Ӯ дар ҷараёни сафар ба Калифорния дар гуфтугӯ бо шабакаи Fox News ва дар посух ба ин пурсиш, ки агар Эрон бори дигар аз созиши нав ақибнишинӣ кунад, чӣ пеш хоҳад омад, гуфт, "агар дубора созиш накунанд, зарбаи бисёр сахте хоҳанд хӯрд. Худашон ҳам инро медонанд ва комилан даркаш мекунанд. Ман чорае надорам. Онҳо набояд ба силоҳи ҳастаӣ даст пайдо кунанд".
Трамп таъкид кард, "зарбаи бисёр, бисёр сахте ба онҳо задем, аммо зарбаи аслӣ ҳанӯз дар роҳ аст ва умедворам, ки маҷбур ба истифода аз он нашавем".
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико.
Трамп айни замон аз раванди гуфтугӯҳо барои бозкушоии тангаи Ҳурмуз ибрози ризоят кард ва гуфт, "мо гуфтугӯҳои бисёр хубе бо Эрон дорем. Онҳо дӯст надоранд инро бипазиранд, аммо медонед, ин каме ҳайратовар аст. Шумо ба мардум мегӯед, ки гуфтугӯҳои фавқулодае дорем, аммо баъд як нафар аз Эрон берун меояд ва мегӯяд, "мо аслан дидоре надоштаем, ин мавзуъ дурӯғ аст".
Ӯ дар бахши дигаре аз гуфтугӯҳояш бо Fox News бо ишора ба тарафи эронӣ таъкид кард, "мегӯянд, мо дар бораи парвандаи ҳастаӣ ҳарф назадем. Пас дар бораи чӣ ҳарф задед? Дуруғ мегӯянд, вале аҳамияте надорад. Инҳо ҳарф аст ва танҳо чизе, ки муҳим аст, амал аст. Онҳо мехоҳанд созиш кунанд, бубинем чӣ мешавад. Агар нахоҳанд созиш кунанд, барояшон бисёр бад мешавад".
Чанд соат пеш аз ин гуфтугӯ, вебсайти Axios ба нақл аз манбаъҳо дар Ховари Миёна ва Амрико аз эҳтимоли ниҳоӣ шудани созише 60-рӯза байни Эрон ва Умон барои боз шудани тангаи Ҳурмуз хабар дод ва навишт, Вашингтон умедвор аст ин созишро рӯзи чаҳоршанбе эълон кунад.
Пеш аз ин, вазири молияи Амрико гуфта буд, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки то рӯзи чаҳоршанбе созише барои бозкушоии тангаи Ҳурмуз ҳосил шавад ва рафтуомад дар ин оброҳаи муҳим ба сурати оддӣ дарояд.
Мақомоти Ҷумҳурии исломӣ то кунун ба ин суханони раисҷумҳури Амрико вокуниш нишон надодаанд.
Вашингтон ва Теҳрон рӯзи 17-уми июн бо ҳадафи хатми муноқиша ва бозгушоии Ҳурмуз ёддошти тафоҳуми 60-рӯза имзо карда буданд. Аммо ихтилофҳо бар сари маънои шартҳои созишнома боис ба ҳамлаҳои нави ҳар ду тараф ба ҳамдигар шуданд.