"Дар вазъияти бад аст." Рӯзгори як ҷабрдидаи садамаи нақлиётӣ дар Тоҷикистон

Акс аз бойгонӣ

Наздикони Салмон Ваҳҳобов, гуштигири 9-солаи тоҷик, ки дар сабқатҳои варзишӣ соҳиби чанд нишону ҷоиза шудааст, аз ояндаи ӯ умеди зиёд доштанд. Вале як садама ё тасодуфи нақлиётӣ орзуҳои ин наврас ва пайвандонашро барбод дод.

Салмон Ваҳҳобов тақрибан як сол боз дар бистарӣ беморӣ аст. Ба гуфтаи наздиконаш, вай ягон ҳаракат надорад ва бо душворӣ нафас мекашад.

Хайриннисо Зиёева, модаркалони Салмон, рӯзи 25-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Дар вазъияти бад аст. Ба Ҳиндустон бурдем. Қариб ду моҳ дар онҷо буд. Ба сараш задааст. Дасту пойи бача кор намекунад. На гап мезанад ва на роҳ мегардад. Ҳамин хел хоб аст бача."

Ҳодиса баҳори соли 2025 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон рух додааст.

"Ронандаро аз рӯйи рақам ёфтанд"

Хайриннисо Зиёева

Пайвандонаш гуфтанд, Салмон Ваҳҳобов мехост аз роҳ гузарад, вале зери чархи мошин монд. Ба хулосаи тафтишот, ронандаи 23-сола, Сазовор Маҳмудов, аз "уҳдаи идораи мошин набаромада, наврасро пахш кард ва ба ҷойи кумак ба ӯ аз ҷойи ҳодиса фирор намуд".

"Бо суръати тез омада, кӯдакро задааст. Одамон ҷамъ шуда, кӯдакро ба беморхона мебаранд. Ронанда мегурезад. Рақами мошини ронанда парида, дар бари кӯдак афтидааст. Аз рӯйи ҳамон рақам ронандаро ёфтанд," -- нақл кард Хайриннисо Зиёева.

Дар пайи ин садама, ба хулосаи пизишкон, косахона ва мағзи сари Салмон Ваҳҳобов осеби ҷиддӣ дидааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Ронанда кӯдакро бо мошин зада, аз ҷои ҳодиса гурехтааст"

Талоши мо барои суҳбат бо ронанда ва наздиконаш натиҷа надод. Додгоҳи ноҳияи Восеъ ронандаро ба 5 сол зиндон “дар колонияҳои ислоҳии сукунатӣ” маҳкум шудааст. Дар давраи адои ҳабси сукунатӣ маҳкумшуда тақрибан дар озодӣ аст, танҳо барои сафар маҳдудият дорад ва ҳар чанд муддат рафта, худро дар мақомоти дахлдор сабт мекунад. Вай ҳамчунин баъди адои давраи ҷазо 4 сол ҳаққи ронандагӣ надорад.

Пайвандони навраси акнун маъюб ҳукмро сабук медонанд ва барои бозбинии он ба чанд ниҳод шикоят кардаанд. Онҳо мегӯянд, аз ронанда барои муолиҷаи кӯдак ёрии кофӣ нагирифтаанд ва касе ҳам дар ин як сол ба доди онҳо нарасид.

Ин дар ҳолест, ки Салмон Ваҳҳобов ба гуфтаи наздикон дар ин муддат чандин ҷарроҳиро дар дохил ва хориҷи кишвар аз сар гузаронд ва хонаводааш зери қарз мондаанд.

Сабаби садамаҳои зиёд чист?

Бино ба омори расмӣ, дар ду соли охир дар тасодуф ё садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои Тоҷикистон мисли Салмон Ваҳҳобов се ҳазор кас маҷруҳ шуда, беш аз 1000 нафар ҷон бохтаанд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотии моҳи феврал як сабабро дар риоя нашудани меъёр ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз сӯйи ронандаҳо донист.

Рамазон Раҳимзода

Ӯ гуфт: "Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабабҳои рух додани садамаҳои нақлиётӣ ин риоя накардани меъёрҳои мавҷуда аз ҷониби ронандагон ва қисман аз ҷониби дигар иштирокчиёни ҳаракати роҳ, махсусан пиёдагардон мебошад. Баҳри пешгирӣ намудани чунин ҳолатҳо ба дарс омадани донишҷӯён бо мошинаҳои шахсӣ мунтазам чорабиниҳои мақсаднок андешида шуданд. 52 далели идора намудани мошин аз ҷониби ноболиғон ба қайд гирифта шуд."

Таҳлилгарон аз сабабҳои дигар, аз ҷумла суръати баланди ҳаракат дар роҳ, нокофӣ будани донишу фарҳанги ронандагӣ ном мебаранд. Коршинос Абдурақиб Қодиров гуфт: "Бисёре аз садамаҳои маргбор ҳангоми гардиш кардан рух медиҳад. Ронандаҳо бо ҳамон суръати ҳаракате, ки дар роҳи рост ҳаракат мекунанд, дар гардиш ҳам суръатро паст накарда мегарданд. Ин ба маърифати касбии ронанда рабт дорад."

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Чаро садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон кам намешаванд?

Дар гузоришҳои пешинаи Радиои Озодӣ дар ин бора баъзе аз ҳамсуҳбатон фасоди молӣ ва гоҳе нахондаву дастрас кардани парвона ё шаҳодтаномаи ронандагиро низ аз сабабҳои садамаи зиёд дар Тоҷикистон ном бурда буданд.

Порлумони Тоҷикистон моҳи феврали имсол ҷаримаро барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ зиёд кард. Як сабаби сахттар шудани ҷазо, ба таъкиди мақомот, пешгирӣ аз садамаҳои зиёд дар роҳҳо аст. Аммо то куҷо ин иқдом метавонад пеши роҳи маргу мир ва маҷрӯҳшавии одамонро дар роҳҳо бигирад, маълум нест.

Хонаводаҳое мисли ин қаҳрамони гузориши мо мегӯянд, аксаран онҳо дар чунин ҳолатҳо бо мушкили худ танҳо ва рӯ ба раҳми Худо мемонанд.