"Шарт"-и Олмон ба як паноҳҷӯйи боздоштшудаи тоҷик

Асадулло Бобоев, паноҳҷӯйи тоҷик дар Олмон

Додгоҳи Олмон ба як паноҳҷӯйи боздоштшудаи тоҷик гуфтааст, агар исбот кунад, ки ба ӯ дар Душанбе азобу шиканҷа ва солҳои дарози зиндон таҳдид мекунад, аз ин кишвари аврупоӣ ронда нахоҳад шуд.

Асадулло Бобоеви 54-сола рӯзи 8-уми июн ҳамроҳи писараш, Муҳаммад Бобоев, дар шаҳри Крайс Клеве дастгир шуда, барои ҳимоят аз худ ва боқӣ мондан дар Аврупо то якуми июл фурсат дорад.

Хадамоти муҳоҷирати Олмон, тавре Асадулло Бобоев, гуфт, ӯро барои мушкил дар санади иқомат ва ба поён расидани муҳлати зист боздошт кардааст. Вале худаш мегӯяд, ба Тоҷикистон фиристодани ӯ ва аъзои хонаводааш кори дурусте нест, чун эҳтимол мавриди шиканҷа ва азият қарор гиранд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Бо ангезаи сиёсӣ, вале бо айбномаи ифротгароӣ". Танқиди Amnesty International аз Тоҷикистон

Асадулло Бобоев рӯзи 9-уми июн дар як паёми телефонӣ аз боздоштгоҳи Хадамоти муҳоҷирати Олмон гуфт, узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, як созмони мухолифи ҳукумат аст ва дар Душанбе нисбат ба ӯ бо гумони тундгароӣ парванда боз кардаанд.

Шарофиддин Гадоев, раиси Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки Бобоев узви ин созмон аст ва барои ҳимояи ҳуқуқии ӯ вакили мудофеъ киро намудааст.

“Дар бораи мавзуъҳои сиёсӣ ва иқтисодии кишвар низ назарамро дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависам. Додгоҳ фурсат дод, ки зери хатар қарор доштанамро собит кунам. Агар не, ҳамроҳи писарам ба Душанбе фиристода хоҳем шуд,” – гуфт Асадулло Бобоев.

Писари ӯ 19-сола аст ва мактабро дар шаҳри Крайс Клеве хондааст.

Шарҳи Додгоҳи Олмон дастрас нест.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Сафир: Беш аз 30 ҳазор тоҷикистонӣ дар Олмон ҳастанд

Ин паноҳҷӯйи тоҷик мегӯяд, намояндаҳои Хадамоти муҳоҷирати Олмон қариб як моҳ пеш, 18-уми май, ҳамсар ва як духтарашро ба фурудгоҳ бурда буданд, то ба Тоҷикистон фиристанд, аммо аз он пешгирӣ шуд.

Мастона Файзуллоева, ҳамсари Асадулло Бобоев, ба Радиои Озодӣ гуфт, “агар дар фурудгоҳ доду вой намекардам ва намегуфтам, ки мақомот дар Тоҷикистон хонаводаи моро рӯз намедиҳанд, моро мефиристоданд. Агар истирдод мешудам, сарнавишти духтари дигарам, ки 22-сола аст ва бемории рӯҳӣ дорад, дар Олмон чӣ мешуд?”

Асадулло Бобоев соли 2017 ҳамроҳи ҳамсар ва ду духтару як писараш аз Тоҷикистон ба Литва ва аз онҷо ба шаҳри Крайс Клевеи Олмон рафтааст.

Ихроҷи паноҳҷӯён

Зиёда аз даҳ сол боз гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба далели мухолифат бо режими ҳоким ва ё таъқибу азияти афзун дар кишвар, дар Аврупо паноҳанда шудаанд. Кишварҳои аврупоӣ чанде аз онҳоро бо далелҳои гуногун ихроҷ кардаанд, ки сипас дар Тоҷикистон боздошт ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум гаштанд:

Фаррух Икромов моҳи апрели соли 2024 аз Лаҳистон (Полша) ронда ва дар Тоҷикистон ба 23 сол зиндон маҳкум шуд.

Ҳизбулло Шовализода, як узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро соли 2020 аз Австрия ба Тоҷикистон бозпас фиристоданд. Ӯро ба 20 сол зиндон маҳкум карданд.

Мақомоти Олмон дар моҳи январи соли 2023 Абдуллоҳи Шамсиддин, писари яке аз фаъолони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба Душанбе фиристоданд. Ба гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар, ӯ ба ҳафт сол зиндон маҳкум шудааст.

Билол Қурбоналиев, паноҳҷӯйи тоҷик аввали соли 2024 баъди ихроҷ аз Олмон ба Тоҷикистон, ба 10 сол зиндон маҳкум шуд. Вай яке аз ширкатдорони тазоҳуроти мухолифон дар Берлин ҳангоми сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон буд.

Дилмурод Эргашев, ки 13 соли охир дар шаҳри Клеваи Олмон мезист, моҳи ноябри соли 2024 ба Тоҷикистон фиристода шуд ва Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ӯро бо иттиҳоми "даъвати оммавӣ барои фаъолияти ифротгароӣ" ба ҳашт соли зиндон маҳкум кард.

Фарҳод Неъматов, паноҳҷӯи тоҷик, ки аз Шветсия ихроҷ шуд, дар Тоҷикистон моҳи июли соли 2025 бо иттиҳоми узвият дар созмони мамнуъи "Ҳизби таҳрир" ба 8 сол зиндон маҳкум шуд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) ва созмонҳои дигари байнулмилалӣ борҳо Олмон ва кишварҳои дигари аврупоиро барои ихроҷи паноҳҷӯён ба Тоҷикистон танқид кардаанд. Ба ҷое, ки ба гуфтаи онҳо “хатари шиканҷа ва солҳои дарози зиндон таҳдид мекунад”.