Дар пайи даргириҳо миёни нерӯҳои "Толибон" бо фармондеҳони норозии ин гурӯҳ дар вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, сарҳадбонони тоҷик ба ҳолати омодабош оварда шудаанд.
Ду манбаи огоҳ дар мақомоти қудратии Тоҷикистон рӯзи 14-уми август бо шарти фош нашудани номашон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "фармони омодагии марзбонон тақрибан як ҳафта пеш содир шуд".
Мақомот аз пурзӯр шудани назорат дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон расман чизе нагуфтаанд.
Ҳамсуҳбатони мо дар мақомоти қудратӣ мегӯянд, баъди кушта шудани як сокини 21-солаи ноҳияи Дарвоз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мақомот масъалаи ирсоли нерӯҳои иловагиро барои назорати марз низ баррасӣ доранд.
Рӯзи 13-уми август Ҷасминаи Ширинҷон (Ятимзода), сокини деҳаи Даштаки ноҳияи Дарвоз “аз тири силоҳбадастон аз Афғонистон” кушта шуд. Аз ин зан як фарзанд ятим монд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба хонаводаи Ҷасминаи Ширинҷон изҳори ҳамдардӣ карда, ба мақомоти ноҳияи Дарвоз дастур додааст, ки тарбияи кӯдаки хурдсоли ӯро зери назорат гиранд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 14-уми август ба ҷониби Афғонистон нота ё ёддошти эътирозӣ фиристодааст.
Ин ниҳод дар хабарномае, ки нусхаи он дар ихтиёри Радиои Озодӣ қарор гирифт, аз ҷониби Афғонистон талаб кардааст, "масъаларо ҷиддӣ дарк карда, дахлнопазирии сарҳади давлатии Тоҷикистонро риоя намояд ва барои пешгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳо чораҳои муассир андешад."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Вокуниши расмӣ ба кушта шудани як зан дар Дарвоз
Дар ҳамин ҳол, ба сокинони деҳаҳое, ки дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон зиндагӣ мекунанд, дастур шудааст, ки эҳтиёткор бошанд. Сокинони чанд деҳаи атрофи шаҳраки Қалъаихумб, маркази шаҳри Дарвоз ба Радиои Озодӣ гуфтанд, шаби 13 ба 14-уми август барқи баъзе деҳаҳо қатъ шудааст, то ҳаракатҳо дар деҳа аз он сӯи марз дида нашавад.
“Ба сокинон тавсия шудааст, ки бо баланд шудани садои тирпаронӣ дар он тарафи марз, дар хонаҳои худ монанд ва берун набароянд,” – гуфт яке аз мусоҳибони мо бо шарти фош нашудани номаш.
Дар он тарафи марз, дар ноҳияи Нусайи вилояти Бадахшони Афғонистон, даргирии нерӯҳои ҳукумати "Толибон" ва афроди як фармондеҳи норозии ин гурӯҳ, Ҷумъахони Фотеҳ, ҷараён дорад. Гуфта мешавад, Кобул ба ин ҷо нерӯҳои иловагӣ фиристодааст. Нусайи Афғонистон дар рӯ ба рӯи ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ҷойгир аст.
Тоҷикистон бо Афғонистон тақрибан 1400 километр марз дорад. Аксар минтақаҳои душворгузари ин қитъаи сарҳадӣ ҳанӯз марзбандӣ нашудааст.