Вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон мегӯяд, барои ворид кардани маҳсулоти нафтӣ, ба ҷуз Русия, бо чанд кишвари дигар гуфтугӯ доранд. Баъди зарбаҳои паҳподии Украина ба корхонаҳои коркарди нафти Русия, дар Тоҷикистон нархи сӯзишворӣ якбора боло рафт.
Далер Ҷумъа, вазири энержӣ ва захираҳои об, рӯзи 10-уми июл дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистон барои ду моҳи оянда ё 60 рӯз захираи маҳсулоти нафтӣ дорад.
"Мушкилиҳо дар истеҳсол ва ҳамлу нақл дар минтақа ва дар ҷаҳон ҷой доранд. Новобаста аз ин, мо бо шарикон, аз ҷумла Русия ҳамарӯза ҳамкорӣ карда истодаем. Бо такя ба созишномаи байниҳукуматӣ, содироти баъзе аз маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон давом дорад. Новобаста аз ин, баъзе мушкилиҳо ҷой доранд," -- гуфт Далер Ҷумъа.
Ба қавли вазири энержӣ ва захираҳои об, дар ҳоли ҳозир ҷониби Тоҷикистон бо кишварҳои дигари содиркунанда, аз ҷумла Қазоқистону Туркманистон, Эрон, Ироқ ва Белорус ҳамкориро ба роҳ мондааст".
Далер Ҷумъа ҳамчунин гуфт, мақомот талош доранд, "ҳаҷми зарурии маҳсулоти нафтӣ"-ро барои иқтисоди Тоҷикистон таъмин кунанд.
Тоҷикистон қариб ҳамаи сӯзишвории мавриди ниёзашро аз Русия меорад. Ҳафтаҳои охир чанд корхонаи нафти Русия, аз ҷумла корхонаи коркарди нафти Омск, ки тавоноияш дар як сол 21 миллион тонна сӯзишворӣ аст, ҳадафи ҳамлаҳои паҳподии Украина қарор гирифта, дар худи ин кишвар буҳрони маводи сӯхт пеш омадааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Қариб чаҳор сомонӣ гарон шудааст". Қимати сӯзишворӣ дар Тоҷикистон боло рафтаастДавоми як моҳи охир нархи сӯзишвории дизелӣ, ки барои иқтисоди Тоҷикистон хусусан хоҷагии қишлоқ муҳим гуфта мешавад, беш аз панҷ сомонӣ афзуда, то 16 сомонӣ расид. Нархи бензин ва гази моеъ ҳам гарон шуд.
Тибқи иттилои Вазорати энержӣ, дар нимаи аввали имсол ба Тоҷикистон 922 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 114 ҳазор тонна ё 11 дарсад бештар аст.