Айёмбеков: "Чӣ қадаре гуфтанд, ҳамаашро супоридем". ВИДЕО

Акс аз соли 2012

Толиб Айёмбеков, аз собиқ фармондеҳони саҳроӣ дар Бадахшон мегӯяд, ки ӯ ҳама қарзҳои бонкии худро пардохт кардааст. Ин матлабро ӯ дар вокуниш ба гуфтаҳои раиси “Амонатбонк” баён кард, ки гуфт, Толиб Айёмбеков қарзҳои бонкиашро баргардонида натавонист ва аз ин хотир, амволи ба гарав мондааш, ба фурӯш гузошта шуд.

Толиб Аёмбеков рӯзи 18-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар мавриди то куҷо дуруст будани гуфтаҳои раиси “Амонатбонк” баён дошт, "чӣ қадаре буд, ҳамон қадар супоридем, дигар надорам. Чӣ қадаре гуфтанд, ҳамаашро супоридем."

Толиб Айёмбеков ҳамроҳи писараш соли 2010 аз "Амонатбонк" 455 ҳазор сомонӣ қарз гирифта буданд.

Вай дар посух ба пурсиши Радиои Озодӣ дар бораи вазъи зиндагӣ ва манбаъҳои даромадаш гуфт, "дар Хоруғ оҳиста-оҳиста ба тиҷорат машғул ҳастем, чӣ кор кунем? Як истироҳатгоҳ дорем, кори ҳамонро пеш мебарем. Истироҳатгоҳи “Авҷ” асосан барои табобати чашм, системаи асаб ва меъда равона шудааст."

Ин дар ҳолест, ки Руҳулло Ҳакимзода, раиси "Амонатбонк" рӯзи 18-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ҳарчанд амволи Толиб Айёмбеков ба фурӯш гузошта шуд, аммо то ба ҳол харидоре пайдо накардааст. Роҳбари "Амонатбонк" таъхир дар фурӯши амволи Айёмбековро ба бӯҳрони молиявӣ рабт дод ва гуфт, амволи Толиб Айёмбеков ба талаботи қарзи гирифтааш ҷавобгӯ мебошад. Вай афзуд, қарзи Оламбибӣ Гулдарбоғова, ки аз номи Ёдгор Мамадасламов -- дигар фармондеҳи пешини саҳроӣ дар Бадахшон гирифта буд, пурра баргардонда шудааст.

Дар соли 2015 Толиб Айёмбеков, фармондеҳи пешини мухолифини мусаллаҳ дар Бадахшон муваззаф шуда буд, ки то охири ҳамон сол боқимондаи қарзҳояшро ба "Амонатбонк" баргардонад, вагарна бонк амволи багаравмондаи ӯро ба фурӯш мегузорад. Толиб Айёмбеков ҳамроҳи писараш соли 2010 аз "Амонатбонк" 455 ҳазор сомонӣ қарз гирифта буданд.

Қаҳвахонаву амборҳое, ки харидор надорад

Масъулини “Амонатбонк” дар Бадахшон мегӯянд, амволи Толиб Айёмбеков як қаҳвахона ва амборҳо иборат мебошанд.

Зайнаб Маҳмадназарзода, роҳбари дафтари “Амонатбонк” дар вилояти Бадахшон мегӯяд, худи Айёмбеков амволашро ба фурӯш баровардааст, вале то ҳол умуман харидор пайдо нашудааст. Дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз Бадахшон рӯзи 18 июл ӯ гуфт, “ҳам қарз ва ҳам фоизи қарзаш мондагӣ аст. Яъне қисми қарзу қисми фоиз баргардонда нашудааст. Молу мулки Айёмбеков, ки асосан аз амволи ғайриманқул иборат мебошанд, аз соли қарз додан дар гарав буданд. Баъде, ки қарз ба таъхирафтода шуд, амволашро худи қарздор ба фурӯш баровард. Худи Айёмбеков бо мо дар ин бора ҳамкорӣ дорад ва ваъда дод, ки ягон амволам ба фурӯш равад қарзро бармегардонам.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Амонатбонк: "Амволи Толиб Айёмбеков ба фурӯш гузошта шуд"

​Роҳбари “Амонатбонк” дар Бадахшон мегӯяд, дар миёни қарздорони бузургашон дар вилоят Толиб Айёмбеков ягона муштарие мебошад, ки дар баргардондани қарзаш мушкилӣ дорад. Зайнаб Маҳмадназарзода гуфт, ба иттилое ки ӯ дорад ҳоло Толиб Айёмбеков дар истироҳатгоҳи “Авҷ” як котеҷ дошта, “аз ҳисоби ҳамон, ба фикрам, зиндагӣ доранд.”

Расонаӣ шудани исми Аёмбеков баъди ҳодисаҳои Хоруғ

Номи Айёмбеков дар пайи куштори генерал Абдулло Назаров, сардори раёсати амнияти Бадахшон дар тобистони соли 2012 расонаӣ шуд ва мақомот дар аввал ӯро дар ин қазия муттаҳам карданд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2012 дар ҷараёни сафараш ба вилояти Бадахшон гуфта буд, ки Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламов қарзашонро ба "Амонатбонк" баргардонанд.

Ҳудуди ду сол қабл, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси вақти "Амонатбонк" гуфта буд, ки қумандонҳои собиқи Бадахшон 80 дарсади қарзашонро баргардонидаанд. Оқои Нурмуҳаммадзода он замон гуфта буд, ки қарз соли 2008 бо номи пайвандони Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламов гирифта шудааст. Ба гуфтаи раиси вақти "Амонатбонк", маблағи умумии қарз 800 ҳазор сомониро ташкил медод.

Аз ин қабл, дар соли 2013 мақомоти Бонки давлатии амнонатгузории "Амонтабонк" гуфтанд, ки қарзи собиқ раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳи Бадахшонро тариқи додситонӣ меситонад. Зеро додситонӣ нисбати собиқ раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳи Бадахшон парвандаи ҷиноӣ боз карда ва ин амр имкон медиҳад, ки тариқи додситонӣ пулҳои "Амонатбонк" гирифта шавад.

Рӯзи 21-уми июли соли 2012 Абдулло Назаров, сарвари раёсати КДАМ дар Бадахшон, дар маҳаллаи Ниводаки шаҳри Хоруғ кушта шуд. Дар оғоз бадоҳатан мақомоти амниятӣ, ба шумули Додситонии кул, Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Толиб Айёмбеков ва гурӯҳи иборат аз 15-20-нафарии ӯро дар куштори ӯ ва ҳам латукӯби чор ҳамсафараш муттаҳам карданд.

Ба хотири боздошти ин гурӯҳ, нерӯҳои ҳукуматӣ дар Бадахшон амалиёти вижаеро пиёда карданд, ки рӯзи 24-ум аз субҳ то бегоҳ идома кард. Аммо пас аз таслим шудани Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Муродов ва эътирозҳои густардаи мардуми Бадахшон, амалиёт қатъ гардид.