"Гӯшти дами тӯп". Русия чӣ гуна хориҷиҳоро ба ҷанг мефиристад?

Ба Разан Ҳусейни 22-сола аз Бангладеш ваъдаи кор дар сохтмоне дар Русия дода буданд, аммо дар иваз дарду ранҷ ва рӯёрӯӣ бо марг дар майдони ҷанг дар Украина насибаш шуд.

Замоне ки ин ҷавони соҳиби диплом рӯзи 7-уми майи соли 2026 ҳамроҳи 30 ҳамватани дигараш дар Дакка, пойтахти Бангладеш, савори ҳавопаймо шуд, ба ояндаи беҳтаре умед дошт. Падараш бемор буд ва маоши хубе, ки миёнаравҳо дар Русия ваъда дода буданд, ӯро ба тарки ватан тарғиб кард. Ин умедҳо дар чанд рӯз барбод рафтанд.

Разан Ҳусейн ба ҷойи пайвастан ба як дастаи бинокор, худро дар урдугоҳи низомии Русия ва дар хати пеши ҷанг бо Украина дид. Ҷое, ки ба дасташ як туфанг ва миқдори зиёде муҳиммот дода, ба ӯ ва чанд бангладешии дигар дастур доданд, ки тақрибан бе ҳеч омӯзиш пешопеши низомиёни Русия ҳаракат кунанд.

Разан Ҳусейн

Чанде аз шаҳрвандони Бангладеш дар суҳбат бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аввал барои кор ҷалб, вале сипас ба минтақаҳои даргирӣ фиристода шудаанд.

Ҳусейн аз камшумор бангладешиҳое аст, ки тавонистаанд аз ин ҷанг зинда ба хона баргарданд. Пойҳояш ба шиддат осеб дидаанд ва ҳоло барои роҳ рафтан ба асо ниёз дорад. Ӯ ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, "20 ҳамватанам дар пеши чашми ман дар ҳамлаҳои паҳподӣ кушта шуданд."

Нақли ин ҷавони бангладешӣ тасдиқи гузоришҳои охир дар бораи интиқоли шумори зиёде аз сокинони ин кишвар ба хати аввали ҷанги Русия алайҳи Украина аст. Қарор буд ин сафар барои Разан Ҳусейн андаке осоиши молӣ диҳад, вале худаш илова мекунад, ки "ҳама чиз аз даст рафт".

Дар либоси низомии Русия

Ривояти Разан Ҳусейн ҳамчунин тасдиқи иттиҳомҳое аст, ки Созмони Милали Муттаҳид ва гурӯҳҳои зиёди ҳуқуқи башарӣ ба домони Кремл бастаанд. Яъне, кашондани шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия бо ваъдаи кор ва сипас истифода аз онҳо ба унвони "барраи қурбонӣ" ё гӯшти дами тӯп дар ҷанге, ки қасди ширкат дар онро надоштаанд.

Маро ба унвони корманди соҳаи барқ ба кор ҷалб карда буданд. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозимро ҳам доштам, аммо маҷбурам карданд, ки биҷангам.

Ҳисобҳои манобеи иттилоотӣ ва нозирони ҷанг нишон медиҳад, ки Русия барои ҷуброни камбуди нерӯ бо душворӣ рӯбарӯст. Бар асоси баъзе аз ин баровардҳо, шумори кушташудаҳо ва захмиҳои нерӯҳои русӣ аз оғози таҷовузаш ба хоки Украина дар моҳи феврали 2022 аз якуним миллион нафар гузаштааст.

Созмони Милал дар гузорише дар моҳи октябри имсол Русияро ба ҷалби шаҳрвандони дастикам 29 кишвар муттаҳам кард. Иқдоме, ки ба гуфтаи ин созмон, дар баъзе мавридҳо бо фиреб, қочоқи инсон ва дигар мавридҳои поймоли ҳуқуқи башар ҳамроҳ будааст.

"Кумисюни ҳуқуқи башари Созмони Милал далелҳоеро дар даст дорад, ки нишон медиҳад шаҳрвандони 29 кишвар аз гӯшаҳои гуногун ба истифодаи нерӯҳои мусаллаҳи Русия даромадаанд. Қурбониён, ки ҳамагӣ мард буданд, бо фиребу тақаллуб вориди нерӯҳои мусаллаҳи Русия шуданд. Миёнаравҳо бо суистифода аз шароити осебпазири ин афрод ва пешниҳодҳои дурӯғин барои кори ғайринизомӣ, ки пурдаромад, воқеӣ ва муътабар ба назар мерасиданд, онҳоро ба Русия овардаанд," – омадааст дар ин гузориш.

Мақомҳои Русия ҳамвора иттиҳоми ҷалби фиребкорона ё ғайриқонунии хориҷиҳоро рад кардаанд. Онҳо мегӯянд, тамоми хориҷиҳое, ки дар канори нерӯҳои русӣ меҷанганд, довталабона ва бо қарордодҳои расмии низомӣ ба ин нерӯҳо пайвастаанд.

Ваъдаи кор дар сохтмон

Разан Ҳусейн аз Бангладеш мегӯяд, моҷаро аз пешниҳоди як муассисаи корёбӣ ба номи "Ҷабали Нур" барои кор дар Русия оғоз шуд. Вазъи молии хонавода чунон душвор буд, ки ба гуфтаи худаш, дар пазируфтани пешниҳод таъхир ё диранг накард. Аҳли оила барои таъмини харҷи раводид (виза) ва сафари ӯ ба тақрибан ҳашт ҳазор доллар замин фурӯхтанд.

Ба гуфтаи Ҳусейн, муассисаи корёбӣ ба ӯ ва 30 ҷавони дигар ваъда дода буд, ки барои кор дар сохтмон ҳар моҳ 75 ҳазор рубли русӣ, баробари 930 доллар, дарёфт хоҳанд кард. Онҳо 7-уми май ба Маскав расиданд, аммо ба гуфтаи мусоҳиби мо, билофосила ба минтақаи даргирӣ фиристода шуданд.

Ин сокини ҳоло захмии Бангладеш мегӯяд, дар он ҷо 30 ҳамватанашро ба се гурӯҳ тақсим карданд ва ҳар гурӯҳро ҳамроҳ бо як воҳиди русӣ ба самте фиристоданд. "Маро ба унвони корманди соҳаи барқ ба кор ҷалб карда буданд. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозимро ҳам доштам, аммо маҷбурам карданд, ки биҷангам," – нақл кард ӯ.

Инро ҳам бинед:

“Мурданӣ рафтан намехоҳем.” Кумакхоҳии тоҷикони зиндонӣ

Разан Ҳусейн мегӯяд, рӯзи 14-уми июн дар ҳамлаи паҳподӣ захмӣ шуд. Бо вуҷуди ҷароҳатҳои шадид, фармондеҳи воҳидаш аз интиқоли ӯ ба бемористон худдорӣ карда, танҳо кумакҳои аввалияи мухтасарро басанда донистааст: "Вақте хостам, ки дуруст дармон кунанд, аз хӯрок маҳрум ва латукӯб карданд... поёни танаам сӯхта буд ва шунавоиро аз даст дода будам, аммо ҳеч парво намекарданд." Ӯ бо кумаки як пизишк ва сафорати Бангладеш дар Маскав дар охири моҳи август ба кишвараш баргашт.

Хориҷиҳо дар артиши Русия

Мудофеони ҳуқуқи башар мегӯянд, Русия дар кишварҳои дуру наздик пайи "шикор"-и ҷавонҳо мегардад, ки битавонад бо ваъдаи пул ва имтиёзҳои дигар, онҳоро ба тарки ватан моил кунад. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, моҳи майи соли 2023 фармоне имзо кард, ки дарёфти шаҳврандии ин кишварро барои хориҷиҳои довталаби хидмат дар нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар осонтар мекунад.

Созмони Афви Байнулмилал (Amnesty International) мегӯяд, аз соли 2024 то соли 2026 дар ду урдугоҳи асирони ҷангӣ дар Украина бо афроде аз Бразилия, Колумбия, Куба, Миср, Шриланка, Сомалӣ ва Африқои Ҷанубӣ рӯ ба рӯ шудааст, ки ҳамаи онҳо барои ҷангидан дар сафи нерӯҳои Русия ҷалб шуда буданд.

Агнес Калламар, дабири кулли Афви Байналмилал, гуфт, "пажӯҳиши мо нишон медиҳад, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия чӣ гуна бо ҷазби хориҷиёни осебпазир аз назари иқтисодӣ, сафи худро пур мекунанд ва онҳоро дар ҷанги таҷовузкорона алайҳи Украина ба унвони гӯшти дами тӯп ба кор мебаранд. Ваъдаҳои дурӯғини кор аз ҷумлаи абзори онҳо барои ворид кардани хориҷиҳо ба артиш аст."

Ба гуфтаи Калламар, "ба маҳзи он ки қурбониён ҳуҷҷатро имзо мекунанд, он ҳам ба забоне, ки намефаҳманд, фармондеҳони низомӣ рафтуомадашонро маҳдуд карда, бо ҳадди ақали омодагӣ ба хати пеш мефиристанд. Касонеро, ки дар пайи роҳи берун рафтан ҳастанд, таҳдид мекунанд."

