Талоши ошӯб дар Боздоштгоҳи Хуҷанд?

Акс аз бойгонӣ

Чанд манбаи Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои интизомӣ рӯзи дувуми феврал тасдиқ карданд, ки дар ҳодисае дар Боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд "як зиндонӣ безарар карда шудааст". Мақомот дар Тоҷикистон ин ибораро бештар ба ҷойи куштан ё маҳв кардан истифода мебаранд.

Яке аз манбаъҳои огоҳ бо шарти фош нашудани ному мақомаш хабар дод, ки воқеа рӯзи 31-уми январ рӯй додааст ва аз он замон то ҳоло "нерӯҳои интизомӣ дар ҳолати омодабош ҳастанд."

Бо гузашти ду рӯз мақомот дар бораи воқеа хабари расмӣ нашр накардаанд. Кӯшиши мо барои гирифтани тасдиқи расмии ҳодиса ва ҷузъиёти он то ин дам бенатиҷа буд.

Як манбаи Радиои Озодӣ мегӯяд, аз забони як шоҳиди воқеа чунин шунидааст: "Соати 10-11-и рӯз гумонзадҳоро ба ҳавлии боздоштгоҳ баровардаанд, то ҳавои тоза гиранд. Яке аз онҳо силоҳи зиндонбонро гирифта, ба сӯйи корманди боздоштгоҳ тир задааст. Корманд дар ҷойи ҳодиса ҷон додааст." Радиои Озодӣ ба таври мустақилона ин иттилоъро тасдиқ ё рад карда наметавонад.

Дар ҳоле ки мақомот ҳодиса ва ҷузъиёташро намегӯянд, мусоҳиби мо афзуд, "ҳама чиз дар зарфи як соат ба ҳолати пешина оварда шуд. Масъулони Боздоштгоҳ маъмурони БДА-ро ба кумак даъват карданд, то аз фирори гумонбарон пешгирӣ кунанд. Ҳеч кас фирор накардааст. Як зиндонӣ безарар гардонда шудааст."

Як рӯз пеш Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи "Ислоҳ" ва аз намояндагони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, дар шабакаҳои иҷтимоӣ теъдоди кушташудаҳоро бештар номид. Ӯ ҳамзамон навишт, азбаски маълумоти гуногун мерасанд, "наметавонем рӯйи яке аз онҳо такя кунем."

Радиои Озодӣ низ ба ҷустуҷӯ дар ин замина идома медиҳад ва ҳар иттилои наве ба даст омад, дар матн илова хоҳад шуд.

Ба иттилои мусоҳибони мо, таҳқиқи ҳодиса сар шудааст, вале ангезаи ҳамлаи гумонбар ба корманди Боздоштгоҳи муваққатӣ рӯшан нест.

Дар Тоҷикистон 19 боздоштгоҳ ва зиндон ҳаст. Мақомоти Тоҷикистон дар суҳбатҳои худ аз беҳтар шудани шароити боздоштгоҳу зиндонҳо суҳбат мекунанд. Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар соли 2024 "аз ҳад зиёд будани зиндониҳоро дар маҳбасҳои Тоҷикистон" мушкили ҷиддӣ номид.

Дар солҳои охир дар зиндонҳои Хуҷанд ва Ваҳдат (2018, 2019 ва 2025) чанд ошӯб ё исён рух дода, зиёда аз 50 нафар кушта шуданд. Мақомот ҳамвора ошӯбро кори дасти ифротгароёни исломӣ донистаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ бадрафтории мақомот бо маҳбусон, аз ҷумла тамаъҷӯиро аз сабабҳои эҳтимолии ангезандаи исёни маҳбусон ном бурданд.