Фармондеҳии марказии артиши Амрико ё СЕНТКОМ бомдоди 30 июл хабар дод, ки "нерӯҳои ИМА аз соати 8 шаб ба вақти шарқии имрӯз, ҳамлаҳо алайҳи Эронро оғоз карданд". СЕНТКОМ дар паёме навишт, "ин ҳамлаҳо посухе сахт ба ҳамлаҳои дирӯзи Эрон ба нерӯҳои ИМА дар Ховари Миёна аст".
Каме пештар низ хабарнигори вебсайти Axios ба нақл аз як манбаи амрикоӣ гузориш дода буд, ки ИМА дар ҳоли анҷоми ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Эрон аст. Ҳамзамон як мақоми амрикоӣ ба рӯзномаи Wall Street Journal гуфт, ки ҳамлаҳои нав дар Эрон, ҳадафҳои бештареро дар бар хоҳад гирифт.
ТАРКИШҲО ДАР ХУЗИСТОН, ҲУРМУЗГОН ВА ФОРС
Раиси вилояти Хузистон таркишҳо дар атрофи Аҳвоз, Шодгон ва атрофи Ободонро тасдиқ кардааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ таркишҳои Аҳвозро "сахт" гуфтаанд.
Дар вилояти Ҳурмузгон, хабаргузории "Тасним" аз се таркиш дар ҷазираи Қишм хабар дод ва раиси ин вилоят рух додани таркишҳо дар Қишмро тасдиқ кард.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчунин аз шунида шудани садои таркишҳо дар Бандар Аббос ва Ҷазираи Киш, гузориш додаанд.
Масъулин дар вилояти Ҳурмузгон мегӯянд, то кунун ду кӯдак аз зери вайронаҳои як бинои истиқоматӣ ба як маркази тиббӣ интиқол дода шудаанд ва талошҳо барои наҷоти се узви дигари ин хонавода ҳамчунон идома дорад.
Дар вилояти Форс низ хабаргузории "Тасним" аз вуқӯи таркиш дар чанд минтақаи ин вилоят хабар дод. Ҳамзамон гузоришҳое низ аз вуқӯи таркиш дар Бушаҳр нашр шудааст.
Ҳадафи ин ҳамлаҳо, коҳиши бештари таҳдидҳои Эрон ва нерӯҳои мавриди ҳимояти он алайҳи нерӯҳои амрикоӣ, киштиҳои тиҷорӣ ва кишварҳои ҳамсояи Халиҷи Форс, гуфта шудааст. Дар ҳоли ҳозир беш аз 50 ҳазор низомии амрикоӣ дар Ховари Миёна ҷобаҷо ҳастанд.
Ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳҳои Амрико дар Урдун, ки ба гуфтаи мақомҳои амрикоӣ ва урдунӣ шоми сешанбе анҷом шуд, ба бовари коршиносон метавонад нишонаи ҳаракати Теҳрон аз иқдомоти танҳо интиқомҷӯёна ба сӯи ҳамлаҳои пешдастона барои боз доштани Вашингтон бошад.
Сипоҳи посдорон эълон кард, як пойгоҳи ҳавоӣ ва маркази фармондеҳии Амрико дар Урдунро бо чанд мушаки баллистикӣ ҳадаф қарор додааст. СЕНТКОМ ин иқдомро "талош барои як ҳамлаи ғофилгирона" хонд ва Урдун низ панҷ мушаки эрониро раҳгирӣ кардааст.
Ҳамзамон, бар асари ҳамлаҳои муштараки Амрико ва Арабистони Саудӣ ба пойгоҳҳои гурӯҳҳои мавриди ҳимояти Эрон дар Ироқ дар шаби 28 ба 29 июл, 20 нафар кушта шуд ва умедҳо ба оғози дигарбораи гуфтугӯҳоро коҳиш дод.
Гуфтугӯ