Нерӯҳои амрикоӣ рӯзи душанбе ҳамлаҳои ҳавоиро ба Эрон идома доданд ва Ҷумҳурии Исломӣ дар посух ба пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабӣ зарба зад. Даргирии ду ҷониб баъд аз як танаффуси кӯтоҳ нуҳ рӯз боз идома дорад. Бо шиддат гирифтани ҳамлаҳо, нигарониҳо аз вазъи киштиронӣ дар тангии Ҳурмуз боло гирифтааст, ки яке аз роҳҳои муҳими таъмини бозорҳои ҷаҳонӣ бо нафту газ аст.
"Суст кардан"-и тавоноиҳои Эрон
Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон рӯзи 20-уми июл гуфт, бо мушакҳои баллистикӣ ҳавопаймоҳои амрикоиро дар фурудгоҳи Ақабаи Урдун ҳадаф гирифта, ба таъсисоту пойгоҳҳои низомии Иёлоти Муттаҳида дар Кувайт ва Сурия зарба зад. Дар Баҳрайн бонги хатарро ба кор андохтаанд ва артиши Кувайт гуфт, ки паҳподҳои эрониро дар ҳаво раҳгирӣ ва нобуд кард
Бо вуҷуди созишномаи оташбаси муваққатӣ дар як моҳи пеш, ҳамлаҳои мутақобила идома доранд. Фармондеҳии марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико дар баёнияе гуфт, ки ҳамлаҳои навро бо ҳадафи "суст кардан"-и тавоноиҳои Эрон дар ҳамла ба киштиҳои тиҷоратӣ оғоз кардааст.
Хабаргузории "Тасним", наздик ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, гузориш дод, ки мушакҳои амрикоӣ субҳи душанбе ба чанде аз шаҳрҳо бархӯрдаанд. Садои таркишҳо дар Табрез, Чобаҳор, Бандари Моҳшаҳр ва Бандари Имом Хумайнӣ шунида шудааст.
Таркишҳо ҳангоми ҳамлаҳои Амрико ба Эрон
Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико, гуфт, то замоне Эрон ба киштиҳои тиҷоратӣ ҳамла мекунад, зарбаҳои Амрико ба Ҷумҳурии Исломӣ идома хоҳад ёфт.
Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи душанбе хабар дод, ки ду киштии нафткаш ҳангоми гузаштан аз роҳи ноамни ҷанубии Ҳурмуз осеб дида, аз ҳаракат мондаанд.
Тангӣ ё гулӯгоҳи Ҳурмуз яке аз муҳимтарин роҳҳои таъмини бозорҳои ҷаҳон бо нафт ва гази моеъ аст ва 20 дарсад аз маводи сӯхти кишварҳои Халиҷи Форс аз он мегузарад. Нооромӣ дар инҷо ва халалдор шудани ҳаракати киштиҳои нафткаш нархи нафту газро дар саросари ҷаҳон боло бурд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Доналд Трамп гуфт, созиш бо Эрон "тамом шуд"Низомиёни Амрико гуфтанд, як сарбози онҳо рӯзи шанбе дар шимоли Ироқ ҳангоми хунсо кардани бомби паҳподҳои афтодаи эронӣ ба ҳалокат расидааст. Қаблан низомиёни амрикоӣ хабар дода буданд, ки ду сарбози онҳо дар Урдун кушта ва сеюмӣ бедарак шудааст.
Дар натиҷаи ҷанги ду тараф, ки рӯзи 28-уми феврал бо ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон ва бо ҳадафи аз байн бурдани барномаҳои ҳастаӣ ва мушакии Теҳрон оғоз ёфт, ҳазорон нафар, асосан дар Эрон ва Лубнон, кушта шудаанд.