Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Гуттереш аз ҳамла ба зерсохторҳои ғайринизомӣ дар Эрон ва минтақа

Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид
Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид

Стефан Дюжаррик, сухангӯи Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ), эълом кард, ки Гуттереш аз ҳамлаҳо ба зерсохтҳои ғайринизомӣ дар Эрон ва саросари минтақа нигарон аст.

Дюжаррик таъкид кард, ки чунин ҳамлаҳо ғайри қобили қабуланд.

Ин изҳори назар пас аз он эълон шуд, ки Амрико дар даври нави ҳамлаҳои худ ба Эрон шуморе аз пулҳо ва таъсисоти роҳу нақлиётро ҳадаф қарор дод.

Бисёре аз коршиносони ҳуқуқи байнулмилал бовар доранд, ки ҳадаф қарор додани зерсохтҳои ғайринизомӣ метавонад, ҷинояти ҷангӣ ба ҳисоб равад.

Аммо бархе дигар аз коршиносон мегӯянд, агар чунин таъсисот бо мақсадҳои низомӣ истифода шаванд ё нақши муассире дар амалиёти низомӣ дошта бошанд, мумкин аст ҳамчун ҳадафҳои қонунӣ баҳо дода шаванд.

Дар ҳамин ҳол хабаргузории ТАСНИМ, наздик ба Сипоҳи посдорони Эрон, аз ҳадаф қарор гирифтани ду пул дар минтақаи Бандараббоси Эрон дар ҳафтумин шаби ҳамлаҳои Амрико хабар дод.

Амрико дар шабҳои ахир ҳамлаҳои худро ба пулҳо ва роҳҳои иртиботии вилояти Ҳурмузгони Эрон шиддат бахшидааст.

Мақомҳои амрикоӣ мегӯянд, ҳадаф аз ин ҳамлаҳо вайрон кардани роҳҳоест, ки аз сӯи неруҳои низомии Эрон истифода мешаванд. Аммо мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ мегӯянд, ин ҳамлаҳо зерсохтҳои ғайринизомиро ҳадаф қарор додаанд.

Неруҳои низомии Эрон низ дар иваз ба пойгоҳҳои Амрико ва ҳамчунин зерсохтҳо дар чанд кишвари минтақа ҳамла кардаанд.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG