Трамп аз майли Эрон ба муколама гуфт, Тоҷикистон аз нигарониаш

Тазоҳурот дар Эрон аз моҳи декабр шурӯъ шуд ва тақрибан се ҳафта идома кард.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар як баёнияе аз шиддат гирифтани танишҳо дар Ховари Миёна изҳори нигаронии амиқ кардааст.

Дар баёнияе, ки вазорат рӯзи 27-уми январ дар вебсайти худ нашр кард, омадааст, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шиддат гирифтани вазъ дар минтақаи Ховари Миёна, бахусус нисбат ба Ҷумҳурии Исломии Эрон изҳори нигаронии амиқ намуда, бо мухолифат ба иқдомоти низомӣ, ҷонибдори ҳалли мусолиматомези ҳамаи низоъҳо тавассути роҳҳои дипломатӣ мебошад.”

Вазорат аз ҷонибҳои муноқиша хостааст, ки “бо риояи усули Оинномаи Созмони Миллали Муттаҳид ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ амал намуда, барои ҳифзи сулҳу суботи минтақа кӯшиш ба харҷ диҳанд.”

Вазорати умури хориҷӣ шиддат гирифтани вазъ “бахусус нисбат ба Эрон”-ро шарҳ надодааст, вале ин баёния дар замоне нашр мешавад, ки ҳадсу гумон дар бораи ҳамлаи эҳтимолии Амрико ба Эрон зиёдтар мешавад.

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон солҳои ахир ривоҷ ёфтаанд ва ҳукумати Тоҷикистон ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба таъсисоти низомӣ ва атомии Эронро маҳкум кардааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Эҳтимоли ҳамлаи Амрико ба Эрон аз назари коршиносон «бисёр зиёд» аст

Ҷобаҷогузории нерӯҳои Амрико дар саросари Ховари Миёна ин ҳадсу гумонҳоро ба вуҷуд овардааст, ки афзоиши нерӯҳо ва размоишҳо метавонанд, барои омодагӣ ба ҳамла алайҳи Эрон бошанд.

Рӯзи 27-уми январ, дар пайи афзоиши танишҳо бар сари эҳтимоли ҳамлаи низомӣ ба Эрон, як гурӯҳи киштиҳои ҳавопаймобари Иёлоти Муттаҳида вориди минтақаи Ховари Миёна шуд. Ин таҳаввулот дар ҳолест, ки созмонҳои ҳуқуқи башар аз кушта шудани ҳазорон нафар дар ҷараёни саркӯби эътирозҳои ахири Эрон хабар медиҳанд.

Дар миёни ошӯбҳо ва нооромиҳо, қурби пули миллии Эрон — риёл, ба шиддат суқут кард ва рӯзи 27-уми январ дар баробари доллар ба ҳадди бесобиқаи 1,5 миллион риёл расид.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, гуфтааст, ки «умедвор аст» эҳтиёҷе ба иқдоми низомӣ алайҳи Теҳрон набошад. Вале ӯ ҳамзамон бо фиристодани як «сипоҳ»-и ҷангӣ ба минтақа, эҳтимоли ҳамлаҳои ҳавоӣ ба Эронро рад накард. Ин вокуниш дар посух ба саркӯби эътирозгарони осоиштаест, ки тайи ҳафтаҳои охир ба зидди таварруми зиёд ва беқурбшавии пул ба кӯчаҳо баромаданд.

Созмони ҳуқуқи башарии HRANA, ки мақараш дар Амрикост ва Радиои Озодӣ пайваста ба маълумоти он такя мекунад, мегӯяд, ки то кунун марги 6,126 нафар, аз ҷумла нерӯҳои амниятӣ, тасдиқ шудааст.

Бино ба гузориши созмон, марги 17,091 нафари дигар дар ҳоли таҳқиқ аст. Ин дар ҳолест, ки бархе аз мақомот дар суҳбатҳои бидуни зикри ном бо расонаҳо мегӯянд, омори воқеӣ метавонад чанд баробар бештар бошад.

Доналд Трамп рӯзи 26-уми январ дар мусоҳиба бо нашрияи «Axios» вазъияти робита бо Эронро «тағйирпазир» номид ва гуфт, фиристодани сипоҳи бузурги ҷангӣ бо раҳбарии киштии «USS Abraham Lincoln» ба Ховари Миёна фишор ба Эронро бештар кардааст.

Бо вуҷуди ин ба гуфтаи Трамп, Теҳрон воқеан мехоҳад созиш кунад: «Онҳо мехоҳанд муомила кунанд. Ман инро медонам. Онҳо борҳо тамос гирифтанд. Онҳо хоҳони гуфтугӯ ҳастанд».

Эътирозҳо аз 28-уми декабр дар бозорҳои Теҳрон оғоз шуда, ба як ҷунбиши саросарии зиддиҳукуматӣ табдил ёфтанд. Эътирозгарон аз бад шудани шароити зиндагӣ ва маҳдуд шудани озодиҳо шикоят доранд. Иқтисоди Эрон, ки зери фишори таҳримҳо буд, пас аз ҷанги 12-рӯза бо Исроил дар моҳи июни соли гузашта, боз ҳам заифтар шудааст.

Дар ҳоле ки интернет дар Эрон ҳафтаҳо боз қатъ шудааст, NetBlocks хабар медиҳад, ки мақомот маҳдудиятҳоро барои пешгирӣ аз фош шудани ҳақиқати саркӯбҳо сахттар кардаанд. Сухангӯи ҳукумати Эрон қатъи интернетро «бо ҳадафи ҳифзи ҷони одамон» номид, вале шарҳ надод, ки ин чӣ маъно дорад.

Бо вуҷуди ин, наворҳои нав аз ҷараёни саркӯб ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ меёбанд. Канали «Ваҳид Онлайн» видеоеро нашр кард, ки нишон медиҳад нерӯҳои давлатӣ дар шаҳри Омул мустақиман ба сӯи мардум тир меандозанд. Ин наворҳо дурӯғи мақомотро, ки гӯё кушторҳо кори дасти «террористон» аст, фош мекунанд.