Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кор нест, маош кам, фақр зиёд." Чаро талабот ба шиносномаи русӣ боқӣ монд? ВИДЕО


Пас аз ҳамла ба Украина ва эҳтимоли сафарбарӣ ба ҷанг, шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ шиносномаи русӣ гирифтаанд. Телевизиони “Настояшее Время” дар пажӯҳише маълум кард, ки чаро талабот ба шаҳрвандии Русия дар миёни сокинони минтақа зиёд мемонад?

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, 174 ҳазор тоҷик дар соли 2022 шаҳрванди Русия шуданд. Ин рақам дар муқоиса ба соле пеш аз он чиҳил дарсад бештар аст. Бисту се ҳазор шаҳрванди Қирғизистон низ дар соли гузашта шиносномаи русӣ гирифтаанд. Ҳаждаҳ дарсад зиёдтар аз соли 2021.

Ба гуфтаи Константин Троитский, таҳлилгари Кумитаи мусоидати шаҳрвандӣ, ҳанӯз панҷ сол пеш омори дарёфти шиносномаҳои Русия чунин баланд набуд. Пас аз содда кардани раванд, шумораи зиёди одамон аз кишварҳои Шӯравии собиқ тавонистанд, шаҳрвандии Русияро ба даст оранд.

Таҳлилгар сабаби таваҷҷуҳи афзояндаи шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистонро ба шиносномаи русӣ, ба вазъи номусоиди иқтисод дар кишварҳояшон пайванд дод.

Ӯ афзуд: "Тоҷикистон кишвари фақиртарини пасошӯравӣ аст. Тибқи арзёбиҳои Созмони Милал, ҳудуди 30 дарсади мардум аз камғизоӣ азият мекашанд. Қирғизистон баъд аз Тоҷикистон дар радаи кишварҳои нодортарини давлатҳои пасошӯравӣ меистад. Дар ин миён, таваҷҷуҳи сокинони Узбекистон ба шиносномаи Русия башиддат коҳиш ёфтааст."

Видеоро дар инҷо бинед:

"Чораи дигар барои рӯзгузаронӣ надоранд"?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:47 0:00

Мақомоти Русия пинҳон намекунанд, ки қасд доранд, муҳоҷирони тоҷик, узбек ва қирғизро ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ ҷалб кунанд.

Дар миёнаҳои соли гузашта раиси ҷумҳури Русия тартиби соддаи дарёфти шаҳрвандиро ба хориҷиёне қабул кард, ки ба таври қарордодӣ як сол дар артиш хидмат кардаанд. Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишоти Русия, дар моҳи январи имсол таъкид кард, ки "ҳимояи кишвар" аз "вазифаҳои конститутсионии онҳоест, ки шаҳрванди Русия шудаанд".

Бо оғози сафарбарӣ ба ҷанг дар Украина ё “мобилизатсия”, сокинони Тоҷикистон аз нопадид шудани баъзе аз пайвандонашон дар Русия хабар доданд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, иддае аз муҳоҷирон довталабона ё ба воситаҳои дигар дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

Созмони “Тонг Ҷаҳони” дар шаш моҳи аввали ҷанг аз тақрибан як ҳазору сесад узбекистонӣ, шашсад қирғизистонӣ ва панҷсад тоҷикистонӣ дархости мадад гирифтааст.

Ба гуфтаи намояндагони созмон, аксар шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ бо ваъдаи маоши баланд (беш аз 1,1 ҳазор нафар), ваъдаи гирифтани шаҳрвандии Русия (339 нафар) ва таҳдиди парвандаи ҷиноӣ (111 нафар) фирефта шудаанд.

Зиёда аз 350 нафаре, ки аллакай шиносномаи Русия доштанд, ба таҳдиди маҳрум шудан аз шаҳрвандии ин кишвар рӯбарӯ гардиданд. Ба 182 нафари дигар ғайриқонунӣ даъватнома фиристода шудааст.

"Алтернатива нест"?

Тайи даҳ соли охир шаҳрвандони Узбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон нисбат ба шаҳрвандони кишварҳои дигар бештар ба Русия парвоз кардаанд. Маҳдудиятҳо барои даромадан ба Русия ба сабаби коронавирус дар соли 2020 ҷараёни муҳоҷиратро 72 дарсад коҳиш дод. Яъне, аз 5,1 миллион ба 1,4 миллион поин овард.

Дар миёнаи соли гузашта маҳдудиятҳои охирини вобаста ба Ковид бекор шуд. Дар айни замон, таваҷҷуҳ ба бозори кори Русия дар миёни намояндагони кишварҳои минтақа афзоиш меёбад. Ба гуфтаи ҳуқуқшинос ва муассиси портали "Мигрант", Ботирҷон Шерматов, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ то ҳол ҷойи кории кофӣ нест ва маош кам аст ва барои сокинон "феълан ба ҷуз Русия алтернативаи дарёфти пул вуҷуд надорад".

Ботирҷон Шерматов
Ботирҷон Шерматов

Ботирҷон Шерматов мегӯяд: "Бо вуҷуди он ки вазъ дар Украина ба тамоми бахшҳои иқтисоди Русия таъсир мерасонад, ба далели қурби рубл, муҳоҷирони мо тавонистанд, бо доллар даромади бештар ба даст оранд. Ин ду омил боис ба он шудааст, ки муҳоҷирон аз мондан дар ватан сафар ба Русияро ихтиёр кардаанд.”

"Пули зиёд фиристоданд"

Русия манбаи асосии интиқоли пул ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аст. Тибқи иттилои лоиҳаи KNOMAD, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соли 2022 аз рӯйи интиқоли пул нисбат ба ММД дар байни ҳамаи кишварҳои ҷаҳон дар ҷойҳои 5 ва 6-ум қарор доранд.

Таҳлилгарони Бонки Ҷаҳонӣ дар моҳи марти соли 2022 ва пас аз ҳамла ба Украина ва бар асари таҳримҳо тағйироти ҷараёни муҳоҷират ва коҳиши то 33%-и интиқоли пулро аз Русия пешгӯӣ карда буданд.

Дар натиҷа воқеият дигар шуд: Дар нимсолаи аввали соли гузашта Узбекистон аз Русия назар ба ҳамин давраи соли 2021 қариб 58% бештар пул гирифт. Интиқоли маблағ аз Русия ба Қирғизистон 15% афзудааст.

Тибқи маълумоти KNOMAD, ба Тоҷикистон дар соли 2022 нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 30% бештар пул фиристодаанд.

Иқтисоддонҳои KNOMAD афзоиши интиқоли пули муҳоҷиронро ба чанд сабаб рабт медиҳанд. Аз як сӯ, ҷанг дар Украина ва сиёсати иқтисодии мақомоти Русия зери таҳримҳо тақозо ба коргарони кишварҳои Осиёи Марказиро зиёд кардааст.

Аз сӯи дигар, муҳоҷирати шаҳрвандони Русия ва ширкатҳои хурд ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ба гардиши рубл ба ин кишварҳо таъсир гузоштааст. Дар натиҷа, қурби пасти рубл вуруди пулро дар баробари доллар ба арзишҳои боз ҳам баландтар табдил дод.

"Фақр дар Осиёи Марказӣ бештар мешавад"?

Сандуқи Байнулмилалии Пул интизор дорад, ки дар соли 2023 сатҳи камбизоатӣ дар аксар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоби миёна 0,7 дарсад боло хоҳад рафт. Ба эътиқоди таҳлилгарон, бештар аз ҳама Тоҷикистон ва Қирғизистон зери хатар ҳастанд.

Тибқи баҳогузории мақомоти маҳаллӣ, дар Русия ҳудуди 1,5 миллион шаҳрванди Узбекистон, 1 миллион шаҳрванди Қирғизистон ва 700 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба сар мебаранд. Русия ин оморро бештар мегӯяд.

Пас аз пандемияи COVID-19, вобастагии иқтисодии ин кишварҳо аз интиқоли пул аз Русия дубора афзоиш ёфт. Ба гуфтаи Ботирҷон Шерматов, таърихан буҳрони молӣ ва қурби рубл ба қобилияти пардохтпазирии мардум ва сатҳи рушди иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ асар гузоштааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG