“То кай вайронаҳоро ба сайёҳон нишон медиҳем?”

Қалъаи Хуҷанд баъд аз тармиму бозсозӣ дар моҳи апрели соли 2024

“Оё намешавад, ки Ҳулбукро низ ба мисли қалъаи Хуҷанд ва қалъаи Истаравшан таъмиру азнавсозӣ кард, то сайёҳон омада, дар бораи мо хулосаи хуб ва мусбат бароранд? То кай ба онҳо вайронаҳоро нишон медиҳем?” Ин пурсиши як хабарнигори тоҷик дар нишасти Оҷонси ҳифзи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон баҳсеро барангехт. Нишаст дар оғози моҳи июл баргузор шуд.

Шералӣ Хоҷазода

Шералӣ Хоҷазода, мудири Оҷонсӣ, гуфт, “таъсиси пажуҳишгоҳи миллӣ маҳз аз байн бурдани он кулуху сангҳоеро дар бар мегирад, ки ҳозир Шумо гуфтед. Ин нақша нест, ки мо ҳар чӣ зудтар ин ё он иншоот ё ёдгориро тармим ё сохтмонашро ба анҷом расонем. Корҳои тармиму барқарорсозӣ ин пеш аз ҳама илм аст.” Нишаст

Дар Тоҷикистон солҳои охир дар доираи барномаҳои давлатӣ ва ёрии созмонҳои байнулмилалӣ даҳҳо ёдгории таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла қалъаҳои Хуҷанду Мири Балҷувон, Муғ, Ҳисор, Ҳулбук, мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва қалъаи Ямҷун бозсозӣ шудаанд.

Дар нишасти хабарӣ рӯзноманигорон аз Шералӣ Хоҷазода пурсиданд, ки баъзе аз маконҳои таърихӣ бо усули муосир бозсозӣ мешаванд ва оё ин арзиши онҳоро кам намекунад?

Вай посух дод, ки "дар замони мураккаби ҷаҳонишавии таъриху фарҳанг қарор дорем" ва такрор намуд, ки таъсиси пажуҳишгоҳи миллӣ дар назди ниҳоди зери раҳбарияш барои он аст, ки барқарорсозии ёдгориҳои таърихӣ бар асоси илм сурат гиранд.

Қалъаи Ҳисор

Вале ба назари коршинос Мирзошариф Абдусаломов дар як қатор ёдгориҳои таърихӣ ҳангоми бозсозӣ талабот ё меъёрҳои пешбинишуда ба инобат гирифта намешаванд.

Мирзошариф Абдусаломов, ки дар ин самт корҳои илмиву таҳқиқотӣ анҷом додааст, аз ҷумла қалъаҳои маъруфи Ҳулбук ва Ҳисорро мисол овард:

“Мо дар бораи тамаддуни сеҳазорсолаи Ҳисори Шодмон сухан мегӯем. Худи объекти ёдгории таърихӣ-фарҳангӣ иборат аз 6-7 бинои таърихӣ аст, масалан Қасри ҳоким аст он ҷо, қисмати осорхона аст, майдон аст, Қалъаи Ҳисор аст. Дар маҷмуъ, як мамнуъгоҳи таърихиву фарҳангӣ. Вақте базаи таърихии онро ҳангоми барқарорсозӣ несту нобуд мекунанд, ин аз ҷониби Бунёди илм ва фарҳанги Созмони Милал ё ЮНЕСКО пазируфта намешавад.”

Ин коршинос бар ин назар аст, ки масъулон ба раванди бозсозии маконҳои таърихӣ бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ диҳанд, то арзиш ва асолати онҳо кам ва ё нест нашаванд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Баҳси таъмири ёдгориҳои таърихӣ дар Тоҷикистон

Мудири Оҷонси ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, таъмиру барқарор ва дар шакли дуруст пешниҳод кардани маконҳои таърихию фарҳангӣ вақт ва пули муайян талаб мекунад. Чизе, ки на ҳамеша дастрас аст.

Дар Тоҷикистон беш аз севуним ҳазор ёдгории таърихию фарҳангӣ сабт шудааст. Қарор аст, бар асоси як тарҳи давлатӣ барои солҳои 2027-2031 понздаҳ ёдгории таърихию фарҳангиро тармиму бозсозӣ кунанд. Аммо маълум нест, ин барнома баъзе аз ёдгориҳои таърихиро, ки акнун дар байни хонаҳои мардум монда, бо хатари нобудӣ дучор ҳастанд, аз ҷумла "Қалъаи Афросиёб" дар вилояти Суғд, дар бар мегирад ё не.