Шарти Маскав ба қатъи ҳамкории НАТО бо Осиёи Марказӣ. Хаёли хом ё бозии сиёсӣ?

Доналд Трамп (чап), Сӣ Ҷинпин (байн) ва Владимир Путин (рост), раҳбарони Амрико, Чин ва Русия

Русия пешниҳод кардааст, ки дар қатори шартҳои дигари хатми ҷанг дар Украина, инчунин, ҳама гуна ҳамкориҳои НАТО бо давлатҳои Осиёи Марказӣ қатъ гардад. Нашрияи The New Yourk Times ба нақл аз манбаъҳои худ навишт, ин масъала дар дидори фиристодаҳои Амрико Стив Виткофф ва Ҷаред Кушнер бо президенти Русия Владимир Путин рӯзи 12-уми ноябр садо додааст.

“Кишварҳои НАТО бояд ҳама гуна барномаҳои густариши ин паймони низомӣ ва ҳам фаъолиятҳои ҳарбӣ дар Украина ва ҳам дар ҳар ҷойи дигари Аврупои Шарқӣ ва Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказиро аз сар соқит кунанд,” -- навиштааст рӯзнома.

Кремл ва давлатҳои зидахл масъаларо расман шарҳ надодаанд, вале ин матлаб дар остонаи ҷаласаи сеҷонибаи сарони кишварҳои Чин, Амрико ва Русия – Сӣ Ҷинпин, Доналд Трамп ва Владимир Путин нашр шуд. Мулоқот, қарор аст, рӯзи 19-уми ноябр дар шаҳри Шенчжени Чин дар чаҳорчӯби ҷаласаи ҳамкориҳои иқтисодии Осиёву Уқёнусия баргузор шавад.

Ҷаред Кушнер (чап) ва Стив Виткофф (байн), фиристодаҳои Амрико бо Владимир Зеленский (рост) , раисҷумҳури Украина

Дастгоҳи таблиғотии Русия ва матбуоти он талош доранд, ки ин нишастро чун “ҷаласаи шакли нави Ялта”-и раҳбарони ҷаҳон муаррифӣ намоянд. Ин ишора ба мулоқоти таърихии раҳбарони СССР, Амрико ва Бритониё – Сталин, Рузвелт ва Черчилл – дар шаҳри Ялта дар феврали соли 1945 аст, ки амалан чун ҷаласаи сарнавиштсози “тақсим”-и баъдиҷангии ҷаҳони нав ҳам ёд мешавад.

Радиои Озодӣ дар остонаи ҷаласаи Чин аз таҳлилгари сиёсӣ Муҳаммад Шамсуддинов хост, то бигӯяд, ки аз назари ӯ талаби гузоришшудаи Русия дар қатъи ҳама гуна ҳамкориҳои НАТО бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз чӣ маъно ва ангеза дошта метавонад?

Муҳаммад Шамсуддинов: "Ҷанги Русияву Украина танҳо масъалаи дуҷонибаи миёни Маскаву Киев нест. Ин мушкили васеътари вобаста ба эъмори нави амниятӣ дар Аврупо баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад. Бо пошхӯрии СССР, сохтори амниятии пешинае, ки пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳон эҷод шуд, аз байн рафт ва як модели наве сохта нашуд. Дар таҷрибаи байналмилалӣ дида мешавад, ки чунин ҳолат боис ба шурӯи ҷангҳои калоне мешавад ва дар поёни он созишҳои наве баста мешаванд, ки барои эҷоди тартиботи нави ҷаҳонӣ сабаб мегарданд. Ҳоло ман Аврупоро дар назар дорам. Низоъ дар Украина ба мушкили эҷоди низоми нави амниятӣ дар Аврупо баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ рабт мегирад. Чаро ҳамакнун Осиёи Марказӣ ба ин ҷараён ворид карда шуд, яъне сабаб чист? Сабабаш ин аст, ки Русия амнияти худро ба унвони як давлати аврупоӣ ҳамингуна таъйин мекунад. Русия чунин мешуморад, ки баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, коҳиши нуфузи Федератсияи Русия дар қаламрави пасошӯравӣ ва тақвияти мавқеи рақибони геополитикии Русия дар ин қаламрав метавонад ба амнияти худи Маскав таҳдид кунад. Маҳз бо ҳамин сабаб Русия кишварҳои Осиёи Марказиро ба ин музокираҳо ворид намуд, чунки фикр мекунад, минтақаи Осиёи Марказӣ ба амнияти он таъсир расонида метавонад. Вале бояд дуруст дарк кард, ки ин ҳанӯз ҷараёни музокираҳо аст ва ба бовари шахсан худам, талабҳои Маскав дар ин замина ба санади ниҳоӣ ба ин шакле, ки ҳоло гуфта мешавад, ворид карда намешаванд."

