Тафсилоти боздошти гумонбарон дар қатли оилаи соҳибкор

Манзили соҳибкорон Мақсудҷон Муҳаммадҷонов ва Ибодат Неъматуллоева.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар қатли зану шавҳари соҳибкор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як гурӯҳи ҷиноӣ иборат аз сокинони ноҳияи Конибодом, Масчоҳ ва Восеъ даст доранд. Ин гурӯҳи шашнафарӣ охири моҳи январ пас аз содир кардани ҷиноятӣ навбатӣ аз ҷониби кормандони шӯъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ боздошт мешаванд.

Сайфулло Абдиев, Ҷунайдулло Меҳбуллоев, Шарофиддин Абдуллоев, Абдусувуд Имомов, Абдуманон Эргашев ва Рустам Маъруфзода ба ҷуз куштори зану шавҳари соҳибкор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар беш аз даҳ ҳолати дуздӣ, ғоратгарӣ ва роҳзанӣ муттаҳам мешаванд.

Мақсудҷон Муҳаммадҷонов ва Ибодат Неъматуллоева, моликони дӯкони матоъфурӯшӣ дар бозори “Панҷшанбе”-и Хуҷанд, шаби 17 ба 18-уми октябри соли гузашта дар манзили зисташон кушта шуданд.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки беш аз чор моҳ барои боздошти ин гурӯҳ кор бурда шуд. Ин гурӯҳ пас аз он боздошт шуд, ки шаби 25 ба 26-уми январи соли равон дар деҳаи Алачабофи ноҳияи Рӯдакӣ вориди хонаи Умед Турсунов шуда, даст ба ғоратгарӣ мезананд. Дар пайи ҳамла Умед ва бародараш - Маҳмуд Турсунов маъюб мешаванд.

Мақомот мегӯянд, пас аз боздошт маълум шуд, ки ин гурӯҳ дар ноҳияи Восеъ, Рӯдакӣ, Бобоҷон Ғафуров, Шоҳмансур ва Фирдавсии шаҳри Душанбе низ даст ба ҷиноят задаанд ва дар дуздии мошинҳо низ даст доштаанд.

Қаблан, мақомот гуфта буданд, ки қотилони зану шавҳари соҳибкор дар деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздошт шудааст, вале тафсилот надода буданд. Мақсудҷон Муҳаммадҷонов ва Ибодат Неъматуллоева, моликони дӯкони матоъфурӯшӣ дар бозори “Панҷшанбе”-и Хуҷанд шаби 17 ба 18-уми октябри соли гузашта дар манзили зисташон кушта шуданд.

Дӯкони оилаи соҳибкор дар бозори "Панҷшанбе"-и шаҳри Хуҷанд.

Генерал Қудратулло Назарзода, сардори Раёсати умури дохилии вилояти Суғд, рӯзи 2-юми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки "ин гурӯҳ пинҳонӣ ба ҳавлии Мақсудҷон Муҳаммадҷонов ворид шуда, соҳибхона ва ҳамсараш Ибодат Неъматуллоеваро бо “скотч” ва ноқили барқ бастаанд. Азобу машаққати зиёд дода, куштаанд."

Қаблан баъзе аз манобеи умури дохилии вилояти Суғд гуфта буданд, ки гурӯҳи ҷиноӣ аз манзили ин ду соҳибкори кушташуда 75 ҳазор доллар ва чизҳои дигари қиматбаҳоро рабудааст. Мақсудҷон Муҳаммадҷонов ва ҳамсараш дар бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд дӯкони матоъфурӯшӣ доштанд. Он вақт хабари марги онҳо ҳамкорон ва наздиконро сахт мутаассир карда буд.

Наздикони Мақсудҷон Муҳаммадҷонов аз аввал мегуфтанд, ки бухлу ҳасад бар молу кори онҳо, сабаби куштор будааст. Абдумаҷид Ҳалимов, як хешованди Мақсудҷон Муҳаммадҷонов гуфт, "кам андар кам аст, ки дар замони мо одам бо меҳнати худ ба ин дараҷа бирасад. Дигарон бахилӣ карда, аз инҳо кашида гирифтанд. Ҳар касе ин корро кардааст, бояд ҷазои сазовор гирад."

Ҳафт узви хонаводаи Раҳматовҳо барои қатли хонаводаи Бобоевҳо ба муддатҳои гуногун равонаи зиндон шуданд.

Солҳои ахир чанд ҳодисаи пурсарусадои ғорати сокинони "пулдор" дар вилояти Суғд рух дода, соҳибкоронро нигарон кард. Аз ҷумла, моҳи июни соли 2013 як гурӯҳ, ки баъдан маълум шуд аъзои як хонавода будаанд, нимашаб ба қасди ғорат ба хонаи тиллофурӯш Аҳмадхӯҷа Бобоев дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ворид шуда, ӯ, ҳамсараш Ҳаётхон Бобоева ва фарзандонашон Рухшона, Сӯҳроб ва Санҷарбекро куштанд ва хонаашонро оташ заданд.

Ин ҷиноят боиси сарусадоҳо дар байни мардум гардид ва раиси ҷумҳур низ ба мақомоти пулис дастур дод, ки ба ҳар қимате набошад, омилони ҷиноятро муайян ва дастгир кунанд. Кормандони пулис баъд аз ду соли ин ҳодиса, оилаи Раҳматовҳо – сокинони шаҳри Хуҷандро дастгир намуданд. Баъдан ин ҳафт нафар барои қатли хонаводаи Бобоевҳо ба мӯҳлатҳои гуногун равонаи зиндон шуданд.