Шаҳноз Комилзода, духтари Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигор ва муовини зиндонии раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, гуфт, падараш дар маҳбас ба илтиҳоби шуш гирифтор шудааст ва даҳ рӯз боз муолиҷа мегирад. Ӯ моҳи феврали соли 2025 дар доираи парвандаи ба ном “кӯшиши табаддулот” ба 19 сол зиндон маҳкум гардид. Ба гуфтаи духтараш, Комилзодаи 74-сола ҳеч гоҳ айбномаро қабул накарда, худро бегуноҳ медонад. Радиои Озодӣ дар як тамоси телефонӣ аз Шаҳноз Комилзода хост, дар бораи бемории падараш ва шароити муолиҷаи ӯ дар зиндон бигӯяд.
Дар чаҳор моҳ як бор ба мулоқоти дурӯза ҳақ дорем ва дар се моҳ як бор дидор -- аз паси шиша.
Шаҳноз Комилзода: “Дар бораи бемории падарам даҳ рӯз қабл огоҳ шудем. Пеш аз ҳама, мехоҳам ба раҳбарияти муассисаи ислоҳии 3/2, ки падарам он ҷо аст, сипос бигӯям. Онҳо ба дархосту хоҳишҳои мо зуд вокуниш нишон доданд. Падарамро фаврӣ ба шифохонаи зиндон бурданд ва барои муайян кардани беморияш духтур даъват карданд. Дар даҳ рӯз падарам ду бор тавонист ба мо занг бизанад. Бисёр кӯтоҳ суҳбат кардем. Духтур гуфтааст, шушҳояш шамол кашидаанд, аммо ҷузъиёти беморияшро нагуфт. Доруҳояшро бар асоси дорухат харидем. Муолиҷаро дар ҳамон рӯзи аввал оғоз карданд. Хатар ба ҷонаш рафъ шудааст, аммо наметавон гуфт, ки падарам комилан сиҳату саломат аст."
“ДУ СОЛ БОЗ ХАНДАҲОЯШРО НАШУНИДАМ”
Радиои Озодӣ: Оё ба падар дору ва ғизо мебаред? Моҳе чанд пул сарф мешавад?
Шаҳноз Комилзода: "Инро дақиқ гуфта наметавонам. Мо дар як моҳ як бор иҷоза дорем, ки барояш хӯрок барем. Ҳар ду-се моҳ либос мехарем. Баъзе чизҳои дигар ба мисли доруву дармон. Баъзан худашон аз мағозаи зиндон чиз мехаранд. Корт доранд, пул мегузаронем."
Радиои Озодӣ: Ду сол аст, ки падари шумо дар боздоштгоҳу зиндон аст. Имрӯз чӣ рӯҳия дорад?
Шаҳноз Комилзода: "Нороҳат аст. Ҳар вақт занг мезанем, аз садояш эҳсос мекунам. Бечора дар онҷо низ дар фикри мост. Кӯшиш мекунад, моро рӯҳбаланд кунад. Саъй мекунад, моро нороҳат накунад. Аммо аз садояш ва лаҳни гуфтораш эҳсос мекунам, ки бисёр рӯҳафтода аст. Ду сол аст, ки садои хандаҳояшро нашунидам."
Радиои Озодӣ: Оё пайвандон имкони зуд-зуд хабар гирифтани Аҳмадшоҳ Комилзодаро дар зиндон доранд?
Шаҳноз Комилзода: “Не. Мо мутобиқи муқаррарот, банди ҷиноие, ки ба ӯ бор кардаанд, дар чаҳор моҳ як бор дидори дурӯза дорем ва дар се моҳ як бор дидор аз пушти шиша, ки ҳамаи аъзои оила – фарзандон ва ҳамсараш ба наздаш мераванд.”
Радиои Озодӣ: Дар рӯзҳои аввали баъди ҳукм гуфта будед, ки нури чашми падаратон бад шудааст, ҳоло чӣ мегӯяд?
Шаҳноз Комилзода: “Мутаассифона, ҷарроҳие, ки гузаронданд, бисёр ҷарроҳии ноком буд. Як духтур аз берун омад, чашмро ҷарроҳӣ кард, падарам се-чаҳор моҳ азоб кашид, чун кӯкҳо дер шифо ёфтанд. Чашм бештар осеб дид ва бинишаш қаблан -4 буд, ҳоло -5 шудааст. Мегӯяд, ҳанӯз ҳам ҷойи кӯкҳо месӯзад.”
Садоро дар инҷо бишнавед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Гуфтугӯи Шаҳноз Комилзода дар бораи падараш
“ДАР БОРАИ ЗИНДАГӢ ДАР ЗИНДОН ЧИЗИ ЗИЁД НАМЕГӮЯД”
Радиои Озодӣ: Муносибати маъмурияти зиндон чӣ гуна будааст? Дар ин бора чизе мегӯяд?
