Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд талаби Додгоҳи Байнулмилалӣ аз Исроил, вале бидуни оташбас


Баррасии шикояти Африқои Ҷанубӣ ба зидди Исроил. Додгоҳи Байнулмилалӣ, 26-уми январи 2024.
Баррасии шикояти Африқои Ҷанубӣ ба зидди Исроил. Додгоҳи Байнулмилалӣ, 26-уми январи 2024.

Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ дар Ҳейг (Гаага) аз Исроил талаб кард, дар ҷараёни амалиёташ дар Ғазза аз ҳар гуна рафторе, ки метавонад ҳамчун наслкушӣ арзёбӣ шавад, худдорӣ кунад. Вале 17 додраси ин додгоҳ иҷрои тақозои Африқои Ҷанубиро, ки мехост оташбаси фаврӣ ҷорӣ шавад, дастгирӣ накарданд.

Ҷаласа рӯзи 26-уми январи имсол гузашт.

Раиси додгоҳ ҳангоми қироати ҳукми муқаддамотӣ гуфт, Исроил бояд “чораҳои фаврӣ ва муассир биандешад”, то расондани ёриҳои бештари башарӣ ба фаластиниён имконпазир гардад.

"Додгоҳ аз миқёси фоҷиаи башарӣ, ки дар минтақа шудааст, хабар дорад ва аз идомаи талафоту ранҷи одамон сахт нигарон аст", - афзуд ӯ.

Африқои Ҷанубӣ рӯзи 29-уми декабри соли 2023 ба зидди Исроил шикоят карда, Телавивро ба нақзи Эъломияи пешгирӣ ва муҷозот барои наслкушӣ муттаҳам намуд.

Исроил ин иттиҳомро рад кард ва дар ҷараёни баррасии далелҳо гуфт, ки ташбеҳи амалиёти нерӯҳояш бо ҷанги Русия дар Украина "бемаъност". Ҳукумати Исроил, баръакс, аз Додгоҳи Ҳейг (Гаага) дархост карда буд, ки парвандаро пурра бекор кунад.

Додгоҳи Байнулмилалии Созмони Милал ба Исроил як моҳ фурсат додааст, ки дар бораи чораҳои андешидааш дар мавриди ҳукм гузориш бидиҳад.

Ҷанг дар Ғазза рӯзи 7-уми октябри соли 2023 бо ҳамлаи гурӯҳи "Ҳамос"* ба Исроил оғоз шуд. Дар ин ҳамла 1200 исроилӣ кушта ва 240 кас ба гарав гирифта шуданд. 130 тан аз ин гаравгонҳо ҳанӯз дар ихтиёри гурӯҳҳои фаластинӣ ҳастанд.

Ба гуфтаи мақомоти тандурустии Фаластин, аз оғози ин даргириҳо то кунун бар асари ҳамлаҳои Исроил зиёда аз 25 ҳазор фаластинӣ ҷон бохтаанд, ки қисме аз онҳо занону кӯдакон ҳастанд.

Бо вуҷуди талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои даст ёфтан ба як оташбаси доимӣ, Исроил ба он розӣ нашуда ва мегӯяд, ки то аз байн бурдани гурӯҳи "Ҳамос" ба ҷанг идома медиҳад.

*Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи “Ҳамос”-ро созмони террористӣ медонанд

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG