Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар посух ба маҳдудияти парвозҳои ширкати ватании “Сомон Эйр” дар Русия гуфт, ки таҳримҳои худро ба ду ширкати ҳавоии ин кишвар -- “Уралские авиалинии” ва “ЮтЭйр” ҷорӣ мекунад. Масъулини вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки имрӯз, 4 апрел ба унвонии ҳамкорони русашон нома навишта ҳушдор доданд, ки агар то 6 апрел манъи парвозҳои ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр” ба шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербург лағв нашавад, ҷониби Тоҷикистон 7 парвози ширкатҳои русӣ ба шаҳрҳҳои Душанбе ва Хуҷандро манъ хоҳад кард.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар ҳоле, ки ба назар мерасад баҳси парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон дар чор моҳи охир боз ҳам амиқтар мешавад, дар Душанбе ба ин боваранд, ки Маскав дар амри ҳифзи манфиатҳои худ, манфиатҳои Тоҷикистонро ба ҳам мезанад. Бо як тасмими худ аз рӯзи 3 апрел, Русия парвозҳои ширкати “Сомон Эйр”-ро ба Маскаву Санкт-Петербург ҳам маҳдуд кард. Аз ин пеш аз охири декабри соли 2016 парвозҳо ба шаҳрҳои дигари русӣ манъ шуда буд.
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, ки ширкати русии "Ямал" исрор дорад, ки ҳафтае ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ҳафт парвоз анҷом диҳад
Илҳом Тоҳиров, сармутахассиси раёсати авиатсияи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 4 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки номаи онҳо рӯзи сешанбе ба масъулини вазорати нақлиёти Русия номае ирсол шуд. Ба қавли Тоҳиров, дар нома ҳушдор дода шудааст, ки агар то 6 апрел тасмими манъи парвозҳои ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр” ба шаҳрҳҳои Москва ва Санкт-Петербург лағв нашавад, ҷониби Тоҷикистон тасмимҳои мушобеҳе рӯи даст хоҳад гирифт. Ҷаноби Тоҳиров аз ҷумла гуфт, ки “қарор аст аз 6 апрел 7 парвози ширкатҳои ҳавоии “Уралские авиалинии” ва “ЮтЭйр” ба шаҳрҳҳои Душанбе ва Хуҷанд манъ карда шавад”.
Зимнан, “моҷарои ҳавоӣ” миёни Русия ва Тоҷикистон аз 4 моҳ ба сӯ идома дорад ва ҳарду ҷониб ҳам зоҳиран сари парвозҳои ширкати “Ямал” – бозигари навбатӣ дар бозори ширкатиҳои ҳавоӣ ба тавофуқе даст намеёбанд.
Сафири Русия: "Ихтилофи аслӣ атрофи шумораи парвозҳост"
Рӯзи 4 апрел Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки феълан ҷонибҳо талош доранд то мушкили парвозҳоро бо усули паритет ва ё баробарӣ ҳал кунанд. Вай гуфт, "муносибатҳои молӣ мушкилоти фаровон дорад ва ҷонибҳо ҳамеша аз манфиатҳои худ ҳимоят мекунанд. Фикр мекунам, ки ҷонибҳо бар пояи мувофиқатномае, ки дар Ҳамоиши 14-уми комиссияи байнидавлатии Тоҷикистону Русия, ки дар моҳи январ дар Душанбе баргузор шуд, ихтилофҳои назари худро ҳал мекунанд."
Вай дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки пушти моҷарои ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Русия, ки ҳудуди шаш моҳ боз идома дорад, чӣ ангезаҳое нуҳуфта аст, гуфт, "ба андешаи ман, ихтилофи аслӣ дар атрофи шумораи парвозҳо аст, ки ширкатҳои ҳавоии Русия мехоҳанд аз фурудгоҳи Жуковскийи вилояти Маскав ба шаҳрҳои Тоҷикистон анҷом диҳанд."
Тоҷикистон ҳам инро тасдиқ мекунад ва мегӯяд, ки набуди баробарӣ ё партитет дар шумори парвозҳо, манфиатҳои Душанберо зери по мекунад.
Вокуниши Тоҷикистон ба манъи парвозҳои "Сомон Эйр"
Субҳи 4 апрел Вазорати нақлиёти Тоҷикистон баёнияеро расонаӣ кард, ки бар мабнои он ва тибқи созшномаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия парвози ҳавопаймоҳо ба кишварҳои ҳамдигар бояд бар пояи баробарӣ ё “паритет” сурат бигирад. “Аммо воқеият ин аст, ки ширкатҳои ҳавоии Русия ба фурудгоҳҳои Тоҷикистон дар ду моҳи охир 496 парвоз анҷом дода, ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия танҳо 295 парвоз кардаанд”, гуфта шудааст дар баёния.
