Трамп аз қарораш ҳимоят кард. Зеленский: Русия ба ҳамла идома медиҳад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико. Вашингтон, 12-уми октябри 2026

Раисҷумҳури Амрико сарфи назар аз танқидҳои сахти мақомдорони Украина, Аврупо ва ҳатто аъзои Ҳизби ҷумҳурихоҳ аз қарораш дар бораи воридоти маводи сӯхт (дизел) аз Русия ва оташбас ё таваққуфи ҳамлаҳои Русия ва Украина ба нерӯгоҳу анбор ва полоишгоҳи нафти якдигар ҳимоят кард.

Доналд Трамп рӯзи 12-уми октябр дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, оташбас пойбарҷост, аммо ба қавли мақомоти украинӣ, Русия ҳамоно ҳамлаҳоро ба зербунёдҳои энергетикии ин кишвар идома медиҳад.

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, рӯзи 13-уми октябр Маскавро муттаҳам намуд, ки оташбаси эълонкардаи Доналд Трампро риоя намекунад. Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, Украина дар ду рӯзи гузашта, тибқи талаби Трамп, аз ҳамла ба корхонаҳои коркарди нафти Русия худдорӣ варзид, аммо Русия рафтори баръакс дорад.

"Русҳо дар ин муддат ҳам ба иншооти энергетикии мо ва ҳам ба зербунёдҳои муҳими мо ҳамла карданд ва бо ин корашон паёми комилан рӯшан доданд, ки нияти худдорӣ аз ҳамла ба Украинаро надоранд," -- навишт Зеленский рӯзи 13-уми октябр.

Владимир Зеленский

То кунун Маскав дар ин бора чизе нагуфтааст.

Доналд Трамп як рӯз пеш ва дар посух ба суоли хабарнигорон дар бораи иҷро нашудани ин созиш гуфта буд, ӯ бовар надорад, ки Русия мувофиқатро поймол мекунад. "Онҳо ба оташбас розӣ шуданд. Медонед чаро? Чун ман гуфтам, "Шумо розӣ мешавед". Барои ҳамин. Онҳо розӣ шуданд… ва ин масъала бояд ҳал шавад," – афзуд ӯ.

Вилям Тейлор, сафири пешини Амрико дар Украина, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, оташбас бе ризояти ҳар ду ҷониб наметавонад ба иҷро дарояд.

Дар ҳамин ҳол, кишварҳои Аврупо талош доранд, ки дар бораи оташбаси энергетикӣ ва ҳам содироти маводи сӯхт аз Русия тафсилоти бештар ба даст оранд. Гурӯҳе аз вакилони Конгресси Амрико аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ низ рӯзи 12-уми октябр бо нашри изҳороте зидди созиш бо Русия садо баланд карданд.

Президенти Амрико ба суҳбаташ бо президенти Русия Владимир Путин ишора карда, меафзояд, бар пояи созиш Иёлоти Муттаҳида фавран аз Русия 300 ҳазор тонна дизел ворид намуда, дар давоми моҳҳои оянда боз миллионҳо тоннаи дигар маводи сӯхти Русияро харидорӣ хоҳад кард.

Видео дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳимояти Трамп аз созишаш бо Русия

Трамп таъкид мекунад, ки кишварҳои аврупоӣ то ҳанӯз аз Русия нафти хом ва гази табиӣ мехаранд. Тибқи муҷаввизи Вазорати молияи Амрико, вуруди дизел ё соляркаи Русия бидуни маҳдудият то 7-уми апрели соли 2027 иҷозат дода мешавад.

Ба қавли коршиносоне, ки Радиои Озодӣ бо онҳо суҳбат кард, Доналд Трамп дар остонаи интихоботи миёндавраии Конгресс дар Амрико кӯшиш дорад, нархи маводи сӯхтро поин барад, аммо миқдори воридашвандаи дизел чандон бузург нест.

Марк Темнитский аз Маркази АвруОсиёи Шӯрои Атлантикӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, воридоти 300 ҳазор тонна дизел мушкили Амрикоро ҳал намекунад, зеро тибқи омори расмӣ, ин миқдор меъёри нимрӯзаи Иёлоти Муттаҳида мебошад.

Ӯ бовар надорад, ки баъд аз ҳамлаҳои Украина ба корхонаҳои тавлиди маводи сӯхти Русия Кремл ваъдаҳояшро дар бораи содироти миқдори бузурги маводи сӯхт иҷро кунад. Марк Темнитский ҳамзамон ҳушдор дод, ки сабук кардани таҳримҳо бе дарёфти имтиёзе аз Маскав метавонад фишори байнулмилалиро бар Русия кам кунад, барои Маскав манбаи эҳтимолии даромад фароҳам орад ва ба Путин пирӯзии сиёсӣ диҳад.