабот, ҳамсару фарзанди хурдсолаш, ёвари раиси ВМКБ Садоншо Ҷанобилшоев ва ронанда Сино Муборакшоев қарор доштанд.

Мақомот мегӯянд, ҳодиса соати 10:40-и 17-уми июн дар байни деҳаҳои Яхчисор ва Зиғари ноҳияи Дарвоз рух дод. Сабаби садама “суръати баланд” ва “аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадани” ронанда гуфта шудааст.

“Бинобар суръати баланд воситаи нақлиёт ба иншооти муҳандисӣ-сарҳадӣ бархӯрда, ду сутунпоя ва симхорро зер карда, ба дарёи Панҷ сарозер мешавад. Аз ҷойи ҳодиса рақами қайди давлатии 287 ТҶ ва қисмҳои алоҳидаи воситаи нақлиёт пайдо карда шуд”, - омадааст дар хабари расмии ВКД.

Мақомот мегӯянд, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон қазияро пайгирӣ дорад ва бо дастури ӯ вазири корҳои дохилӣ, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва роҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба ҷойи ҳодиса рафтаанд.

Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ ва ҳамзамон муовини раиси Маҷлиси Миллӣ аст ва рӯзи 16-уми июн дар ҷаласаи палатаи болоии порлумон дар Душанбе ширкат дошт.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Манбаъ: Мошини Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ ба дарёи Панҷ афтодааст

Алишер Мирзонабот 46-сола аст ва аз соли 2021 раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Пеш аз он раиси шаҳри Хоруғ ва то соли 2018 муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон буд.

Ӯро дар ҳукумати Тоҷикистон барои ба истилоҳ “ҷорӣ кардани тартибот дар вилояти Бадахшон” тавсиф мекунанд, аммо баъзе аз сокинон ӯро ба саркӯби даҳҳо озодандеш муттаҳам медонанд.

Дар давраи роҳбарии Алишер Мирзонабот соли 2022 Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шоҳиди саркӯби эътирози сокинон шуд.