Шаҳноз Комилзода: “Худоро шукр, муносибати маъмурияти зиндон бисёр хуб аст, эҳтиром мекунанд. Воқеан ҳам, вақте мо ариза навиштем, дархости муолиҷа кардем, ҳарчанд рӯзи истироҳат буд, фаврӣ ӯро интиқол доданд. Супориш доданд, ки падарамро ба шифохонаи зиндон баранд, духтурро аз хонааш даъват карданд. Пизишк ҳам зуд омаду муоина кард ва аз пайи муолиҷа шуд. Падарам ҳам мегӯяд, муносибат хуб аст. Чанд бор дар озмунҳои “Шоҳномахонӣ” ё “Тоҷиконхонӣ” дар зиндон ширкат кардааст ва барояш ба унвони ҷоиза панҷ дақиқа ҳаққи суҳбати телефонӣ додаанд. Ӯ бо истифода аз он тавонист, бо мо каме бештар суҳбат кунад.”
Радиои Озодӣ: Яъне, суҳбатҳои маъмулии телефонӣ камтар аз панҷ дақиқа давом мекунад?
Барои падари ман истиқлоли Тоҷикистон ҳамеша дар ҷойи аввал буд. Намедонам чӣ тавр пойи ӯро ба ин ҷо кашиданд. То ҳол чизе намедонем.
Шаҳноз Комилзода: “Бале, дар як ҳафта як дақиқа медиҳанд. Бонавбат – як ҳафта ба ман, як ҳафта ба бародарам ва як ҳафта ба ҳамсараш тамос мегирад.”
Радиои Озодӣ: Падаратон мегӯяд, ки рӯзҳоро дар зиндон чӣ гуна мегузаронад?
Шаҳноз Комилзода: “Тавре худаш мегӯяд, маъмулан китоб мехонад. Рӯзнома меоранд, рӯзнома мехонад.”
Радиои Озодӣ: Оё дар зиндон кадом коре будааст, ки рӯзона бо он машғул шаванд?
Шаҳноз Комилзода: “Шояд зиндониҳои ҷавонтар машғулияте дошта бошанд. Ростӣ, мо дар як дақиқа суҳбат фурсат намеёбем, ки дар бораи ҳама чиз гап занем. Худаш ҳам дар бораи зиндагии зиндон чизи зиёд намегӯяд. Ҳамсараш рафта, бо ӯ ду рӯз дар зиндон мемонад. Мегӯяд, муносибат ба онҳо ба хотири син ё шахсияташ, намедонам, бад нест. Дар онҷо касоне ҳастанд, ки гоҳо дар пухтани хӯрок ва дар шустани либос кумак мекунанд. Ҳазор сипос ба он нафарон.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Беморӣ ва муолиҷаи Аҳмадшоҳ Комилзода дар зиндон
“ТААССУФ БАРОИ ЧӢ? БАРОИ КОРИ НОКАРДА?”
Радиои Озодӣ: Шаҳноз, падаратон бо кадоме аз шахсиятҳои маҳкумшуда дар доираи парвандаи ба ном “кӯшиши табаддулот” дар як зиндон ҳаст?
Шаҳноз Комилзода: “Аз рӯзе, ки ҳукмро эълон ва онҳоро ба зиндонҳо тақсим карданд, дар зиндони 3/2 ҳамроҳи Абдулфайз Атоӣ (собиқ сафири Тоҷикистон дар Туркманистон) ҳастанд. Аммо то ҷое медонам, суҳбати зиёду тӯлониро ба онҳо иҷоза намедиҳанд. Вақте ба гардиш мебароянд, гаҳ-гоҳе бо ҳамдигар салом мекунанду бас.”
Радиои Озодӣ: Парванда зери мӯҳри махфӣ таҳқиқ ва муҳокима шуд. Оё он замон падаратон худро гунаҳкор эътироф кард? Ҳоло кадом эҳсоси пушаймонӣ ё дареғе аз он чи ки шуд, дорад?
Шаҳноз Комилзода: “Падарам аз рӯзи аввал айбномаро эътироф накардааст. То ҳанӯз ҳам эътироф намекунад. Таассуф ҳам барои чӣ? Барои кори нокарда магар одам таассуф мехӯрад? Ман пештар ҳам гуфтам, ҳоло ҳам мегӯям: падари ман ҳаргиз нисбат ба миллату давлат ва ҳукумат хиёнату бадгӯӣ надошт, надорад ва ҳаргиз нахоҳад дошт. Падари ман як шахси фарҳангист. Бале, як чеҳраи сиёсӣ ҳам ҳаст. Барои падари ман истиқлоли Тоҷикистон ҳамеша дар ҷойи аввал буд. Эҳёи фарҳангҳое, ки дар тӯли таърих аз байн рафта буд, эҳёи суннатҳо ормонҳояш буд, ки дар ин сӣ соли охир оҳиста-оҳиста ба даст меомаданд. Аз истиқлол шукр мекард ва як зиндагии оромонаи худро пеш мебурд. Ман намедонам ҳоло чӣ тавр пойи падарамро ба ин ҷо кашиданд. То ҳол чизе намедонем.”
