Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шадидтарин камбуди саросарии сӯзишворӣ дар Русия дар солҳои ахир

Русия бо шадидтарин камбуди саросарии сӯзишворӣ дар солҳои ахир рӯбарӯст.

Дастикам 17 минтақаи ин кишвар маҳдудиятҳои маҷбурӣ барои фурӯши бензин ва гази моеъ ҷорӣ кардаанд ва даҳҳо минтақаи дигар низ аз камбуди сӯзишворӣ ё маҳдудиятҳои ҷоришуда аз сӯи ширкатҳои хусусии таъминкунандаи маводи сӯхт, хабар додаанд.

Сабаби афзоиши камбуди сӯзишворӣ асосан густариши ҳамлаҳои паҳподии Украина ба полоишгоҳҳо, анборҳо ва хатҳои лӯлаи Русия аст.

Полоишгоҳи "Капотня" калонтарин таъминкунандаи маводи сӯхт дар минтақаи Маскав, дар моҳи ҷорӣ ду бор ҳадафи ҳамла қарор гирифт ва ба гуфтаи бархе мақомҳое, ки бо хабаргузории "Рейтерз" сӯҳбат карданд ва нахостанд номашон фош шавад, дастикам то поёни соли 2026 баста хоҳад монд ва тавлиде нахоҳад дошт.

Бар асоси омори гирдоваришуда аз сӯи Радиои Аврупои Озод\Радиои Озодӣ, то 24 июни имсол, 55 идораи федеролии Русия ба шумули ҷумҳуриҳо, минтақаҳо ва вилоятҳо ё маҳдудиятҳои иҷбории давлатӣ барои фурӯши бензин ва гази моеъ ҷорӣ кардаанд ё нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, ки зери назорати ширкатҳои хусусӣ ҳастанд, фурӯшро маҳдуд намуданд.

Дар беш аз 20 минтақаи дигар низ расонаҳои маҳаллӣ ё корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, монанди "Телеграм" ва VK, аз камбуди сӯзишворӣ хабар додаанд.

Сергей Вакуленко, таҳлилгари бахши энержӣ дар маркази Карнегӣ дар Олмон навишт, "тобоварии саноати нафти Русия ба шакли хатарнок дар ҳоли коҳиш аст".

Панҷ минтақаи Украина, ки Русия ба таври комил ё ҷузъӣ онҳоро ишғол кардааст, низ бо камбуди сахти маводи сӯхт рӯбарӯ ҳастанд. Ҳафтаи гузашта ҳокими Қрим пас аз чанд ҳафта ҳамлаҳои паҳподии Украина ба шоҳроҳҳо, пулҳо ва дигар роҳҳои таъмини молу коло ба ин нимҷазира, аз таваққуфи комили фурӯши бензин хабар дод.

Ҳамлаҳои ҳавоии Украина пас аз солҳо бамборони ин кишвар аз сӯи Русия, шиддат гирифтааст. Маскав аз охирҳои соли 2022 бо истифода аз мушакҳои баллистикӣ ва паҳподҳои интиҳорӣ на танҳо мавзеъҳои низомии Украина, балки иншооти энержӣ ва зерсохтҳои нафтии ғайринизомиро низ ҳадаф қарор додааст. Дар натиҷаи ин ҳамлаҳо, ҳазорон ғайринизомӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Зимистони гузашта барои Украина аз замони оғози ҳамлаи Русия, сахтарин фасли сармо буд ва миллионҳо нафар моҳҳо барқ надоштанд ва аз сардӣ ранҷ бурданд.

Дар муқобил, Украина низ бо шитоб саноати паҳподии худро рушд дод ва акнун шумори зиёди паҳбодҳои пешрафта ва қудратманд, ҳамчунин мушакҳои тавлиди худӣ, дар ин ҷанг истифода мешаванд.

Ин анборҳо шомили паҳбодҳои дурбурди муҷаҳҳаз бо маводи тарканда ва сомонаҳои зидди осеби электронӣ ҳастанд, ки ба онҳо имкон медиҳад аз системаи дифои ҳавоии Русия убур кунанд.

Паҳподҳои украинӣ полоишгоҳҳои нафтӣ ва таъсисоти содиротии Русия дар Баҳри Балтика ва Баҳри Сиёҳро ҳадаф қарор додаанд ва тавони Маскав барои содироти гидрокарбонҳо ва таъмини молии ҷангро маҳдуд кардаанд.

Ҳамчунин аз моҳи март то кунун Украина даҳҳо бор ба полоишгоҳҳои Русия ҳамла кардааст, ки ҳашт маврид аз даҳ маврид ба калонтарин полоишгоҳҳои ин кишвар будааст.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки беш аз 20 дарсад аз зарфияти полоиши нафти Русия аз кор мондааст. Оҷонси байналмилалии энержӣ дар гузорише, ки ин ҳафта нашр кард, гуфт, "чунин сатҳе аз дарҳам барҳамӣ дар таърихи муноқишаи Русия ва Украина бесобиқа аст".

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG