Шиносномаи Русия барои тоҷикон: Баргаи имтиёз ё абзори фишор?

"Ҳар кас барои пеш бурдани зиндагӣ ба муҳоҷирати корӣ ба Русия меравад. Ё бояд хона бихарӣ, ё зан бигирӣ. Мо ҳам аз рӯйи ҳамин рафтем." Қадимҷон Наимови 38-сола ҳаждаҳ сол таҷрибаи муҳоҷират дар Русияро дорад. Ӯ бештар дар бахши хидматрасониҳои манзилию коммуналӣ кор кардааст. Баръакси шаҳрвандони дигари Тоҷикистон, ки талошҳои зиёд доранд шиносномаи Русияро дарёфт кунанд, мегӯяд, ҳеч гоҳ ба ин фикр нест.

Қадимҷон Наимов

Аммо бар хилофи ин андешаҳои Қадимҷон, дар ду соли охир 120 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шудаанд. Ин оморро сафири Русия дар Тоҷикистон Семен Григорев дар суҳбат бо хабаргузории давлатии “ТАСС” гуфтааст. Бо ин нишондод, шаҳрвандони Тоҷикистон дар рӯйхати хориҷиёне, ки шаҳрвандии Русияро соҳиб шудаанд, дар ҷойи аввал қарор гирифтаанд.

Русия дар солҳои охир қонун ва танзими муҳоҷиратро сахт кардааст. Муҳоҷирони тоҷик барои раҳоӣ аз ин сахтиҳо ва дарёфти имтиёзҳои дигар талош мекунанд, ки шаҳрвандии ин кишварро ба даст оранд. Аммо доштани табааи Русия ҳамеша як имтиёз аст ва ё пайомаде барои худи Тоҷикистон дорад?

Суду зиёнаш чист?

Шӯҳрат Латифӣ

Ҷомеашинос Шӯҳрат Латифӣ мегӯяд, “пайомадҳои мусбаташ иқтисодӣ аст, яъне фиристодани пул. Дувум, тинҷиву оромӣ. Чӣ қадаре мардум ба муҳоҷират раванд, сатҳи норизоӣ ва бекорӣ паст мешавад. Пайомади манфӣ он аст, ки Русия метавонад ҳар гоҳ аз ин афрод истифода барад. Ин ҳам як аҳруми фишор нисбат ба давлати Тоҷикистон аст.”

Вай ҳамчунин омилҳоеро чун сустшавии садоқат ба ватан, мавҷудияти доктринаи “ҳифзи ҳамватанон”-и Русия, ки яке аз далелҳои ҷанги Русия дар Украина ва пеш аз он дар Гурҷистон шудааст ва фирори мағзҳо ё кадрҳои баландихтисосро аз оқибатҳои манфии ин раванд баршумурд. Аммо профессор Раҳмон Улмасов бо ишора ба созишномаи душаҳрвандӣ миёни Тоҷикистону Русия мегӯяд, барои муҳоҷирони тоҷик ва Тоҷикистон ин раванд аз он ки хатар бошад, бештар як имконият аст.

Раҳмон Улмасов

“Шаҳрвандони мо солҳои охир аз мардуми Узбекистон дида, панҷ маротиба зиёд шиносномаи Русияро гирифтаанд. Барои чӣ? Барои он ки сокинони Узбекистон агар шаҳрвандии Русияро гиранд, бояд аз шаҳрвандии кишвари худ даст кашанд. Аз они мо, баръакс, ҳеч дахолат намекунад. Шахсоне, ки шаҳрвандии Русияро доранд, имконияти зиёд доранд барои зисту зиндагонӣ,” – шарҳ дод Раҳмон Улмасов.

Хатар бештар мешавад ё камтар?

Сарфи назар аз имтиёзҳое, ки Русия барои шаҳрвандони нави худ медиҳад, ба иллати сатҳи баланди бегонаситезӣ дар ин кишвар, онҳо ҳамоно осебпазир мемонанд. Аз ҷумла, чанд мавриди тақдими хона ба онҳо хашми миллатгароёнро барангехт. Намунаҳои Акрам Масаидов, Таҳмина Самадова, Муҳиддин Холзода ва дигарон расонаӣ шуданд. Мақомоти Русия аз онҳо ҳамчун шаҳрвандони худ ҳимоят накарданд. Баръакс, онҳо борҳо аз муҳоҷирони тоҷик барои фишор болои Тоҷикистон истифода кардаанд. Ҳоло ки даҳҳо ҳазор нафар шаҳрванди Русия шуданд, хатар бештар мешавад ё камтар?

Музаффар Олимов

Ҷомеашинос Музаффар Олимов гуфт: “Аз таҷрибаи кишварҳои дигар мисол овардан мумкин аст, аммо ба дараҷае, ки фоҷиабор бошад, не. Ба назари ман. Шумо ба назар гиред, воқеаҳое, ки байни Русияву Гурҷистон шуд. Ҳатто Русия дахолат ҳам кард. Ба ҳар ҳол, сарҳад дошт. Ё ин ки Озорбойҷон. Кишваре, ки аз Тоҷикистон дида, шаҳрвандонаш зиёдтар дар Русия ҳастанд. Арманиҳо. Дар онҷо ҳатто пойгоҳи калони низомии Русия ҳаст. Ягон чизе нест. Ин вобаста аст, албатта, аз давлатдорҳо."

Бино бар омори Русия, наздик ба 800 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, ки ин тақрибан ба нӯҳ дарсади аҳолии Тоҷикистон баробар аст. Пас аз ҳамлаи Русия ба Украина садҳо нафари онҳо ба ҷабҳа фиристода ва куштаву захмӣ шуданд.

Ахиран порлумони Русия тарҳи нави ҳимояти шаҳрвандони ин кишварро баррасӣ мекунад, ки дахолати низомиро дар ин самт дар ҷойи аввал мегузорад. Аз кишварҳои пасошӯравӣ танҳо Тоҷикистон, Туркманистон ва Арманистон бо Русия дар оғози солҳои 1990 созишномаи душаҳрвандӣ имзо карданд. Туркманистон дар соли 2015 ин қарордодро бекор кард. Арманистон мақоми онро аз душаҳрвандӣ ба шаҳрвандии дувум поин овард. Созишномаи Тоҷикистон бетағйир монд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Чаро тоҷикон мехоҳанд шаҳрванди Русия бошанд?