Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ як сокини 29-солаи шаҳри Кӯлобро ба 15 соли зиндон маҳкум кард. Ҷовидон Ҳакимов барои ҷалби ҷавонон ба ҷанг дар Сурия, муттаҳам дониста мешавад.
Мурофиаи ниҳоии парвандаи Ҷовидон Ҳакимов рӯзи 30 март дар бинои додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт баргузор шуд ва додрас Баҳодур Шарифзода ҳукми ин сокини Кӯлобро ба иттиҳоми "зархаридӣ" ва "ташкили иттиҳодияи ҷиноятӣ", эълон кард. Дар мурофиаи рӯзи гузашта айбдоркунандаи давлатӣ барои Ҷовидон Ҳакимов 18 соли зиндон талаб карда буд.
Ҷовидон Ҳакимов, ки муттаҳам дар ҷалби ҷавонон ба ҷанг дар Сурия аст, шикоят дорад, ки эътирофи ӯ зери шиканҷа гирифта шуда ва дар асл ӯ гуноҳе надорад.
Моҳира Мирзоалиева, вакили дифои Ҷовидон Ҳакимов гуфт, ки волидони зерҳимояаш аз ин ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва аз болои он ба Додгоҳи олӣ шикоят мебаранд. Муҳаббат Ҳакимова, модари Ҷовидон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки додгоҳ гуноҳи писарашро исбот карда натавонист ва ӯро ғайримунсифона барои 15 сол равонаи зиндон намуд.
Ҷовидон Ҳакимов, ки гумонбар дар ҷалби ҷавонон ба ҷанг дар Сурия аст, шикоят дорад, ки эътирофи ӯ зери шиканҷа гирифта шуда ва дар асл ӯ гуноҳе надорад. Дар мурофиаи рӯзи 28 март се корманди сарраёсати вазорати корҳои дохилӣ -- Ҷамшеди Хуршед, Дилшод Таҷаллиев ва Низом Содиров мавриди пурсиш қарор гирифтанд. Аммо ба гуфтаи вакилони дифои Ҷовидон Ҳакимов, кормандони милиса даст доштани худро дар латту кӯб ва шиканҷаи зерҳимояашон рад карданд.
Зимнан, парвандаи Ҷовидон Ҳакимов, таҳти рақами “26 564” аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ дар моҳи феврал ба додгоҳи Исмоили Сомонӣ ирсол шуд. Ҷовидон Ҳакимов бо ду моддаи Кодекси ҷиноӣ: 187 -- “таъсиси иттиҳодияи ҷиноӣ” ва 401 -- “зархаридӣ” муттаҳам мешавад.
Дар парванда зикр шудааст, ки “Ҷовидон Ҳакимов соли 2013 дар Русия мунтазам тавассути телефони мобилӣ бо бародараш Ҳакимов Абдуҷалил Абдухолиқович ва ҳамсояаш Назаров Нусрат, ки ҳамон вақт дар сафи аъзои созмони ифротӣ ва террористии “Давлати Исломӣ” муқобили ҳукумати Ироқ меҷангид, алоқа барпо карда ва ҳамсуҳбат мешуд. Ҳангоми суҳбат ӯ бо мақсадҳои ДИИШ шинос шуда онҳоро қабул ва ҷонибдорӣ намуда ба таклифи онҳо дар хусуси ёфтан ва фиристодани шаҳрвандон барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ розӣ шудааст. Ҳатто ӯ чанд шаҳрванди кишвар, аз ҷумла Бахтиёр Юсуфов, Одилҷон Қурбонов ва Толибҷон Шарифовро ба Сурия ва Ироқ фиристодааст”.
Вале худи Ҷовидон Ҳакимов дар мурофиаи додгоҳӣ ин иттиҳомотро рад карда ва гуфтааст, ки ӯ дар муҳоҷират дар Русия кор мекард ва ба ҳеҷ гурӯҳи ғайриқонунӣ шомил нашуда буд. Ҷовидон Ҳакимов авоили моҳи январи соли ҷорӣ ҳамроҳи бародараш Абдулазиз боздошт шуд, аммо пас аз собит шудани бегуноҳии дувумӣ, ӯро ҷавоб доданд. Абдулазиз Ҳакимов баъди ин дубора ба Русия барои мардикорӣ рафт.
Тибқи иттилои расмӣ, наздики 1100 шаҳрванди Тоҷикистон баъди соли 2014 барои ширкат дарҷангҳои Сурия ва Ироқ ва бархе ҳамроҳ бо зану кӯдакони хурдсоли худ рафтаанд. Ҳоло шумори зиёде аз ҷавонони тоҷик дар ин ҷангҳо кушта шудаанд, вале зану фарзандонашон дигар имкони бозгашт ба ватанро надоранд.