Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масҷид, ҷойи кор ва хобгоҳ. Даъвати муҳоҷирон ба ҷанг "авҷ гирифтааст". ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Даъвати зодагони Осиёи Марказӣ дар Русия ба сафи артиш ва иштирок дар ҷанги Украина тайи моҳҳои охир авҷ гирифтааст. Баъзе аз муҳоҷирон гуфтанд, пештар чунин даъват танҳо дар "Маркази Сахарово" ва зиндонҳои Русия ҷараён дошт, ҳоло ба масҷиду ҷойи кор ва хобгоҳҳо "кӯчида".

"Мегӯянд, шиноснома медиҳанд. Мо мегӯем, 99% кушта шуд"

Радиои Озодӣ навореро дастрас кард, ки дар шаҳри Пензаи Русия сабт шудааст. Дар он муҳоҷирон мегӯянд, барои гирифтани иҷозаи кор омаданд, вале шоҳиди маъракаи даъват шуданд. Шахси низомипӯше пешниҳод дорад, ки ба сафи артиши Русия бипайванданд.

Видеои дигар аз дохили масҷиде аз Челябинск расид. Дар онҷо намояндагони низомии Русия ба муҳоҷирон пешниҳод кардаанд, ки бар ивази хидмати қарордодӣ ва ширкат дар "амалиёти низомӣ" шаҳрвандӣ ва сабукиҳои дигар хоҳанд гирифт.

Ба Ҷӯрабек Амонов, ҳомии ҳуқуқ ва блогери узбекистонӣ, низ муҳоҷирон бо фиристодани навор аз афзоиши чунин маъракаҳои таблиғотӣ хабар додаанд.

"Онҳоеро даъват мекунанд, ки дар фикри гирифтани шаҳрвандии Русия ҳастанд. Мегӯянд, дар шаш моҳ ё як сол шаҳрвандӣ медиҳем. Ё пул медиҳем. Мо медонем, ки 99 дарсади онҳое, ки рафтанд, кушта шуданд. Ба муҳоҷирон мефаҳмонам, ки ин кор ғайриқонунӣ аст ва ҳамроҳ нашавед," – нақл кард ӯ рӯзи 10-уми апрел.

Дар ин суҳбатҳо, ба гуфтаи ӯ, таблиғгарон таъкид мекардаанд, ки хоҳишмандон аз санҷиши тиббӣ нахоҳанд гузашт ва танҳо бо забонхати "ман солим ҳастам" ба артиши Русия қабул хоҳанд шуд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Дар Русия даъвати муҳоҷирон ба ҷанг авҷ гирифтааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00

"Иҷозаро аз мақомоти давлатӣ гирифтаанд"

Ба таъкиди муҳоҷирон ва ҳомиёни ҳуқуқ, эълони даъват ба хидмат бо пули хуб дар дару девори хобгоҳ, мусофирбар ва хиёбонҳо низ нашр шудааст. Дар ин варақаҳо миқдори маблағро барои иҷрои ҳар вазифа дар ҷанг гуфтаанд.

Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқдони тоҷики муқими Русия, мегӯяд, "дар шаҳрҳои калон дида мешавад, ки "Вагнер" дар баннеру плакатҳо таблиғ карда истодааст. Вақте чунин ташкилоти низомӣ рӯйирост муҳоҷиронро барои хидмат ҷалб менамояд, баёнгари он аст, ки чунин иҷозаро аз мақомоти давлатӣ гирифтаанд."

Мақомоти Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ба шаҳрвандони худ огоҳӣ додаанд, ки ба ҷанг дар Украина нараванд, чун муҷозот дорад. Шумори дақиқи муҳоҷирони тоҷике, ки дар сафи сарбозони рус ба зидди Украина меҷанганд, маълум нест.

То ин дам мавридҳои зиёди ба ҷанг бурдан ва кушта шудани муҳоҷирону зиндониён аз Осиёи Марказӣ дар ҷанги Русия зидди Украина расонаӣ шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG