"Тангаи Ҳурмуз боз нашавад, ба нерӯгоҳҳо ҳамла мекунем". Таҳдиди Трамп ба Эрон

Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ба Теҳрон 48 соат муҳлат дод, ки тангаи Ҳурмузро боз кунад, дар акси ҳол ба неругоҳҳои мухталифи Эрон ҳамла хоҳад шуд.

Трамп 21-уми март дар паёме дар шабакаи иҷтимоиаш Truth Social навишт, "агар Эрон давоми 48 соат аз ҳамин лаҳза, тангаи Ҳурмузро бидуни ҳеч гуна таҳдид ба таври комил боз накунад, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико неругоҳҳои мухталифи онҳоро ҳадаф қарор дода ва ба хок яксон хоҳад кард. Ва ин корро аз бузургтарин неругоҳ оғоз мекунем. Аз таваҷҷуҳи шумо ба ин мавзуъ сипосгузорам. Раиси ҷумҳур Доналд Ҷо Трамп”.

Дар айни ҳол раиси ҷумҳури Амрико мушаххас нагуфт, ки дар сурати боз накардани тангаи Ҳурмуз кадом неругоҳҳои Эрон ҳадаф қарор мегиранд. Бинобар гузоришҳо, бузургтарин неругоҳҳои барқии Эрон, неругоҳи Дамованд (маъруф ба неругоҳи шаҳидони Покдашт) ва неругоҳи Корун дар минтақаи Хузистон аст.

Як сухангӯи артиши Эрон 22-юми март дар посух ба таҳдиди Доналд Трамп гуфт, дар сурати ҳамлаи Амрико ба неругоҳҳои Эрон, онҳо ба зерсохтҳои минтақа ҳамла мекунанд. Сухангӯи қароргоҳи Хотамуланбиё дар баёнияе, ки хабаргузории Форс нашр кард эълом кард, ки "агар душман ба зерсохтҳои сӯхт ҳамла кунад, тамоми зерсохтҳои энержӣ, фанноварӣ ва иттилоотӣ ва обширинкуни мутааллиқ ба Амрико ва режим дар минтақа, ҳадаф қарор хоҳад гирифт".

Тангаи Ҳурмуз

Тангаи Ҳурмуз яке аз муҳимтарин гузаргоҳҳои энержии ҷаҳон аст ва тақрибан аз панҷ як ҳиссаи нафт ва гази содиротии ҷаҳон аз ин масир мегузарад. Сипоҳи посдорони Эрон дар рӯзҳои охир ҳамлаҳоро ба киштиҳо дар ин оброҳа бештар кардааст.

Рӯзи шанбеи 21-уми март беш аз 20 кишвар иқдоми Эрон барои "бастан"-и ин оброҳаи ҳаётиро маҳкум карданд. Мақомоти Ҷумҳурии исломӣ мегӯянд, Эрон тангаи Ҳурмузро пурра набастааст, вале барои убури киштиҳои баъзе кишварҳо иҷоза намедиҳанд. Ин дар ҳолест, ки Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари нави Ҷумҳурии исломӣ дар аввалин изҳороти матбуотӣ, ки ба ӯ нисбат дода мешавад, ба бастани тангаи Ҳурмуз ва истифодаи он ҳамчун абзори фишор таъкид карда буд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ариэл Коҳен: Фишори энержии Эрон "дар ниҳоят нопойдор аст"

Баста шудани тангаи Ҳурмуз боиси якбора боло рафтани нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ шуд. Рӯзи 21-уми март нархи ҳар бушка нафти навъи Brent ба 110 доллар расид.

Доналд Трамп аз кишварҳое, ки аз тангаи Ҳурмуз барои интиқоли нафту газ истифода мебаранд талаб кард, ки дар таъмини амнияти киштиҳо дар ин оброҳа пешсаф бошанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Амрико эҳтимоли фиристодани нерӯҳоро ба Эрон арзёбӣ мекунад?Зарбаҳои интиқомҷӯёнаи Эрон ва идомаи ҳамлаҳои Исроилу АмрикоИнтиқоди сахти Трамп аз ҳампаймонҳои Амрико дар НАТОҲамла ба бандари Фуҷайра дар Имороти Муттаҳидаи Араб