Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳоҷӣ Карим: “Гуфтанд, барнагард, ки ҳолат бад мешавад”


Ҳоҷӣ Карим - аз тарафи рост
Ҳоҷӣ Карим - аз тарафи рост

Сӯҳбати ихтисосии Абдукелиме Шадике, маъруф ба “Ҳоҷӣ Карим”, соҳибмулки бозори муштараки Тоҷикистону Хитой – “Сомон” дар шаҳри Чкалов, ки аз Тоҷикистон ихроҷ шудааст

Рӯзи 30 июни соли равон раҳбари ширкати “Кучулан” Абдукелиме Шадике, ки дар миёни мардум ҳамчун Ҳоҷӣ Карим маъруф аст, аз Тоҷикистон ихроҷ карда шуд. Ӯ дар соли 2005 дар ҳамдастӣ бо Абдуҷамол Тоҷибоев, муассиси ширкати "Азиз - компания" ва соҳибкори дигари тоҷик Эргаш Даминов дар шаҳри Чкалови вилояти Суғд бозори “Сомон” - ро таъсис доданд.

Аз соли 2010 то 2013 Шадике бо Тоҷибоев бар сари ин бозор баҳси додгоҳӣ дошт. Тоҷири тоҷик даъво дошт, ки ду ҳамкораш гӯё хостаанд аз ин тиҷорати муштарак ӯро берун андозанд. Ин баҳс бо тавофуқи миёни ҷонибҳо ба анҷом расид.

Аммо ахиран маълум шуд, ки Ҳоҷӣ Каримро аз Тоҷикистон ихроҷ кардаанд. Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон гуфт, мавсуф бо ин ниҳод дар масъалаи иҷозаи кор мушкил надорад ва барояш маълум нест, ки ӯро кадом мақомот ихроҷ кардааст. Ҳоҷӣ Карим дар як суҳбати ихтисосӣ ба Радиои Озодӣ ҳодисаи ихроҷ шуданашро шарҳ дод:

А. Шадике: - Нахуст, ман ихроҷ нашудаам. Маро ронданд, яъне ман ҳуқуқи бозгашти дубора ба Тоҷикистонро дорам. Ман дар Хуҷанд қарор доштам. 30 июн Эргаш Даминов маро ба Душанбе барои мулоқот даъват кард. Чун ба Душанбе омадам, маро кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздошт карданд ва мавриди пурсуҷӯ қарор доданд. Пас ба додгоҳи ноҳияи Сино бурданд ва додгоҳ қарор баровард, ки маро аз ҳудуди Тоҷикистон берун кунанд. Сабабашро ҳам фаҳмонданд, ки ту бидуни сабти ном дар Душанбе қарор дорӣ. Ба ман гуфтанд, ки бачу качатро бигиру бирав, дигар барнагард. Аммо бар асоси қонунҳои Тоҷикистон ман ҳуқуқ доштам, ки се шабонарӯз бидуни сабти ном дар Душанбе истиқомат кунам.

Радиои Озодӣ: - Оё дуруст аст, ки то ронда шудани Шумо як гуруҳи номаълум ба бозор омада, бозор ва бинои маъмурияташро тасарруф кардааст?

А. Шадике: - Ман то он замон дар Чин будам. Сарвари муҳофизон ва муовинам Ута Даминов ба ҷои ман кор мекарданд. Вақте баргаштам, 27 июн буд. Дар Хуҷанд будам, ки ба ман аз маъмурияти бозор занг заданд. Ба ман гуфтанд, ки кадом як гуруҳи номаълуме омадаасту мегӯяд, ки ҳама чизу чораатонро бардоред, равед, бозор дигар аз шумо нест. Ман ба бозор рафтам. Маро нагузоштанд, ки ворид шавам. Ба ман гуфтанд, ки як одами калон меояд, пас ту ба бозор медароӣ. Чанд муддат мунтазир нишастам. Ягон ҷанҷол накардам. Одамон ҷамъ омаданд. Ман рафтам.

Радиои Озодӣ: - Чӣ тур мешавад, ки Шуморо ба бозори худатон нагузоштанд ворид шавед? Оё ҳамон одами калонро ном бурданд?

А. Шадике: - Ҳамин тавр, оддӣ нагузоштанд, ки дароям. Даҳани дарвозаро гирифтанд ва нагузоштанд. Гуфтанд, ки як одами калон, ки ин ҷо нест, аз Душанбе меояд, сипас, ту ворид мешавӣ. Ин одами калон касе бо номи Ғанӣ будааст.

