Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин баёноти шоҳидони куштори генерал Назаров дар додгоҳ


19-уми феврал дар шаҳри Хоруғ нахустин баррасии парвандаи қатли генерал Абдулло Назаров, раҳбари пешини раёсати КДАМ дар Бадахшон, баргузор шуд.

Дар оғози муҳокимаи парвандаи куштори генерал Абдулло Назаров, раҳбари пешини раёсати КДАМ дар Бадахшон айбдоршавандагон Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Муродов иттиҳомоти воридаро "қисман" пазируфтаанд. Оқил Айёмбеков бародари фармондеҳи ғайрирасмии Бадахшон Толиб Айёмбеков буда ва Ҳамза Муродов ба ҳайси ронандаи ӯ кор мекард.

Дар ҷараёни мурофиаи имрӯза, чаҳор нафар кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ки дар рӯзи ҳодисаи куштор генерал Назаровро ҳамроҳӣ менамуданд, ҳамчун шоҳид пурсида шуданд. Дар ривояти оғози ҳодисаи қатл баёноти онҳо ва айбдоршавандагон аз ҳам фарқ кард.

Чунончӣ, айбдоршавандагон гуфтанд, генерал Абдулло Назаров аз мошин туфангча дар даст берун омад, аммо ҳамсафарони Назаров гуфтанд, дар дасти генерал на туфангча, балки телефони ҳамроҳ буд. Ин иттилоъ аз манобеъе гирифта шуд, ки дар толор ҳузур доштанд ва аммо додраси Додгоҳи Олии Тоҷикистон, Мирзоалӣ Каримов аз шарҳи мурофиа худдорӣ кард. Парванда мӯҳри махфӣ дорад, мурофиа дар муассисаи тафтишотии Хоруғ ва ба таври пӯшида баргузор мегардад. Ба мурофиа танҳо шахсони наздиктарини ҷабрдида ва айбдоршавандагон роҳ дода шудаанд.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:57 0:00

Дар парванда гуфта мешавад, ки ҳамчунин 14 нафар сокинони маҳаллӣ ба ҳайси шоҳид ҷалб карда мешаванд. Нисбати муттаҳамон аз рӯи модаи 104-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "куштор", айб эълон шудааст.

Додгустар сабаби дар маҳбас баргузор шудани мурофиаро ба таъмини бехатарии иштирокчиёни парванда марбут донист. Аммо наздикони айбдоршавандагон мегӯянд, ки барои ба таври ошкоро гузаштани мурофиаи додгоҳӣ ҳеҷ монеае вуҷуд надорад. Аммо онҳо бовар доранд, ки парванда дар чаҳорчӯбаи қонун баррасӣ мешавад.

Аммо ба гуфтаи Файзи Олӣ, вакили мудофеъи айбдоршавандагон, азбаски ҷабрдида корманди Кумитаи амнияти миллӣ буд, шояд барои баъзе ҳаракатҳояш мақомоти тафтишотӣ ба парванда мӯҳри махфӣ гузошта бошанд, вале вай бовар дорад, ки баргузор шудани мурофиа дар СИЗО барои ба таври воқеъӣ ва одилона баррасӣ шудани парванда, таъсире нахоҳад дошт.

Қаблан додситонӣ эълом дошта буд, ки дар робита ба парвандаи куштори Абдулло Назаров нисбати ду нафар сокини Хоруғ -Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Муродов айб эълон шудааст.

Ҳамроҳи додгустар, котиби судӣ ва як машваратчӣ аз Душанбе ба Хоруғ омаданд. Як машваратчии дигар аз Хоруғ ба мурофиа ҷалб шудааст.

Абдулло Назаров шоми 21-уми июли соли 2012 ҳангоме, ки аз ноҳияи Ишкошим бармегашт дар наздикии Хоруғ аз ҷониби афооди номаълум кушта шуд. Ба дунболи ин ҳодиса, субҳи 24-уми июл дар Хоруғ амалиёти мақомоти қудратӣ шуруъ шуд, ки аз ҳар ду тараф зери 70 кушта бар ҷой гузошт.
XS
SM
MD
LG