Трамп Додгоҳи байналмилалии ҷурму ҷиноятро таҳрим кард

4 феврал Доналд Трамп қарори аз чандин ниҳоди СММ, аз ҷумла, Шӯрои ҳуқуқи башар берун шудани ИМА-ро имзо кард

Президенти  ИМА Доналд Трамп ба Додгоҳи байналмилалии ҷурму ҷиноят таҳрим ҷорӣ кард, чун ин ниҳод  ҳабси нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ва собиқ вазири дифои ин кишвар Йоав Галантро содир кардааст.

Дар қароре, ки дар сомонаи Кохи Сафед нашр шуд, таъкид мешавад, ки ин Додгоҳи байналмилалӣ нисбати бархе кормандони ИМА ва муттафиқони он, аз ҷумла Исроил таҳқиқи пешакиро шурӯъ карда барои ҳабси Нетаняҳу ва Галант ҳам амр содир намудааст. Трамп инро як таҷрибаи хатарнок номид ва ҳам гуфт, ки Додгоҳи байналмилалӣ ба низомиёни амрикоӣ хатар эҷод мекунад. Дар ин санад таъкид шудааст, ки ИМА ва Исроил Додгоҳи байналмилалии ҷурму ҷиноятро ба расмият намешиносанд.

Дар навбати худ, Додгоҳи байналмилалӣ дар Ҳейг (Гаагаи Нидерланди), ки дар кори он 120 давлат иштирок мекунанд, қарори президенти ИМА-ро маҳкум намуд. Дар изҳороти ин додгоҳ гуфта шудааст, ки он аз кормандонаш пурра ҳимоят мекунад ва аз кишварҳои иштирокдори додгоҳ хостааст, ки “дар амри ҳимоят аз адолат ва ҳуқуқҳои бунёдии инсон муттаҳид бошанд”.

Комиссиюни Аврупо ҳам аз қарори Трамп изҳори таассуф карда гуфтааст, ки Додгоҳи байналмилалӣ василаи муҳим дар мубориза бо ҷинояткории байналмилалӣ дониста мешавад. Қарори ИМА, ба бовари Комиссиюни Аврупо, метавонад таҳқиқи парвандаҳои мухталиф, аз ҷумла, ҷиноятҳои вобаста ба ҷанг дар Украинаро таҳти хатар қарор диҳад.

Қаблан ин додгоҳ қарори ҳабси президенти Русия Владимир Путинро содир кард ва гуфт, ӯ кӯдакони украиниро ғайриқонунӣ ба хоки Русия интиқол додааст. Русия ҳам маъмурияти додгоҳро ба расмият намешиносад.

Исроил аз қарори Трамп дастгирӣ кардааст.

Додгоҳи байналмилалии ҷурму ҷиноятҳо дар Ҳейг бар асоси созиши аксар кишварҳои узви СММ бо мақсади ба ҷавобгарӣ кашидани шахсиятҳои дастдошта дар наслкушӣ, ҷиноятҳои ҳарбӣ ва ҳам ҷиноят алайҳи инсоният бунёд шудааст. Ин додгоҳи расмии СММ нест. Маъмурияти онро кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Амрикои Лотин ва аксар давлатҳои Африқо ба расмият шинохта, ИМА, Русия, Ҳинд ва Чин мегӯянд, ки онро эътироф намекунанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Чанд талаби Додгоҳи Байнулмилалӣ аз Исроил, вале бидуни оташбасУкраина алайҳи Русия ба Додгоҳи байнулмилалӣ шикоят кардаастHRW Исроилро ба "ҷинояти апартеид" ба зидди фаластиниҳо муттаҳам кард, Тел-Авив норозӣ астКарим Хон додситони нави Додгоҳи байнулмилалии Ҳейг шудЧин: Тоҷикистон аз муборизаи Пекин ба зидди Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ ҳимоят кард