Гурӯҳе аз ронандагони мошинҳои боркаш аз Тоҷикистон мегӯянд, ки наздик ба чор моҳ боз дар боздоштгоҳе дар шаҳри Кирови Русия ҳастанд ва ҳоло онҳоро барои рафтан ба ҷанги зидди Украина маҷбур мекунанд.
Ронандагон ва наздикони онҳо дар Тоҷикистон рӯзи 18-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки онҳо пахтаи як ширкати тоҷикистониро ба корхонае дар шаҳри Киров бояд мерасонданд, вале рӯзи 3-юми ноябри соли гузашта дастгир шуданд.
Мақомоти Русия сабаби боздошти онҳоро расман шарҳ надодаанд ва танҳо ба ронандагон гуфтаанд, ки гуё қоидаҳои будубошро поймол кардаанд.
Яке аз ронандагон рӯзи 18-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо барои кору зиндагӣ ба Русия нарафта буданд, ва пас аз як ҳафтаи ворид шудан ба хоки ин кишвар боздошт шуданд.
“Гуфтанд, ки санадҳоядон дуруст нест ва шумо ба Русия ворид шуда, худатонро дар ҳеч ҷо сабтином накардед. Гуфтем, ки мо як ҳафта шудааст, ки ба Русия даромадем ва боз бояд гашта равем. Мо барои кору зиндагӣ наомадаем, вале гӯш намекунанд. Ҳар кадоми моро ду ҳазор рублӣ ҷарима карданд ва муҳри ҳашт сол “депорт” аз Русия заданд. Мо розием, ки ба ватан фиристанд, вале равон намекунанд,” – гуфт ӯ.
Ин гурӯҳи ронандагон гуфтанд, ки вазъашон хеле бад аст ва мақомоти Русия онҳоро барои рафтан ба ҷанг таҳти фишор гирифтаанд.
“Ҳар бегоҳ моро маҷбур мекунанд, ки ба санади рафтан ба артиш имзо кунем. Розӣ намешавем, гоҳо як ҳафта моро нимгурусна нигоҳ медоранд, то санадҳоро имзо кунем. Имзо кунед, имзо кунед, гапашон ҳамин аст. Мо медонем, ки оқибати имзо кардан чӣ ҳаст, барои ҳамин розӣ намешавем,” -- гуфт як тан аз ронандагон, ки бо далели амниятӣ нахост номаш зикр шавад.
Ронандагон гуфтанд, ки телефон ва тамоми санадҳои онҳоро пулиси Русия гирифта буд ва ҳатто аз вазъи онҳо бо гузашти беш аз се моҳ тоза хонаводаҳояшон огоҳ шудаанд.
Сурайё, модари як ронандаи боздоштшуда аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон гуфт, ки писараш чанд моҳ бедарак буд ва онҳо намедонистанд, ки куҷо ҳаст. Ин зан гуфт, ҳоло намедонад, барои раҳоии писараш чӣ кор кунад.
Ба гуфтаи ронандагон, онҳо маҳсулоти ширкати “Умед”-ро аз Тоҷикистон ба Русия интиқол додаанд. Радиои Озодӣ дар феҳрасти андозсупорандагони Кумитаи андоз бо чунин ном ширкатеро пайдо кард, вале ҳеч нишонӣ ва рақами телефони ширкат барои тамос вуҷуд надошт.
Ронандагон гуфтанд, ки онҳо аз вазъашон ба сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, вале касе ба додашон нарасидааст.
Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия ба зангҳои Радиои Озодӣ посух надоданд.
Дар Русия бар асоси оморҳои гуногун ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунад. Боздошти онҳо бе гуноҳи ҷиддӣ ва бо ин васила маҷбур кардани онҳо барои рафтан ба ҷанги Украина борҳо расонаӣ шудааст. Боздошти онҳое, ки танҳо барои расондани бор ба Русия рафтаанд ва акнун зери фишоранд, ки шартномаи ҳарбиро имзо кунанд, камсобиқа аст.