Баъзе аз сокинони як деҳаи марзӣ дар Исфара иддао доранд, ки тақсими молу мулки табодулшуда бо Қирғизистон одилона сурат нагирифтааст. Даҳҳо хонавода дар ин гӯшаи Тоҷикистон ҳангоми табодули қитъаи марзӣ аз ҳавливу заминҳояшон маҳрум шудаанд, вале мегӯянд, дар иваз бо ҷойи зисти муносиб таъмин нагаштанд.
"Қобили зистан нест"
Нусратулло Нарзибоев аз деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара ҳангоми ҳалли баҳси марзӣ бо Қирғизистон аз хонааш маҳрум шудааст. Мегӯяд, ҳукумат дар ивази манзили пешина ба ӯ як хона дод, вале зиндагӣ дар он хатарнок аст. Барои азнавсозии он пул надорад.
"Идораи амволи ҳукумати Исфара медонад, ки хонаи ман чӣ қадар арзиш дошт. Мо ин хонаро қабул мекунем. Фақат он хонаи пешинаи мо чӣ қадар арзиш дошт, мувофиқи ҳамон пули моро диҳанд. Ё худашон созанд, ягон хел гап надорем. Моро ҷобаҷо кунанд," – гуфт ин сокини Хоҷаи Аъло.
Нусратулло мегӯяд, ҳавлии пешинааш 18 сотих буд ва ҳашт ҳуҷра дошт. Ҳамаи онро соли гузашта, ҳангоми табодули қитъаи марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон, аз даст дод.
"Фармон шуд, ки хонаҳои худро холӣ кунед. 25-уми сентябри соли 2025 бе ягон гапу мамониат хонаҳои худро холӣ кардем. Мо дар сарҳад ба дунё омада, ба воя расидем. Мо медонем, ки амнияту ваҳдату сулҳ чӣ аст. Ҳозир хонае, ки ба мо доданд, қобили зистан нест," – афзуд ӯ.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Хонаҳои тоҷикону қирғизҳоро чӣ гуна иваз карданд?
"Табодули нобаробар"?
Мисли Нусратулло қариб 50 хонаводаи дигар дар деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара манзилу заминҳояшонро ба шаҳрвандони кишвари ҳамсоя дода, дар иваз ҳавлиҳои онҳоро соҳиб шудаанд. Вале чанд нафарашон аз ин табодули, ба гуфтаашон, нобаробар қаноатманд нестанд.
Азим Одинаев, сокини Хоҷаи Аъло, гуфт: "Хонаи мо бо хишти пухта сохта шуда буд. Ин хонаҳоро бо кулух сохтаанд. Дарунашро бинед, ғалтидагӣ аст, инҷо ман чӣ хел зиндагӣ кунам? Панҷоҳсола шудам, имкони ба Русия рафтанам нест. Ман инро аз нав сохта наметавонам. Ҳозир дар хонаи акоям зиндагӣ дорем."
Сокинон дар ин бора ба мақомоти Исфара ва вилояти Суғд муроҷиат карда, вале ба гуфтаашон, дар чанд маврид мансабдорони маҳаллӣ онҳоро хуш напазируфтаанд.
Ба қавли Мавлуда Мӯсоева, сокини Хоҷаи Аъло, "ҳавзу дарахтҳоро низ навишта, гуфтанд, ки ҳама ҷоро ба мисли хонаи худатон сохта медиҳем. Ҷойи овардаашон ҳамин аст. 5-6 моҳ боз гаштем, ягон одами калон омада, моро напурсид, ки дар куҷо ва чӣ тавр зиндагӣ карда истодаед. Баъд худамон хестему рафтем, ваъда доданд, ки то 20-уми март мебинем. Интизор мешавем, ки чӣ кор мекунанд."
Сокинон мегӯянд, чунин хонаҳо насибашон гаштааст
"Онҳо ҳам мегӯянд, хонаи мо беҳтар буд"
Намояндагони ҳукумати Исфара дар моҳи феврали имсол дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфтанд, ки аз ҳудуди вилояти Бодканди Қирғизистон манзилу иншооти зиёде ба ихтиёри шаҳр гузаштааст ва таъмини мардум бо манзил душворӣ надорад.
Шарифҷон Ҷумъазода, иҷрокунандаи вазифаи раиси Исфара, гуфт, "ин баҳс дар худи Қирғизистон ҳам ҳаст, ки "хонаҳои мо аз ин беҳтар буд". Лекин аз ҷониби шаҳрвандони мо шикояти зиёд ворид нашудааст. Ҳамагӣ як ё ду муроҷиат шуд. Ман ба суолҳояшон посух додам. Тамоми он шаҳрвандоне, ки аз ҷониби мо бо хонаи истиқоматӣ таъмин гардиданд, розигияшон гирифта шудааст. Нисбат ба ин масъала ягон мушкил нест."
Шарифҷон Ҷумъазода
Тибқи гуфтаҳои мансабдорони маҳаллӣ, ду деҳае, ки дар атрофи ҷамоати Чоркӯҳу Сурх ба ҳудуди Тоҷикистон гузашт, асосан насиби сокинони деҳаи Сомониён гардид. Ин деҳаҳо дар муноқишаҳои солҳои 2021 ва 2022 зиёни ҷиддӣ дида, аз ҷониби Қирғизистон азнавсозӣ гардидааст. Ҳоло соҳибони навашон мегӯянд, боз ба ободкорӣ машғул мешаванд.
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳазор километр аст ва то соли гузашта бисёре аз қитъаҳо баҳсӣ ба ҳисоб мерафтанд. Сарҳади баҳсбарангез то ҳадде робитаҳои ду тарафро тира кард, ки онҳоро ба ҷанги мустақим ва ҳамла ба қаламрави ҳамдигар кашид.
Муноқишаҳо дар марз дар солҳои 2021-2022 сабаби вайронии зиёд ва марги даҳҳо нафар аз Тоҷикистону Қирғизистон шуд. Вазъ дар охири соли 2024 тағйир кард ва дар ниҳоят созишномаи таъйину нишонагузории марз моҳи марти соли 2025 ба имзо расид. Сокинони Хоҷаи Аълои Исфара мегӯянд, аз созиши марзӣ розиянд, вале мақомот набояд онҳоро дар кӯча ё хонаҳои нимавайрона гузоранд.