Дар Бангладеш, кишваре, ки бахше аз аҳолии 176-миллионии он дар фақр зиндагӣ мекунанд, рафтан ба хориҷ барои кор падидаи маъмулӣ аст. Ҳисобҳо нишон медиҳанд, ки ҳудуди панҷ миллион бангладешӣ дар Ховари Миёна зиндагӣ ва кор мекунанд. Ба ин тартиб, Бангладеш пас аз Ҳинд дувумин кишвари таъминкунандаи нерӯи корӣ дар ин минтақа аст ва Покистон дар ҷойгоҳи севум қарор дорад.

Баъзе аз хонаводаҳо низ фарзандонашонро барои истифода аз таҳсил ба хориҷ мефиристанд. Оилаи Осиф Файҷӣ Найон мегӯяд, писарашонро пас аз дарёфти пешниҳоде барои таҳсил дар бахши тиббӣ ё пизишкӣ дар Маскав ба ин шаҳр фиристоданд. Аммо шарт ин буд, ки аввал чаҳор моҳ дар ҷанг хидмат кунад.

Модараш, Фирдавс Нигор, ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, қарор буд давраи хидмати писараш 15-уми октябр тамом шавад, аммо муддатҳо боз аз ӯ хабаре надоранд. "Ҳамкораш бо ман тамос гирифта, гуфт, ки писарам солим аст. То садояшро нашунавем, нигаронии мо бартараф намешавад," – афзуд ӯ.

Ба гуфтаи ин модар, шахсони дигаре ба ӯ гуфтаанд писараш "бемор аст ва дар шифохона бистарӣ шудааст."

Маълумот ё додаҳои вебсайти Идораи нерӯи инсонӣ, кор ва омӯзиши Бангладеш нишон медиҳад, ки аз моҳи январи соли 2025 то 27-уми октябри 2026 барои 7449 сокини ин кишвар муҷаввизи кор дар Русия содир шудааст. Таҳқиқи муштараки ду созмони ғайридавлатӣ дар моҳи март нишон додааст, ки дастикам 104 бангладешӣ мавриди истифодаи артиши Русия қарор гирифта, ҳадди ақал 34 нафари онҳо кушта шудаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Дигар рафтан намехоҳам." Чаро баъзе аз муҳоҷирон аз Русия бармегарданд?

Муҳаммад Ҷамилхон, рӯзноманигори сокини Дакка, ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, бангладешиҳое, ки ба воситаи ниҳодҳои маҳаллӣ ҷалб мешаванд, маъмулан раводид ё визаи кории шашмоҳаи Русия дарёфт мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, вақте муҳлати раводид тамом мешавад, коргарон ду интихоб доранд: ё барои пайвастан ба артиши Русия қарордод имзо кунанд ё кишварро тарк кунанд.

"Туъма" барои шиносоии ҷой

Мақомҳои Бангладеш мегӯянд, дар ҳоли баррасии ин моҷаро ҳастанд. Онҳо дар айни ҳол тасдиқ кардаанд, ки дастикам 17 марди бангладешӣ, ки аввали моҳи майи имсол ба Русия расида буданд, дар рӯзи нахуст дар ҷанг кушта шуданд.

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммад Асадуззамон, раиси гардон ё баталйони вокуниши вижаи Бангладеш (SRB), дар моҳи октябр артиши Русияро муттаҳам кард, ки аз бангладешиҳо ба унвони туъма барои шиносоии ҷойи душман истифода кардааст.

Бисёре аз шаҳрвандони кушташудаи Бангладеш дар ҷанги Украина аз мақомҳои Русия мехоҳанд барои ёфтан ва бозгардондани пайкари азизонашон кумак кунанд.

Яке аз онҳо, Фирӯза Хотун, ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, писараш Ёсин моҳи сентябри соли 2024 барои кор дар як ширкат ба Русия рафт, аммо баъди се моҳ ба хонавода хабар дод, ки дар роҳ ба хати аввали ҷанг аст. Хотун мегӯяд, бори охир 25-уми марти 2025 бо писараш суҳбат кард. Пас аз он, иртиботашон пурра қатъ шуд. Яке аз ҳамкорони Ёсин хабар додааст, ки ӯ кушта шудааст.

"Пайкараш ҳанӯз дар Русия аст. Хостаи охирини мо ин аст, ки пайкари писарамро дар зодгоҳи худамон дар Бангладеш, бо риояти ойинҳои мазҳабӣ ба хок бисупорем..." – гуфт Хотун.

Разан Ҳусейн, қаҳрамони гузориши мо, ки аз ҷанги Русия дар Украина маҷруҳ баргаштааст, мегӯяд, зиндагияш вайрон шуд. На метавонад бидуни кумак роҳ равад ва на имкони кор кардан дорад. Бо ин ҳама, худро хушиқбол медонад, ки тавониста ба хона ва ба назди пайвандон бозгардад.