Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қариб чаҳор сомонӣ гарон шудааст". Қимати сӯзишворӣ дар Тоҷикистон боло рафтааст

Дар ҳафтаҳои ахир сӯзишворӣ дар Тоҷикистон гаронтар шуда, ронандагонро ба ташвиш овардааст. Бархе ронандаҳо мегӯянд, қимати як литр сӯзишвории дизелӣ қариб 4 сомонӣ боло рафтааст.

"Пештар нархи дизел 9 сомониву 60 дирам буд, ҳозир 13 сомониву 50 дирам шудааст", - мегӯяд, Абдуҷаббор, як ронанда аз шаҳри Хуҷанд.

Ин сокини шаҳри Хуҷанд аз субҳ то шом мусофир кашонда, аз ин роҳ рӯзии худу фарзандонашро меёбад.

Аммо тайи рӯзҳои охир арзиши сӯзишвории дизелӣ ҳадди ақал то чаҳор сомонӣ гарон шуд ва ӯро ба изтироб овард.

Агар пештар ҳар литр солярка ба тақрибан даҳ сомонӣ фурӯхта мешуд, ҳоло ба наздики чордаҳ сомонӣ расидааст.

Абдуҷаббор мегӯяд, онҳо бе иҷозаи ширкати мусофирбарӣ ва ризояти ниҳодҳои дигар арзиши роҳкироро боло бурда наметавонанд.

Аз ин рӯ, ҳар қадаре нархи сӯзишворӣ боло равад, ҳамон андоза ба ҷайби ӯ зарба хоҳад зад.

"Зиёнаш расида истодааст. Мана, мошини мо холӣ аст. Намедонем барои чӣ гарон шудааст. Мегӯянд, ки дар ҳама ҷо гарон шудааст. Сабабашро намедонем", - гуфт Абдуҷаббор.

Дар Тоҷикистон қимати солярка боло рафтааст. Чаро?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:11 0:00

Иброҳимҷон ҳам дар маркази вилояти Суғд мусофир мекашонад ва ҳамеша ба поину болоравии арзиши сӯзишворӣ диққат медиҳад.

"Як литр бензин 11 сомонӣ буд, ҳозир 13 сомониву 50 дирам шудааст. Каме ба мо гаронӣ мекунад. Барои чӣ қимат шудааст, намедонем мегӯянд", - нақл кард Иброҳимҷон аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Ҳарчанд тоҷирон ва намояндагони ширкатҳои фароҳамкунандаи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон афзоиши нархро тасдиқ карданд, вале сабабашро нагуфтанд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 25-уми июн ба чанд нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Хуҷанд сар зад. Дар тоблуи аксари онҳо, ки ҳамеша нархи бензину солярка ва гази моеъ намоён буд, ин дафъа чизе дида намешуд.

Корманди як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бе баёни номаш изҳороти пешинаи мақомотро такрор кард, ки поин ё боло рафтани нархи бензину солярка аз онҳо вобаста нест, балки ба омилҳои берунӣ пайванд дорад.

Кӯшиши мо барои гирифтани шарҳи мақомот, аз ҷумла Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Вазорати энергетика то ин дам бенатиҷа буд.

Тоҷикистон қариб ҳамаи сӯзишвории мавриди ниёзашро аз Русия меорад. Масъулони Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар нишасти матбуотӣ дар моҳи феврали имсол гуфтанд, соли 2025 аз хориҷа ба Тоҷикистон беш аз 1 миллиону 200 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ оварда шуд, ки 84 дарсадаш ба Русия марбут аст.

Дар ҳоле ки мақомот ва моликони ширкатҳои нафтрасон дар Тоҷикистон расман шарҳе намедиҳанд, як иқтисоддони тоҷики муқими Русия дар паёме ба мо навишт, "зоҳиран буҳрон ё камбуди сӯзишворӣ дар худи Русия ба ин вазъ таъсир гузоштааст."

Ҳафтаҳои охир чанд корхонаи нафти Русия ҳадафи ҳамлаҳои паҳподии Украина қарор гирифта, дар гӯшаҳои ин кишвар камбуди сӯзишворӣ пеш омадааст. Бахши русии Радиои Озодӣ навишт, танҳо дар як ҳафта, аз 15 то 21-уми июни имсол, истеҳсоли бензин дар Русия қариб то бисту панҷ дарсад кам гашт.

Абдуҷаббор ва ронандагони дигар мегӯянд, ки мақомот дар Тоҷикистон бояд роҳи ҳалле пайдо кунанд. Агарчи, ба гуфтаи онҳо, бахше аз мошинҳо дар кишвар барқиянд ва ё бо гази моеъ мегарданд, афзоиши нархи сӯзишворӣ сабаби гаронии хидматрасонӣ ва арзиши маҳсулот хоҳад шуд.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG