Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо фиристодани як нома аз мақомоти Австрия хостааст, 18 узви созмонҳои мухолифи ҳукуматро, ки дар ин кишвари аврупоӣ ҳастанд, ба Душанбе бисупорад.
Ин афрод, ба навиштаи ВКД, дар Тоҷикистон бо иттиҳомҳои гуногун, аз ҷумла ифротгароӣ, ҷустуҷӯ мешаванд. Баъзе аз ҳомиёни ҳуқуқ ибрози нигаронӣ кардаанд, ки режими ҳоким дар Тоҷикистон паноҳҷӯёни сиёсиро дар Аврупо ҳадаф қарор додааст.
Кӯшиши мо барои гирифтани шарҳи мақомот дар Тоҷикистон ва Австрия то ин дам бенатиҷа буд. Номаи ВКД моҳи апрели имсол ба Вазорати адлияи Австрия дастрас шуда, ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, то кунун дархости Душанбе дар бораи таслими камаш се нафар рад гардидааст.
"Далел"-и ҷониби Тоҷикистон чист?
Аз ҷумла, Додгоҳи парвандаҳои ҷиноӣ дар Вена рӯзи 29-уми июн қарор кардааст, ки С.С., зани 49-солаи тоҷик, ба Душанбе фиристода нашавад. Як манбаи огоҳ аз қазия рӯзи севуми июл бе зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, "додрас ҳамаи санадҳоро дид ва хулоса дод, ки истирдоди зан ба Тоҷикистон ғайриқонунӣ хоҳад буд."
Лайло Нозгул Сейитбек
Мусоҳиби мо афзуд, "ин зан бо як духтараш дар Вена қарор дорад. Мақомоти Тоҷикистон соли 2018 нисбат ба ӯ бо гумони даъвати оммавӣ барои тағйир додани сохти конститутсионӣ парванда боз карда, ба кофтукоб додаанд."
Аз ин пеш, 24-уми июн, Додгоҳи парвандаҳои ҷиноӣ дар Вена дархости Душанберо дар бораи истирдоди Фирдавс Шукуров, узви ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, низ баррасӣ кардааст.
Ҳомии ҳуқуқ Лайло Нозгул Сейитбек охири моҳи июн дар матлабе дар нашрияи "Дипломат" навишт, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба ҷониби Австрия Фирдавс Шукуровро узви "созмони тундраву террористӣ" муаррифӣ кардааст. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, ягона "далел"-и Тоҷикистон ин аст, ки Шукуров 13-уми октябри соли 2021 дар як тазоҳурот дар Вена зидди раисҷумҳури Тоҷикистон шиор додааст. Эмомалӣ Раҳмон он рӯзҳо бо сафари корӣ дар Фаронса ва Белгия қарор дошт.
"Гуфтанд, ин дар кишвари мо ҷиноят нест"
Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор
Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, раҳбари созмони "Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон" дар Вена, мегӯяд, дар мурофиаи Фирдавс Шукуров ширкат дошт. Вай низ гуфт, "додрас дар бораи иштироки ӯ дар ҳамоиши эътирозӣ пурсид."
"Ӯ гуфт, чанд сол боз дар Австрия паноҳанда аст ва дар ин намоиши эътирозӣ дар даст шиори зидди Эмомалӣ Раҳмон дошт. Гуфт, намоиш бо иҷозаи мақомоти Австрия баргузор шуд. Додрас гуфт, вақте паноҳандаи сиёсӣ ҳастед ва ҳамоиш расмӣ буд, ин барои кишвари мо ҷиноят нест," – афзуд Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор.
Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, мақомоти адлияи Австрия дархости Душанберо нисбат ба як шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки узви "Гурӯҳи 24" будааст, низ баррасӣ кардааст. "Ба ӯ посух дода, гуфтаанд, талабҳои Душанберо санҷиданд, аммо чун ба фаъолияти сиёсиаш иртибот дошт, рад карданд," – илова кард ӯ.
Австрия дар соли 2020 Ҳизбулло Шовализода, як узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба Тоҷикистон бозпас фиристод ва ӯ ба 20 сол зиндон маҳкум шуд.
Ҳизбулло Шовализода
Зиёда аз даҳ сол боз гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба далели мухолифат бо ҳукумат ё таъқибу азияти афзун, дар Аврупо паноҳанда шудаанд. То кунун баъзе аз кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Олмону Лаҳистон чанде аз онҳоро бо далелҳои гуногун ихроҷ кардаанд, ки дертар дар Тоҷикистон боздошт ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум гаштаанд.
Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) ва созмонҳои дигари байнулмилалӣ борҳо Олмон ва кишварҳои дигари аврупоиро барои ихроҷи паноҳҷӯён ба Тоҷикистон танқид кардаанд. Ҷое, ки ба гуфтаи онҳо, “ба намояндагони мухолифон хатари шиканҷа ва солҳои дарози зиндон таҳдид мекунад”.