Ҳамзамон бо афзоиши танишҳои дипломатӣ байни Русия ва Бритониё, сафорати Русия дар Лондон рӯзи 23-юми август тасдиқ кард, ки ин кишвар дар Бритониё дигар сафир надорад ва иддао кард, Лондон масъули печида шудани робитаҳои дуҷониба аст.
Баёнияи сафорат пас аз он нашр шуд, ки рӯзномаи Sunday Times гузориш дод, Маскав сафири худ Андрей Келинро дар талош барои водор кардани Бритониё ба таҷдиди назар дар ҳимоят аз Украина "фаро хондааст".
Ба гузориши ин рӯзнома, Маскав то кунун барои ҷойнишинии Келин номзаде муаррифӣ накардааст ва кормандони сафорат низ зоҳиран дар бораи таъйини сафири нав маълумот надоранд.
Сафорати Русия дар баёнияе бо ишора ба ин гузориш дар бораи поёни маъмурияти дипломатии Андрей Келин гуфт, "сафорат таъкид мекунад, ки ҳеч як аз матлабҳои матраҳшуда нишондиҳандаи нияти тарафи Русия барои коҳиши сатҳи робитаҳои дипломатӣ миёни ду кишвар нест".
Андрей Келин, сафири Русия дар Бритониё.
Ин баёния афзуд, "дар мавриди вазъияти робитаҳои Русия ва Бритониё дар тамоми арсаҳо, ин робитаҳо комилан ба ибтикори Лондон ба сатҳе бесобиқа поин шудааст".
Бар асоси гузориши Sunday Times, Келин, ки беш аз ҳафт сол сафири Русия дар Бритониё буд, 21-уми июн аз вазифааш канорагирӣ кард. Ин рӯзнома навишт, "коҳиши сатҳи робитаҳои дипломатӣ аз тариқи фаро хондани сафир яке аз роҳҳои расмии давлатҳо барои ибрози норозигии сахт ё эътироз, бе қатъи комили робита аст".
Вазорати корҳои хориҷии Бритониё дар гуфтугӯ бо хабаргузории "Франс пресс", мавзуъро "марбут ба Вазорати корҳои хориҷии Русия" донист. Ин вазорат дар баёнияе гуфт, "мо дар Маскав сафир дорем, то бо ҳукумати Русия дар иртибот бошем ва нигароиҳои худро матраҳ кунем".
Сафорати Бритониё дар Маскав. Акс аз бойгонӣ.
Вазорати корҳои хориҷии Бритониё афзуд, "мо ҳамчунон шона ба шона дар канори Украина истодаем, кишваре, ки ҳақ дорад дар баробари ҳуҷуми ғайриқонунӣ ва таҳрикшудаи Русия аз худ дифоъ кунад".
Русия рӯзи душанбе ҳамчунин ба Бритониё ҳушдор дод, ки дар пайи гузоришҳое дар бораи истифода аз паҳподҳои сохти Бритониё, ки дар ихтиёри Украина қарор гирифтаанд, Лондон "баҳои онро хоҳад пардохт".
Сафорати Русия дар Лондон, Бритониёро муттаҳам кард, ки ба "шарик ва ҳамдаст"-и ин ҳамлаҳо табдил шуда ва "қасдан роҳи печидатар шудани таниш" дар даргириро интихоб кардааст.
Сафорати Русия гуфт, "ҳарчӣ дахолати он дар ин даргирӣ амиқтар шавад ва ҳимояти он аз мошини террористии Киев афзоиш ёбад, баҳое, ки хоҳад пардохт низ бештар хоҳад буд".
Бритониё аз замони оғози ҳамлаи густурдаи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022, яке аз муҳимтарин пуштибонҳои Киев будааст. Лондон то кунун ҳудуди 25 миллиард поунд (муодили 33 миллион доллар) кӯмак ба Украина ҷудо кардааст, ки ҳудуди 16 миллиард поунди он кӯмакҳои низомӣ будааст.
Украина тайи моҳҳои ахир ҳамлаҳои дурбурди худ ба нуқтаҳое дар дохили Русиро афзоиш дода ва ҳамзамон Маскав низ ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподии худ алайҳи пойтахти Украинаро афзоиш додааст.