Радиои Озодӣ: Дидори сеҷонибаи Трамп, Ҷинпин ва Путин, ки бояд роҳи сулҳро дар Украина ҳамвор кунад, ҳолати "конфронси Ялта"-ро ба ёд намеорад, ки гуё як тақсимоти наве аз тарафи абарқудратҳо ҷараён ёбад? Ва ин мавқеи Путинро қувват намедиҳад?

Муҳаммад Шамсуддинов

Муҳаммад Шамсуддинов: "Дар робита бо мулоқоти сеҷонибаи Сӣ Ҷинпин, Путин ва Доналд Трамп ҳоло гап зиёд аст ва воҳима ҳам ҳамчунин. Бо ҷаласаи Ялта ҳам муқоиса мекунанд, вале аз назари ман, ин дуруст нест, ки бо мулоқоти раҳбарони қудратҳои ҷаҳонӣ дар Ялта қиёс карда шавад. Соли 2026 соли 1945 нест. Он мулоқот пас аз як ҷанги азиме, як ҷанги ҷаҳонии калоне барпо шуд, ки дар он ин кишварҳо дастболо шуданд, қавӣ буданд ва дигарҳо заифтар шуданд. Дар чунин шароит абарқудратҳо метавонистанд, иродаи худро ба дигарон бор кунанд. Ҳоло вазъ онгуна нест. Яъне ҷанги азиме нест, касе ғолиб ё мағлуб ҳам нест. Дигар ҳама кишварҳо фикр накунам, ки барои ба ихтиёри ин се давлат додани сарнавишти худ розӣ бошанд, чунки, бубинед, қудратҳои миёнае ҳастанд, ки баландпарвозанд ва нерӯву қудрати муайяне доранд. Қазияи Эрон далели он аст. Эрон ба унвони як қудрати миёна нагузошт, ки сарнавишти онро дигарон ҳал кунанд ва ИМА-ро ба чолиш кашид. Ҳоло ҳам бисёр сарсахтона бе он ки ба гузаште роҳ диҳад, амал мекунад. Қудрати азими дигаре дар симои Чин натавонист мавқеи онро ҷиддан идора кунад. Яъне, ин воқеиятҳо далели он аст, ки ҳоло ҷаҳон каме мураккабтар шудааст ва вазъ аз соли 1945 фарқ мекунад. Ин се қудрати ҷаҳонӣ – Русия, Чин ва Амрико, ки тахминан 90 дарсади аслиҳаи ҳастаии сайёраро дар ихтиёр доранд, ба бовари ман, наметавонанд, сарнавишти тамоми ҷаҳонро ҳал кунанд. Худи ин мулоқоти сеҷонибаро мешавад бештар як ҷаласаи машваратӣ номид. Масъалаи асосие, ки баррасӣ мешавад, ин амнияти стратегӣ дар ҷаҳон хоҳад буд. Моҳи феврали имсол муҳлати иҷрои СНВ-3 ё созишномаи сеюми боздорандаи силоҳҳои ҳастаӣ хотима ёфт, он тамдид нашуд, чунки Амрико мехоҳад, Чин ҳам ба он шомил шавад. Ҳоло чунин вазъе ба амал омадааст, ки як созиши нави амнияти стратегӣ зарур аст. Ба бовари ман, ин мулоқот дар доираи ҳамин мавзуъ барпо мешавад ва ба ҳеч сурат ба тақсими ҷаҳон дар байни ин се қудрат бахшида намешавад."

Радиои Озодӣ: То куҷо дар ин байн истиқлоли давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз осеб мебинад? Оё онҳо бояд шарикони худро интихоб кунанд ё қудратҳои ҷаҳонӣ инро муайян мекунанд?

Раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ

Муҳаммад Шамсуддинов: "Вақте ба ин мазмун дар бораи кишварҳои Осиёи Марказӣ мегӯем, ки то ба наздикӣ дар бораи истиқлоли онҳо бархе бо шубҳа суҳбат мекарданд… Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам ҳоло талош мекунанд як сиёсати хориҷиеро пеш баранд, ки ба ҳимоят аз манфиатҳои миллии онҳо равона шудааст. Мо дар солҳои охир мебинем, ки ин давлатҳо як фаъолияти доманадори дипломатиро пеш мебаранд ва талош мекунанд бо ҳама қудратҳо робита дошта бошанд. Яъне, ҳамин сиёсати хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ баёнгари он аст, ки ҷаҳон ҳоло дигар шудааст. Нашояд онро бо аҳди Ялта монанд кард. Вақте дар бораи эҳтимол ба созиши Украина шомил кардани кишварҳои Осиёи Марказӣ мегӯем, масъалаи то куҷо осеб дидани истиқлоли онҳо пеш меояд. Бале, ҳамин тавр мешавад, чунки ба ҷараёни муколама ворид кардани Осиёи Марказӣ ба як шакле мустақилии кишварҳои Осиёи Марказиро маҳдуд мекунад. Вале ба андешаи ман, ин ҷо як тиҷорати дипломатӣ ҷараён дорад ва дар Осиёи Марказӣ ҳам инро дарк мекунанд."