Дар робита ба қазияи нагирифтани муҷаввизи парвозҳои ширкати русии “Ямал” ба фурудгоҳҳои Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти кишвар навиштааст, ки “мо пешниҳод кардем ширкати ҳавоии “Ямал” ҳафтае ду парвоз ба шаҳрҳои Қӯрғонтеппа в Кӯлоб анҷом диҳад. Ширкати русӣ ин пешниҳодро напазируфт. Сипас, мо пешниҳод кардем ҳафтае ду парвоз ба шаҳрҳҳои Душанбе ва Хуҷанд анҷом диҳад. Аммо ин пешниҳод низ қабул нашуд ва ширкат иддао дорад, ки мехоҳад ба ин ду шаҳр ҳафтае 7 парвоз анҷом диҳад”.
Пушти ин моҷаро чӣ ниҳон аст?
Илҳом Тоҳиров, сармутахассиси раёсати авиатсияи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, ки дар пасманзари ин моҷаро манфиатҳои Русия ниҳон аст.
Вай афзуд: "Ҳадафи аслии ин моҷаро фишороварӣ ба ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон мебошад. Яъне, мехоҳанд мусофирони ширкатҳои ҳавоии моро азхуд кунанд ва аз ин роҳ ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистонро муфлис созанд. Чунин таҷрибаро мо дар мисоли ширкатҳои ҳавоии Арманистон мушоҳида кардаем. Ҳоло иддао мекунанд, ки нархи билетро мо арзон мекунем. Аммо ин аз воқеият дур аст ва кӣ кафолат медиҳад, ки чунин амр сурат хоҳад гирифт. Бо ин баҳона вориди бозори мусофиркашонии Тоҷикистон шуда ва сипас мехоҳанд ширкатҳои ҳавоии моро муфлис созанд. Дар созишнома шакли баробарии ҳамкорӣ зикр шудааст. Аммо дар амал ин баробарӣ дида намешавад. Ҷониби Тоҷикистон тамоми нуқтаҳои ин созишномаро иҷро мекунад."
Оё "моҷарои ҳавоӣ" ангезаи сиёсӣ дорад?
Алишер Рустамов, коршиноси арсаи авиатсияи Тоҷикистон, ки то ин авохир дар симмати муовини раҳбари ширкати ҳавоии “Сомон Эйр” ифои вазифа кардааст, бар ин назар аст, ки “моҷарои ҳавоии” миёни Русия ва Тоҷикистон аз ангезаҳои сиёсӣ орӣ нест.
Вай афзуд: "Русия дар ду соли ахир таҳти таҳримҳои байналмиллалӣ қарор дорад. Як бозори сердаромади ширкатҳои ҳавоии Русия бозори мусофиркашонии Украина буд. Аммо, ду соли охир Украина ширкатҳои ҳавоии русиро ба кишвари худ роҳ намедиҳад. Ба ин хотир онҳо талош мекунанд, ки бозори кишварҳои дигари пасошӯравиро таҳти назорати худ дароваранд. Мутаассифона, дар Русия мизони фасодкорӣ баланд аст ва мақомот таҳти фишори доираҳои тиҷоратӣ қарор гирифтааст. Ба ин хотир, мақомоти Русия ҳар чизеро, ки ин доираҳо мегӯянд, иҷро мекунад. Вале, ҳадафи асосии Русия забти бозори ҳавоии Тоҷикистон мебошад."
“Моҷарои ҳавоӣ” миёни Тоҷикистон ва Русия дар ҳоле шадидтар шуд, ки аз моҳи гузашта мавсими сафари муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия шурӯъ шудааст. Бархе аз коршиносон ҳадс мезананд, ки сабаби аслии ихтилофи назарҳо дар мавриди ҳузури ширкатҳои ҳавоии Русия дар бозори мусофиркашонии Тоҷикистон ба қиммати билети парвозҳо рабт мегирад.
Гуфта мешавад, ки ширкатҳои ҳавоии Русия ба мусофирон билетҳои арзонтаре пешниҳод мекунанд, ки он ба сиёсати тиҷоратии ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон созгор нест. Ҳамчунин ин суол матраҳ аст, ки чаро зери таҳримҳои “ҳавоии” Русия ширкати хусусии “Сомон Эйр” қарор гирифтааст, на ширкати давлатии “Тоҷик Эйр”. Ҳарчанд ин ду ширкат тақрибан миқдори баробари парвозҳо ба шаҳрҳои Русияро анҷом медиҳанд.