Трамп аз боз кардани Ҳурмуз гуфт. Эрон: "Иҷоза намедиҳем"

Киштии эронӣ дар Тангии Ҳурмуз

Доналд Трамп, президенти Амрико гуфтааст, ки агар Эрон монеи боз кардани Тангии Ҳурмуз шавад, “аз рӯи замин нобуд хоҳад шуд”. 

Ӯ рӯзи 4-уми май эълон кард, ки барои раҳо кардани киштиҳои гирмонда дар Гулӯгоҳи Ҳурмуз кӯмак мекунад.

Эрон гуфт, ки ба ин кор иҷозат намедиҳад.

Дар Халиҷи Форс беш аз 800 киштии боркаш бо 20 ҳазор маллоҳ дармондаанд ва наметавонанд, аз Ҳурмуз гузаранд. Мақомоти Амрико гуфтанд, дар амалиёти “Тарҳи Озодӣ” ба даҳҳо киштӣ кӯмак кардаанд, ки аз Ҳурмуз берун шаванд. Эрон мегӯяд, то кунун ба ҳеч киштие иҷозаи берун шудан надодааст.

Артиши Амрико мегӯяд, дар Тангии Ҳурмуз шаш қаиқӣ хурди Эронро ғарқ ва чанд паҳбоду мушакҳои болдорро маҳв кардааст. Ба гуфтаи мақомоти Амрико, Теҳрон талош дошт, ки монеи иқдоми Амрико барои боз кардани Тангии Ҳурмуз шавад.

Доналд Трамп, амалиётеро бо номи “Тарҳи Озодӣ” эълон кард, ки ҳадафаш таҳти назорат гирифтани ин роҳи муҳими дарёӣ аст.

Расонаҳои давлатии Эрон ғарқ шудани қаиқҳоро рад кардаанд.

Эрон рӯзи 4-уми май ба сӯи чанд киштӣ мушак андохта, монеи гузаштани онҳо аз Тангии Ҳурмуз шудааст. Брэд Купер, фармондеҳи баландмақоми Амрико ба суоли ин ки оё дар пайи ҳамлаҳои Эрон оташбаси эълоншуда дар рӯзи 8-уми апрел нақз шуд ё на, посухе надод.

Як созмони киштиронӣ тасдиқ кардааст, ки дар пайи ҳамлаи рӯзи гузашта дар Гулӯгоҳи Ҳурмуз як киштии Кореяи Ҷанубӣ осеб дидааст, вале ба маллоҳон зиёне нарасидааст.

Трамп дар як паём дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, ки ин киштӣ ҷузъи амалиёти раҳоӣ набуд ва пешниҳод кард, ки Кореяи Ҷанубӣ ба талошҳои Амрико барои ҳаракати амни киштиҳо аз тариқи Ҳурмуз бипайвандад.

Ин амалиёт иқдоми навбатии Трамп барои боз кардани тангии Ҳурмуз аст, ки пеш аз ҷанг 20 дарсади нафти ҷаҳон аз тариқи он мегузашт.

Мақомоти Эрон эълон карданд, ки дар чанд соати ахир ягон киштии боркаш аз ин роҳи дарёӣ нагузаштааст.