Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи муваққати ҳамлаҳо ба Эрон. Трамп камбуди силоҳро рад кард

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико. Вашингтон, 24-уми июли 2026
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико. Вашингтон, 24-уми июли 2026

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, гузоришҳоро дар бораи кам шудани захираҳои силоҳу муҳиммоти ин кишвар рад кард.

Ӯ дар мусоҳиба бо нашрияи "The Wall Street Journal" гуфт, Иёлоти Муттаҳида нисбат ба ҳар кишвари дигар "ба маротиб бештар" муҳиммот дорад ва ҳаҷми он низ "ба маротиб бештар" аз ниёзҳои кишвар мебошад.

Рӯзномаи "The New York Times" бо такя ба манбаъҳои худ дар Кохи Сафед навишт, дар пайи нигаронии низомиён аз кам шудани захираҳои мушакӣ барои низоми дифои ҳавоӣ, Доналд Трамп аз сахттар кардани даргирӣ бо Эрон даст кашидааст.

Ин рӯзнома навишт, то охири моҳи апрел Пентагон аллакай беш аз 1200 мушаки раҳгири “Патриот”-ро, ки арзиши ҳар кадоми онҳо аз чор миллион доллар бештар аст, истифода кардааст. Ба арзёбии низомиён, аз он замон то кунун вазъи захираҳо боз ҳам бадтар шудааст.

Ба навиштаи "The Wall Street Journal", артиши Иёлоти Муттаҳида омода буд рӯзи 24-уми июл як силсила ҳамлаҳои сахтро алайҳи Эрон шуруъ кунад, ки эҳтимол то ду ҳафта идома меёфт.

Низоми "Патриот", акс аз моҳи июни 2026
Низоми "Патриот", акс аз моҳи июни 2026

Бо вуҷуди ин, амалиёт ба таъхир гузошта шуд, то "музокироти дипломатӣ идома ёбад" ва мақомҳо дар бораи пайомади ҳамлаи густурда ва захираҳои рӯ ба коҳиши мушакҳои раҳгири “Патриот” гуфтугӯ кунанд.

Баъзе аз мансабдорони амрикоӣ ба ин нашрия гуфтаанд, Доналд Трамп ҳар замон метавонад фармони ҳамларо содир кунад ва вазъият ҳамчунон тағйирёбанда мемонад.

Навор дар Инстаграм:

Тибқи гузоришҳои ду рӯзи охир, генерал Дэн Кейн, раиси Ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳида, Кохи Сафедро аз коҳиш ёфтани захираи мушакҳои раҳгири дифои ҳавоӣ огоҳ кардааст.

Каролин Левитт, сухангӯи Кохи Сафед ва Шон Парнелл, сухангӯи аршади Пентагон, таъкид кардаанд, ки артиши Иёлоти Муттаҳида барои иҷрои ҳар гуна вазифае, ки Доналд Трамп интихоб кунад, тамоми имкониятҳои заруриро дар ихтиёр дорад.

Расонаҳо навиштанд, Вазорати ҷанг ё дифои Иёлоти Муттаҳида шоми 24-уми июл бомбборон кардани ҳадафҳоро дар дохили Эрон қатъ кард.

Ба гузориши расонаҳои амрикоӣ, дар Кохи Сафед як барномаи алтернативӣ мавриди баррасӣ қарор дорад, ки чанд мушовири президент, аз ҷумла Ҷаред Кушнер, аз он пуштибонӣ мекунанд.

Ин нақша ба ҷойи амалиёти нави густардаи низомӣ тақвияти фишорҳои иқтисодиву таҳримҳо ва идомаи музокирот бо Эронро пешбинӣ мекунад.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG