Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оилае, ки 10 сол боз тилофурӯшонро "шикор" мекард


Генерал Шариф Назарзода ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигорон. 11 августи 2015
Генерал Шариф Назарзода ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигорон. 11 августи 2015

Сардори Раёсати корҳои дохилии Суғд мегӯяд, ки гумонбарони қатли Аҳмадхӯҷа Бобоев, ҳамсар ва се фарзанди хурдсолаш дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даҳ сол боз ба шикори тилофурӯшҳо ва саррофон машғул будаанд.

Генерал Шариф Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, рӯзи 11 август дар як нишасти хабарӣ дар Хуҷанд ҷузъиёти боздошти аъзои оилаи Раҳматовҳоро, ки дар куштори соҳибкор Аҳмадхӯҷа Бобоев ва ҳамсару се фарзанди хурдсолаш айбдор мешаванд, шарҳ дод. Ӯ гуфт, Раҳматовҳо, сокинони шаҳри Хуҷанд ва Чкалов, тайи тақрибан даҳ соли охир ба "шикор"-и асосан тоҷирони маҳсулоти заргарӣ ва кормандони мубодилаи асъор машғул будаанд. Ба қавли генерал Назарзода, ин хонавода дар ин муддат 7 нафарро кушта, 1 миллиону 600 ҳазор сомонии тоҷирон ва кормандони мубодилаи асъорро тасарруф кардаанд.

"Луқмае, ки онҳо ва фарзандонашон мехӯрданд, бӯи хун мекард. Аслан зиндагии бе заҳмат онҳоро ба гирдоби ҷиноят тела дода буд ва ҳар дафъа кирдорҳои ваҳшиёнатарро содир менамуданд," -- гуфт Шариф Назарзода дар сӯҳбат бо хабарнигорон.

Ноне, ки бӯи хун мекард...
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:08 0:00

Ӯ афзуд, оилаи Раҳматовҳо аз соли 2005 боз дар минтақаҳои мухталифи вилояти Суғд ба ҷиноят даст зада, боздошташон баъди ҳамлаи 20 июли онҳо ба Зебӣ Қосимова ном сокини Хуҷанд имконпазир шудааст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, ки баъд аз ду сол ба гумони даст доштан дар куштори пурсарусадои оилаи Бобоевҳо сокинони Хуҷанд -- Муҳиддин Раҳматов (1966) ва Адҳам Раҳматов (1998)-ро боздошт карда, "ҳамроҳонашон" - Олим Раҳматов ва Қиёмиддин Раҳматовро таҳти пайгард қарор додааст. Сарвиноз Раҳматова, духтари ин хонадон, низ барои "иштирок" дар ҷинояти дигар низ дар боздошт будааст.

Қатли хонаводаи Бобоевҳо, ки ба тиҷорати ҷавоҳирот машғул буданд, 2 июни соли 2013 сурат гирифта, аммо боздошти омилонаш тайи бештар аз ду сол давом кард. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки дар рӯзҳои баъд аз ин ҳодиса дар Суғд қарор дошт, аз мақомот хоста буд, ҳарчӣ зудтар гумонбарони қазияро боздошт ва муҷозот кунанд ва мақомоти интизомӣ низ барои ёрӣ дар ин кор 30 ҳазор доллар ҷоиза таъин карданд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Муҳиддин Раҳматов ва Олим Раҳматов бо силоҳи оташфишони тамғаи "Калашников" тавассути девори ҳавлии ҳамсоя вориди манзили зисти соҳибкори инфиродӣ Аҳмадхӯҷа Бобоеви 42-сола шуда, ӯ, ҳамсараш Ҳаётхон Бобоева (41-сола) ва фарзандони ноболиғи онҳо - Рухшона (18-сола) ва Сӯҳроб (17 сола)-ро ба қатл расондаанд.

"Баъд, фарзанди хурдии оила Санҷарбек Бобоев (8-сола)-ро дар ҳаммоми ҳавлии истиқоматиаш маҳкам намуда, тамоми ҷавоҳироти тилоиро тасарруф ва бо мақсади рӯйпӯш намудани амали ҷинояткоронаашон бо истифодаи бензин хонаро оташ мезананд. Бар асари сӯхтори баамаломада ноболиғ Санҷарбек Бобоев аз дуди оташ заҳролуд ва ба ҳалокат расидааст," -- омадааст дар баёнияи расмии ВКД.

Ба қавли масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Муҳиддин Раҳматов, инчунин, барои ҳамла болои соҳибкор Муъмин Худойбердиев -- сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов гумонбар дониста мешавад. Ба гуфтаи мақомот, Раҳматов, "бо силоҳи оташфишони тамғаи “Калашников” ҳангоми аз манзили зисташ баромадани писари соҳибкор Худойбердиев М.Ш. - Муҳаммадалӣ Худойбердиев (1993) тир холӣ карда, аз бордони худараваш маснуоти заргариро ба маблағи 485 000 (чорсаду ҳаштоду панҷ хазор) сомонӣ тасарруф ва... аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Бар асари ин ҳамла Муҳаммадалӣ Худойбердиев аз дасти рости хеш ҷароҳат бардоштааст."

Мақомоти тафтишотӣ Муҳиддин Раҳматов ва Олим Раҳматовро дар куштори кормандони нуқтаи ивази асъор - падару писар - Юлдош Бурҳонов ва Фарҳод Бурҳонов, сокинони шаҳри Хуҷанд низ муттаҳам медонанд. Онҳо мегӯянд, Раҳматовҳо баъди ба ҳалокат расондани Юлдошевҳо сумкаи варзишиеро, ки дар дохилаш пули нақди 200 000 (дусад ҳазор) сомонӣ буд, тасарруф ва бо истифода аз автомашинаи тамғаи «Мерседес - Бенс»-и нуқраранг аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Муҳиддин Раҳматов ва духтараш Сарвиноз Раҳматова дар тасарруфи 450 000 (чорсаду панҷоҳ ҳазор) сомонӣ Саодат Ваҳобова, фурӯшандаи маркази савдои «Ҳоҷӣ Абдулазиз»-и шаҳри Хуҷанд айбдор мешаванд.

“Айни ҳол, гумонбаршудагон Раҳматов Муҳиддин Ваҳобович, фарзандони ӯ - Раҳматов Адҳам Муҳиддинович ва Раҳматова Сарвиноз Муҳиддиновна дастгир ва аз манзили зисти онҳо як қисми далелҳои шайъӣ - ҷавоҳироти тиллоии тасарруфгардида ва олоти ҷиноят - силоҳи оташфишони тамғаи “Калашников”, бо 12 адад тири ҷангии қутраш 5,45 мм дарёфт ва мусодира карда шуд. Чораҳо доир ба муайян ва дастгир намудани ҳамиштирокчиёни ҷиноятҳои содиршуда - Раҳматов Олим Ваҳобович, соли таваллудаш 1971 ва Раҳматов Қиёмиддин Олимович, соли таваллудаш 1995 - сокинони шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Ҷӯра Зокир хонаи 303 идома дорад,” -- мегӯяд ВКД.

XS
SM
MD
LG