Радиои Озодӣ: - Аъзои ҳамон гуруҳеро, ки ба бозор даромадааст, мешиносед?

А. Шадике: - Бале, мешиносам. Юсуф, Парвиз, Зуҳур, боз як нафари дигар аз Масчоҳ аст. Ҳамаи одамони кӯчаанд, мисли “боевикҳо”. Якеро мешинохтам, ки дар бозор кор мекард ва дигарӣ, ронанда буд.

Радиои Озодӣ: - Ӯта Даминов, муовини раиси бозори “Сомон”, яъне Шумо, мегӯяд, ки ӯ ҳақ ба бозор дорад ва бозор аз ӯст?

А. Шадике: - Ман ба Эргаш Даминов 1 миллиону 200 ҳазор доллар дода, саҳмашро харидаам. Бозоррро ман бо маболиғи шахсӣ 10 сол сохтам. Ин моликияти ширкати “Кучлан” аст. Саҳмияҳои бозор сад дар сад ба ман тааллуқ доранд. Аммо аз рӯи одоби мусалмонӣ, 40 дарсади саҳмияҳоро ман ба Эргаш Даминов дода будам. Инро ман харида гирифтам.

Радиои Озодӣ: - Оё дар бораи ин ҳодиса Шумо ба ягон мақомоти Тоҷикистон муроҷиат кардаед?

А. Шадике: - Бале, ман ба додситонӣ ва шӯъбаи корҳои дохилии вилояти Суғд шикоят бурдам. Ба Додситонии кулли Тоҷикистон ҳам муроҷиат кардам. Аммо дар ҳеҷ куҷо вокунише нашуд. Умуман эътибор надоданд. Ба сафорати Чин дар Душанбе ҳам рафтам. Гуфтанд, ки аввал мунтазири посухи Додситонии кул мешаванд ва пас аз он даст ба кор хоҳанд шуд.

Радиои Озодӣ: - Шумо мегӯед, ки метавонед ба Тоҷикистон баргардед, чун ихроҷ нашудаед, аммо чаро ин корро намекунед?

А. Шадике: - Он ҷо метавонанд маро боздошт кунанд, ягон мушкили дигарро ба сарам оранд, ё ба ягон бало гирифтор намоянд. Он ҷо ба ман рӯйрост гуфтанд, ки агар баргардӣ, ҳолат бад мешавад. Инро ба ман рӯйрост гуфтанд.

Радиои Озодӣ: - Шумо медонед, ки як гуруҳи номаълум наметавонад, софу содда ба як бозор дарояд ва онро соҳиб шавад. Шояд Шумо донед, ки пушти ин кор кӣ меистад?

А. Шадике: - Бале, медонам, аммо чизе намегӯям, зеро мушкили ман бештар мешавад.

Радиои Озодӣ: - Дар ҳоли аз дасти Шумо рафтани бозор чӣ қадар пулатон хоҳад сӯхт?

- Агар ҳамон ҳуҷҷатҳоеро, ки дар бозор ҳаст, бардореду бинед, дар бозор 10 миллион сомонӣ ман харҷ кардаам. Агар бозорро ба қимати аслиаш бифрӯшед, 5 миллион доллар арзиш дорад. Аммо агар ягон кас бихарад ман омодаам ба ҳамон 10 миллион сомонӣ ҳам онро фурӯшам.

Радиои Озодӣ: - Ҳоло амалан бозорро кӣ ихтиёрдорӣ мекунад?

А. Шадике: - Ҳамон гуруҳе, ки ғайриқонунӣ онро ғасб кардааст. Аммо ман расман бо фармони ман Абдуҷамол Тоҷибоев директор таъин шудааст, зеро қонунӣ бозор аз ман аст.

Радиои Озодӣ: - Аммо худи Шумо хоҳиши давом додани кор дар Тоҷикистонро доред?

А. Шадике: - Ман он ҷо 10 сол кор кардам. Агар зарур бошад, албатта, меравам ва корамро идома медиҳам. Фақат ин, ки таҳдид накунанд. Агар қонуни дуруст аст, чаро кор накунам? 10 сол кор карда, ман қариб ба 5 ҳазор нафар ҷои кор додам ва онҳо оилаҳои худро таъмин мекунанд. Ҷои бозор як “мусорхона” буд, ки ман обод кардам.

XS
SM
MD
LG