"Бори дигар мегӯям, ки соҳибмулк ягон зиён намебинад." Ин шарҳи нахустини Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд, дар бораи "Ҷумъабозор" аст. Калонтарин бозори масолеҳи сохтмонӣ ва яке аз маконҳои серхаридор дар канори дарёи Сир, ки акнун сабаби даъвои ду ширкату соҳибкор гаштааст.
Чаро бозорро ба "Асри мо" доданд?
Моликони ҳозираи "Ҷумъабозор" рӯзи 29-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ иддао карданд, ки мулки онҳо бо роҳи, ба гуфтаашон, "ғасби рейдерӣ" ба дасти касони дигар мегузарад. Мақомот дар Хуҷанд онро ҳамчун дороии ширкати "Асри мо" ҳуҷҷат кардаанд. Ширкате, ки бар асоси чанд санади ёфтшуда дар манбаъҳои боз, ба бунёди баландошёнаҳо дар Душанбе машғул аст, аммо дар борааш иттилои кофӣ дар даст нест.
Ин минтақа дар яке аз маконҳои серхаридор, дар канори дарёи Сир, ҷойгир аст
Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд, 31-уми июл дар нишасти матбуотӣ далели чунин тасмимашро шарҳ дод: "Ба мо як ширкати бонуфуз аз пойтахт муроҷиат кард. Мувофиқи нақшаи генералӣ лоиҳа пешниҳод намуд. Дар қарор навишта шудааст, ки бояд мактаби миёна ва кӯдакистон созад. Дар он ҳудуд марказҳои бузурги савдо сохта мешаванд. Соҳибмулки "Ҷумъабозор" аз тарафи ширкат розӣ гардонда мешавад."
Қарори шаҳрдори Хуҷанд дар бораи ба ихтиёри ширкати "Асри мо" гузаштани "Ҷумъабозор" 21-уми июли имсол содир шудааст. Бар пояи он, "ҳуқуқи истифодаи замин барои соҳибмулки воқеӣ қатъ гардида, он барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ гирифта мешавад".
"Ҷумъабозор"-и Хуҷанд
Шаҳрдори Хуҷанд ба хабарнигорон гуфт, ин масъала аввал аз чанд зина гузашт ва сипас қарор содир гашт: "Агар соҳибмулки "Ҷумъабозор" ба мо муроҷиат ва ягон лоиҳаи беҳтар пешниҳод мекард, шояд мо иҷозат медодем. Ҷой бисёр калон аст, бештар аз 5 гектар. Инҷо шӯрои меъморон, шӯрои шаҳрсозӣ ҳаст, нақшаи генералӣ аст. Дар дасти ман қарор ҳаст. Щуқуқшиносон ва ниҳодҳои дигар хулосаи мусбат додаанд. Баъди он қарор ба имзо расонида шуд."
"Мо ҳам тарҳи монанд доштем"
Соҳиби ҳозираи "Ҷумъабозор", муассиси ширкати "Ваҳдат", Аминҷон Ҷӯраев, мегӯяд, ин бозорро дар соли 2010 аз Иттифоқи "Тоҷикматлубот" харидааст. Дар ҳоле ки дар қарори шаҳрдорӣ гуфта шудааст, ки ширкати "Асри мо" шаш бинои 22-ошёна ва чордаҳ бинои 24-ошёна хоҳад сохт, Аминҷон Ҷӯраев мегӯяд, "лоиҳаи мо ба ҳамин қарор мувофиқ аст."
Аминҷон Ҷӯраев
Ӯ афзуд: "Мо ҳам тарҳи бунёди 22 хонаи 24-ошёна, 6 хонаи 22 ошнёна, боғчаи кӯдакон, мактаб ва роҳи дутарафаро доштем. Айнан дар қарори раиси шаҳр чӣ бошад, мо онро тартиб додаем. Лоиҳаи "Асри мо" ба ҳамин монанд аст. Ман намедонам, онҳо аз куҷо гирифтаанд."
Хабарнигори Радиои Озодӣ ба намояндагии ширкати "Асри мо" дар Хуҷанд муроҷиат кард, вале онҳо аз додани ҳама гуна ҷузъиёт худдорӣ карданд.
Ҳоло Додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд бо даъвои Аминҷон Ҷӯраев ҳама гуна амалиётро вобаста ба "Ҷумъабозор" боздоштааст. Интизор меравад, баррасии ин қазия ба зудӣ дар додгоҳ шуруъ шавад.
Дар гузашта иваз шудани соҳибмулкони баъзе аз бозорҳои сергардиши Тоҷикистон низ боис ба нигарониҳо гардида буд. Панҷ сол пеш муҷтамаи "Панҷшанбе", яке аз куҳантарин бозорҳои Осиёи Марказӣ ва аз рамзҳои шаҳри Хуҷанд, пас аз 21 соли хусусӣ шуданаш бо шеваи мармузе аз даст ба даст гузашт ва шикоятҳои зиёде ба бор овард.
Ҳоло қазияи "Ҷумъабозор" ин суолро ба миён овардааст, ки "Асри мо" аз кист ва аз чӣ пуштибоние баҳравар аст, ки ба назар мерасад бисёр ба осонӣ як минтақаи серхаридори Хуҷандро дар наздикии соҳили дарёи Сир ба даст овардааст.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Раиси Хуҷанд гуфт, "Ҷумъабозор"-ро қонунӣ мегиранд