Дӯстмуроди Ҳамроқул, сокини 25-солаи шаҳри Истаравшан, ки ба гуфтаи волидонаш бо вуҷуди беморӣ ба артиш бурда шуда буд, баъд аз як гузориши Радиои Озодӣ ба хонаашон баргаштааст.
Вай қариб ду моҳро дар яке аз қисмҳои низомӣ дар ноҳияи Деваштич гузаронд. Мегӯяд, дар ин муддат беморияш авҷ гирифт ва санҷиши пизишкон ҳам вазъи нохуби саломатияшро тасдиқ кардааст.
"Пардаи шушам даридааст," – гуфт Дӯстмуроди Ҳамроқул дар суҳбат бо Радиои Озодӣ. Вай афзуд, “дар артиш бемориям азоб медод. Ба шифохонаи ҳарбӣ бурда буданд, ҳамонҷо гаштам.”
Радиои Озодӣ рӯзи 7-уми июл қазияи Дӯстмуроди Ҳамроқулро дар гузорише бозтоб дод. Он замон падару модараш гуфта буданд, ки ӯ барои муолиҷаи шушу кӯррӯда ба Русия рафта, ҳангоми бозгашт ба артиш бурда шудааст.
“Аз шаҳри Челябински вилояти Свердлов ба Тоҷикистон омада истода будам. Ба ҷарроҳӣ пулам камӣ кард. Акоям ба Тоҷикистон фиристод. Дар сарҳад маро қапиданд,” – нақл кард Дӯстмуроди Ҳамроқул.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Падар: "Писари беморамро ба артиш бурданд." Додситонӣ: "Таҳқиқ мешавад"Дар ҳуҷҷате, ки ба дасти Дӯстмуроди Ҳамроқул аз қисми низомӣ додаанд, навишта шудааст, ки “бинобар вазъи саломатӣ пеш аз мӯҳлат аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рухсат фиристода мешавад”.
Ба иддаои хонаводааш, вай аз соли 2024 дар рӯйхати беморон буд ва ӯро ғайриқонунӣ ба артиш бурдаанд. Кӯшиши мо барои гирифтани назари масъулон дар Комиссариати ҳарбии шаҳри Истаравшан натиҷа надод. Маълум нест, ки оё дар ин қазия касе ҷавобгар шудааст ё не.
Дар ҳар сурат, пайвандони Дӯстмуроди Ҳамроқул азм надоштаанд, ки ба зидди намояндагони Комиссариат шикоят кунанд. Онҳо мегӯянд, тамоми диққату тавони худро ба табобати писарашон равона хоҳанд кард.
Ба сафи артиш фиристодани ҷавонони бемор, ки гоҳе бо марги онҳо низ анҷомидааст, дар Тоҷикистон ҳарфи нав нест.
Ҳомиёни ҳуқуқи сарбозон дар ин кор низомиёнро танқид мекунанд, ки барои иҷрои нақша вазъи саломати ҷавононро ба назар намегиранд. Намояндагони ҳукумат як дафъа ва он ҳам дар соли 2016 аз мақомоти тандурустӣ интиқод карда буданд, ки гуё онҳо дар ҷараёни ҷалби ҷавонон ба артиш ба чанд нафари мариз иҷозаи хидмат додаанд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Баъди гузориши Озодӣ. Ҷавони бемор аз артиш ҷавоб шуд