Радиои Озодӣ: Шумо намедонед, ки чӣ гузашт, чӣ шуд?
Ҳоло се нафар шабурӯз дар чанд ҷой кор мекунем, пул меёбем, то падарам ба чизе ниёз надошта бошад. Кӯшиш дорем, тамоми эҳтиёҷҳояшро бароварда созем, ки дар дами пирӣ хор нашавад, ҳарчанд ҳоло хор мешавад.
Шаҳноз Комилзода: “Не, намедонам. Парванда махфӣ буд. Ҳама дар бораи берун набурдани иттилоъ имзо гузошта буданд, биноан, ҳеч кас чизе намегӯяд. То ҳол мо бо парванда ошно нестем, намедонем чӣ гап аст. Ман ҳанӯз умед дорам, ки мақомоти Тоҷикистон шояд бори дигар ин парвандаро баррасӣ мекунанд. Агар онҳо то ҳол ин парвандаро гурӯҳӣ баррасӣ карданд, шояд акнун парвандаи ҳар нафарро дар алоҳидагӣ мебинанд ва асли воқеаро рӯи об мебароранд ва падарамро аз зиндон озод мекунанд. Ман ба бегуноҳии падарам 200% бовар дорам.”
“КӮШИШ МЕКУНЕМ, ДАР ДАМИ ПИРӢ ХОР НАШАВАД”
Радиои Озодӣ: Мо шунидем, ки бародаратон, Комрон, баъди ин ҳодисаҳо ва талошҳояш дар пайванд ба қазияи падар бо мушкилот рӯ ба рӯ шуд. Ҳоло чӣ ҳол дорад? Қазияи падар чӣ таъсире ба фарзандон дошт?
Шаҳноз Комилзода: “Ба ғайр аз ҳабси падарам, хонаи моро мусодира карданд. Падарам ҳамин як хона дошт. Он ҳам мерос аз модарам буд. Пули онро дар замони шӯравӣ зану шавҳар кор карда буданд. Онро гирифтанд ва бародарам ҳоло дар кӯча мондааст. Баъзан дар кӯча, дар дохили мошин, дар хонаи хешу дӯстҳо хоб меравад. Оилааш дар хонаи падару модар. Ташаккур мекунам аз ҳамсарашу хешу табори ҳамсараш, ки дар чунин рӯз дастгирӣ мекунанду канори мо ҳастанд. Комронро аз кор берун карданд, талош кард ба корҳои дигар гузарад, нашуд.”
Радиои Озодӣ: Бори асосии хароҷот ба гардани худатон аст ҳоло?
Шаҳноз Комилзода: “Бале. Ману фарзандонам ҳоло дар хориҷ аз кишвар ҳастем. Шавҳарам даргузаштааст. Мо ҳоло се нафар шабурӯз дар чанд ҷой кор мекунем, пул меёбем, ки падарам ба чизе ниёз надошта бошад. Кӯшиш дорем, тамоми эҳтиёҷҳояшро бароварда созем, то дар дами пирӣ хор нашавад, ҳарчанд ҳоло хор мешавад. Ҳар чизе аз дастамон ояд, анҷом медиҳем.”
Парвандаи "табаддулот"
Ҳукм моҳи феврали соли 2025 содир шуд. Додгоҳ нуҳ нафарро аз 7 то 27 сол аз озодӣ маҳрум кард, аммо худашон ва наздиконашон онро беасос донистанд.
Маҳкумшудаҳо кистанд?
- Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон, ба 27 сол зиндон маҳкум шуд;
- Саидҷаъфар Усмонзода, вакили собиқи порлумон ва раиси пешини Ҳизби демократ, ба 27 сол зиндон маҳкум шуд;
- Ҷамшед Боев, афсари мустаъфии амният, ба 21 сол зиндон маҳкум шуд;
- Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигор ва муовини собиқи раиси Ҳизби демократ, ба 19 сол зиндон маҳкум шуд;
- Акбаршо Искандаров, раиси пешини Шӯрои олӣ, ба 18 сол зиндон маҳкум шуд;
- Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ, 18 сол аз озодӣ маҳрум шуд;
- Абулфайз Атоӣ, сухангӯи собиқи Вазорати корҳои хориҷӣ, ба 17 сол зиндон маҳкум шуд;
- Нурамин (Нураҳмад) Ғанизода, ёвари пешини Ҳамроҳхон Зарифӣ, ба 18 сол зиндон маҳкум шуд;
- Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигор, ба 8 сол зиндон маҳкум шуд.