Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бекназаров ба ҷои Назаров дар Раёсати КДАМ-и Бадахшон


Амирбек Бекназаров сардори Раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон таъйин шудааст.

Маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) аз тафсилоти бештар ба хотири махфӣ будани иттилоъ дар бораи кормандонаш худдорӣ кард. Аммо, бино ба иттилои манобеи мо, подполковник Амирбек Бекназаров дар гузашта сардори гурӯҳи фаврии КДАМ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон буда, аз кадрҳои таҷрибадори ин ниҳод ба шумор меояд.

Амирбек Бекназаров дар мақоми нав ҷойгузини Абдулло Назаров, сарвари собиқи Раёсати КДАМ дар Бадахшон, шудааст, ки рӯзи 21-уми июли соли ҷорӣ дар маҳалли Наводаки канори шаҳри Хоруғ аз сӯи афроди мусаллаҳ кушта шуд. Мақомот дар марги ӯ Толиб Айёмбеков, муовини сарвари ситоди отряди марзбонии Ишкошими раёсати марзбонии КДАМ-ро муттаҳам медонанд.

Дар ҳоли ҳозир, ба гумони даст доштан дар куштори генерали марҳум Назаров Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Гулназар, бародар ва ронандаи Толиб Айёмбеков боздошт шудаанд. Худи ӯ чанде пештар ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҳарчанд дар манзилаш ба сар мебарад, аммо ҳаққи тарк кардани шаҳрро надорад.

Рӯзи 24-уми июли соли ҷорӣ, ба дунболи куштори генерал Назаров, амалиёти низомии нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғ ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷа беш аз 40 нафар, аз ҷумла 30 ҷангӣ ва 12 намояндаи сохторҳои қудратии Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд. Қазияи Хоруғ нигарониҳои дохилӣ ва байналмилалиро ба бор овард ва мақомот гуфтанд, ки дар сурати супурдани аслиҳа аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳ афв хоҳанд шуд.

Баъд аз ин, чанд муддат оромии нисбӣ дар Хоруғ ҳукмфармо буд, аммо субҳи 22-юми август қатли Имомназар Имомназаров, яке аз фармондеҳони мухолифин дар Хоруғ, авзоъро дубора ноором сохт ва ҳазорон сокини ин шаҳр ва атрофи он ба майдон баромада, таҳқиқи куштори Имоназаровро тақозо карданд. Эътирозгарон ҳамчунин хостанд, ки нерӯҳои изофии давлатӣ ҳарчи зуд Хоруғро тарк кунанд.

Гирдиҳамомадагон дар майдони "Ваҳдат" шабро саҳар карда, танҳо пас аз имзои як тавофуқнома, ки хуруҷи нерӯҳои низомӣ аз Хоруғ ва таъқиб нашудани эътирозгаронро дар бар мегирад, ба манзилҳои худ бозгаштанд. Ҳамакнун ин шаҳр барои таҷлил аз 80-солагии худ омодагӣ мебинад, ки қарор аст, базудӣ баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG