Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паноҳҷӯёни тоҷик аз Олмон хостаанд, ки онҳоро ихроҷ накунад


Аз соли 2015 ба ин сӯ садҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар Олмон ва кишварҳои дигари аврупоӣ паноҳанда шудаанд
Аз соли 2015 ба ин сӯ садҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар Олмон ва кишварҳои дигари аврупоӣ паноҳанда шудаанд

Як гуруҳ аз паноҳҷӯёни тоҷик бо нигаронӣ "аз дароз нашудани муҳлати иқомати худ" аз мақомоти Олмон хостаанд, ки онҳоро ба Тоҷикистон ихроҷ накунанд.

Таҷаммуи тақрибан сӣ паноҳҷӯ рӯзи 7-уми октябр дар назди Идораи муҳоҷирати шаҳри Кёлни Олмон баргузор шудааст. Мақомот далели тамдид нашудани муҳлати иқомати баъзе аз паноҳҷӯёнро нагуфтанд, вале Идораи муҳоҷирати Кёлн ваъда додааст, ки дархостро баррасӣ хоҳад кард.

Беҳрӯз Тағойзода, як намояндаи созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Гурӯҳи 24" дар Олмон 8-уми октябр гуфт, барои баргузории таҷаммуъ расман иҷозат гирифта буданд. Вай гуфт, талаби асосияшон ин буд, ки "ихроҷи муҳоҷирони сиёсӣ манъ карда шавад."

"Дар миёни таҷаммуъгарон паноҳҷӯёне ҳастанд, ки ба "Гуруҳи 24" ҳеч пайванд надоранд, вале аз эҳтимоли ихроҷашон ба Тоҷикистон дар ташвиш ҳастанд. Дар Тоҷикистон ба зидди онҳо парванда дуруст кардаанд", -- афзуд ӯ.

Яке аз таҷаммуъгарон Азим Яқинов аст, ки дар Тоҷикистон ба барангехтани кинаву адоват ва тундгароӣ муттаҳам аст ва моҳе пеш Додгоҳи шаҳри Минден ҳукми ихроҷи ӯро баровард.

Ӯ мегӯяд, "эътирози мо танҳо ба Идораи муҳоҷирати Олмон аст, ки ба санадҳои мо ҷиддӣ машғул шаванд. Дар бораи таҳдидҳои мақомоти амниятию интизомии Тоҷикистон ба онҳо даҳҳо санад пешниҳод кардам, вале додгоҳи Олмон аҳамият надод", -- гуфт ӯ.

Аз соли 2015 ба ин сӯ Олмону Лаҳистон, Фаронса ва кишварҳои дигари Аврупо садҳо шаҳрванди Тоҷикистонро ҳамчун паноҳҷӯ пазируфтанд. Дар миёни онҳо ҷонибдорони ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ, "Гуруҳи 24", хабарнигорону тоҷирон ва ҳомиёни ҳуқуқ низ ҳастанд.

Аксари ин афрод далели рӯ оварданро ба Аврупо ба таъқибу саркӯб ва фишори афзоянда болои дигарандешон дар Тоҷикистон ва парвандаҳои сохтаи зидди онҳо рабт медиҳанд. Мақомоти Тоҷикистон баъзе аз онҳоро расман ба терроризму ифротгароӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои фаъолияташон мамнуъ дар кишвар гунаҳкор мекунанд.

Мақомоти Олмон ва баъзе аз ҳуқуқшиносон гуфтанд, таҳқиқ ва ихроҷи паноҳандаҳои ба истилоҳ ҷаълӣ ё дурӯғин як равиши муқаррарист ва ҳамеша ҷой дошт. Маркази матбуотии Хадамоти муҳоҷирати Олмон пештар дар посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ навишта буд, "ихроҷи онҳое, ки паноҳандагиашон қабул нашудааст, як кори маъмулӣ аст".

Аз моҳи январ то июли соли 2021 беш аз 190 шаҳрванди Тоҷикистон барои дарёфти паноҳандагӣ ба мақомоти Олмон муроҷиат карда, то кунун 45 дархост қабул ва 127 дархост рад шудааст.

Чанде аз паноҳҷӯёни тоҷик дар Олмон мегӯянд, пас аз сафари Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, ба ин кишвар “маъракаи ихроҷ” оғоз ёфтааст. Юсуф Раҳмон охири моҳи июли имсол дар Олмон буд ва ҳамкориҳои дуҷонибаро дар мубориза бо терроризму истирдоди гумонбарон ба ҷиноят баррасӣ кардааст.

Бархе аз паноҳҷӯёни дигари тоҷик мегӯянд, бархӯрди мақомоти олмонӣ ба онҳо замоне дигар шуд, ки панҷ шаҳрванди Тоҷикистон бо гуноҳи кумак ба терроризм боздошт шуданд. Мақомоти Олмон 15-уми апрели имсол эълон карданд, ки ин шаҳрвандон бо гумони тарҳрезӣ ва қасди ҳамлаи террористӣ дар сарзамини Рейни Шимолӣ-Вестфалия боздошт шудаанд.

Моҳе пеш дар Додситонии кулли Тоҷикистон гуфта буданд, ки ҳафтаҳои охир 8 нафар аз Олмон ба Душанбе ихроҷ шудаанд.

XS
SM
MD
LG